Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 11:47

Амрико ба Туркманистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

31 март 2015, 12:15

Ашхобод барои ҳифозат аз марзи Туркманистон-Афғонистон аз Амрико дархости кӯмаки низомӣ кардааст.

Амрико ҳам дар навбати худ розӣ шуда ба Туркаманистон дар ин замина ёрӣ расонад. Остин Ллойд, раҳбари нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар гузориши солонаи худ дар ин бора ба Конгреси Амрико хабар дода гуфтааст, “ба наздикӣ Туркманистон барои таъмини амнияти марзи худ бо Афғонистон аз мо кӯмаки таҷҳизоти низомиву техникиро хостор шуд. Амрико ҳамаи имконоти худро барои кумак ба Туркманистон ба кор хоҳад бурд”.

Ба иттилои генерали амрикоӣ, дархост барои дарёфти кӯмакҳои низомиву техникӣ баъди хабарҳо дар мавриди ҳузури ҷангиёни Давлати исломии Ироқ ва Шом дар манотиқи марзии Афғонистон ироа шудааст.

Туркманистон ва Афғонистон 209 километр марзи муштарак доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шубон аз гург барои амни рамааш кумак хостааст.
Посух додан
  • Муслим

  • 31 март 2015 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум
Махлие
Ин гург аст ,ки шубонро мачбур кард то аз у кумак талаб кунад.
Айб дар шубон хам хаст ба чои оне,ки бо шубонхои хамсоя маслихат карда рохи халли амнияти рамаро ебанд ба суи гургон барои ери мешитобанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амрико ба толибон ярок дода боз ба Туркманистон ярок медихаду баъд байни онхо як "СЦЕНАРИЯИ ТАрТИБДОДААШ"-ро амали намуда аз пахлу шишта назорат мекунад, ки ярокаш ЧИ КУДРАТ дораду мусулмонон оё АЗ АКЛУ ИМОН истифода мебаранд ё аз ЯРОК ....
ХУДОВАНДО !! ТОЧИКИСТОНРО дар панохи ХУДАТ бе яроки АМРИКОВУ РУССИЯ НИГОХ ДОР !!!!! ОМИН Ё РАББУЛЪОЛАМИН !!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!