Бахшҳо
01 апр 2015 12:46Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бе шухӣ: Алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қимат шуд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти он, ки аз имрӯз, 1-уми апрел, андози аксизӣ аз 3 ба 5 дарсад боло бардошта шудааст, нархи хизматрасониҳои ин ширкатҳо низ ба ҳисоби миёна 2 дарсад боло бурда мешавад.

Ин итилоъро ширкатҳои мобилии пешсафи кишвар, аз қабили Tcell, Beeline, Megafon-Точикистон таъйид карда, афзуданд, ки ин иқдом ба боло рафтани андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ рабт дорад. Аз ширкати “Вавилон мобайл” низ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бо назардошти боло рафтани андози аксизӣ то 11-уми апрел нархи хизматрасониҳои ширкат ба андозаи ду дарсад боло бардошта хоҳад шуд.

Аввали моҳи март Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2014 Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки “дар Тоҷикистон операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра. Яъне пардохтҳои умумӣ бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии хароҷот садди роҳи инкишофи иқлими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардида, иҷрои нишондиҳандаҳои ба нақшагирифтаи соҳаи алоқаи мобилиро дар рушди мамлакат ғайриимкон мегардонад”.
Мӯҳр
Ширкатхои мобили тамоман гузарондаанд! Андозро хамаги аз 3 то 5 % бардоштанд, инхо бошад каламашон тайёру зуд нарха бардоштанд! Хой ширкатхои мобили! Бардоштани андоз кори мукаррарист! Агар андозро хато 100 маротиба мебардоштанд, ба шумо аз гушу, гулуву биниаатон пул мерасад аз мо муштариён ! Хуб баднафсен ширкатхои мобили! Шумо ку аз мо барои хар сония хато пул мегирен, хай хичгапне агар бочи давлатро 3 % кимматтар супоред.

Аксиз андозест, ки бар болои арзиши махсулоти зараррасон зам карда мешавад, то мардум аз он камтар истифода баранду бар саломатиашон камтар зиён расад ва дар баробари ин давлат аз он даромади хуб ба даст орад.
Аслан ворид намудани аксиз ба алока худ як амали гайриконуни буд, вале тибки Конун ширкатхо илочи дигаре надоранд. Зеро онхо бе ин хам пуркунанадаи асосии буча хастанд ва ба кавле чун ягона "гови чушои" боки мондаанд. Ин аст, ки Хукумат хам дар айни замон рохи ягонаи пур намудани бучаро дар андозбандихои гуногуни хамин ширкат мебинад.
Ширкатхо бошанд мачбуранд ин андозхоро ба души мо муштариён бор кунанд. Онхо чун миёнарав аз мо мегиранду ба бучаи давлат месупоранд.

Аскарзода,
Хе бесаводак Аскарзода и 5% аз кисаи ширкатхо не аз кисаи ана хамин мардуми одди гирифта мешавад... Ба ширкатхо бошад зараре намерасад...

458
Аз хисоби фодаашон бисупоранд да бе ин хам нархашон киммат буд суми моро ба берун мебаранд ургони антимонополи чи мегуфта бошад?

Дехконбача
Озодагон мо туро имруз бовар намекунем!!!)))) 1-уми апрел рузи гапи рост нест!

Бадбахтона ин хабар ягона хабари рости Озодагон аст имруз!!!!!!!!!!!!!!!!))))))))))))))))))

Истиклол
Ин ширкатхои мобили аз худ рафтен, то кай аз киссаи мардум пул мекананд. Аз 3 то 5 фоиз зиёд шудааст, хай акнун аз киссаи мо сум меканед. Хамон филиалхоятон, ки дар як кадами куча фаъолият мекунанд, хамунхоро махкам мекардед чудоям нагз мешуд. Харочотхои беъманияшон бехад бисер 1 ичорапули, 2 маоши кормандон, 3 ва дигар харочотхо, ки агар хамаи инро чамъбаст кунем, миллионхо сомони мешавад. Басай аз хисоби мардум сум карданд, нагзтараш ба кисмати кумак намудану дастгири намудан гузаред, савобашро меёбед.

мили
Шикати Вавилон набардошт ку!

5
киссаи мардум хам андоза доштагист?

ШААХСИ ОКИЛ БАЛАНДШАВИИ НАРХИ ХИЗМАТХОРО АЗ ЯГОН ШИРКАТИ МОБИЛИ НАМЕБИНАД! ЧУНКИ СТАВКАИ АКСИЗ 3% БУД БА андозаи 5% ХУКУМАТ БОЛО БУРД АЗ ХАМИН ХИСОБ АРЗИШИ ХИЗМАТХОИ МОБИЛИ ВА ИНТЕРНЕТ КИММАТ МЕШАВААААД!!! боз як зарбаи хукумат ба кисаи халки камбагал.


АБДУЛЛО,
500% кормандани ягон ширкати мобиле хасти!!! Ягон балотон намезанад агар 2% зиёдтар супоред андозро!!! "ШАХСИ ОКИЛ!" Хаминаш кам буд, ки баднафсии худро бар сари мардуму хукумат занед!!! Аз Вавилон ибрат гиред, Валилн офарин!!! ШУморо бошад аз бозори мобилии кишвар берун кардан дракор ва дар чои шумо ширкатхои навро даъвату дастгири кардан лозим аст.

dado
чаро ширкатхо даррав нарха мебардоран??
ин бояд аз тарафи антимонополи тафтиш шавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)