Тағйиру иловаҳо ба қонун ва санаи нави Иди кормандони прокуратура
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ кард, ки бар асоси он таҷлили Иди касбии кормандони мақомоти додситонӣ аз рӯзи 14 декабр ба санаи 14 март гузаронида хоҳад шуд.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси ин маҷлис имрӯз 6 апрел баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷаласа лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” мавриди баррасии аъзои шӯро қарор гирифтаст.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани рӯзи Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба рӯзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда рӯзи Иди касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 14 декабр (14-декабри соли 1924-рӯзи таъсиси прокуратураи давлатии ҶХШСТ) ба 14 март (14-марти соли 1992-рӯзи таъсиси мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”) гузаронида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |