Бахшҳо
13 апр 2015 10:17Тоҷикистон / Сиёсат

ВИДЕО: Ҳушдори Ятимов аз маблағ, ният ва бозии хориҷиҳо дар Тоҷикистон

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз роҳандозии бозии бузурги идеологию геополитикӣ дар кишвари мо ҳушдор дода, таъкид намудааст, ки бархе хадамоти махсуси хориҷӣ барои вайрон намудани оромии ватанамон ба созмонҳои муташаккили ҷиноӣ ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои ҳангуфт ироа мекунанд.

Ӯ ин нуктаро шанбеи гузашта, зимни мулоқот бо донишҷӯёни шаҳри Кӯлоб изҳор дошта, таъкид намудааст, ки ин хадамот махсусан созмонҳои ҷиноиро барои халалдор кардани оромии кишвар равона мекунанд. Ба иттилои “Азия плюс” Ятимов аз ном бурдани кишвару хадамоти мушаххас худдорӣ карда, афзудааст, ки баъзан зери ниқоби созмонҳои ғайриҳукуматӣ усулҳое кор бурда мешаванд, ки ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон нестанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзудааст, ки давлати Тоҷикистон наметавонад, дар танҳоӣ, бе ҳамкории шаҳрвандон, сафоратхонаҳо ва сохторҳои дигар бо чунин зуҳуроти номатлуб муборизаи самаранок барад: “Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки манфиатҳои миллӣ аз ҳама чиз болотар меистанд. Ман сидқан бовар дорам, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳизбу идеология дӯстдор ё патриоти ин миллату давлат аст. Барои ҳамин, якҷоя бояд дар фазои дӯстӣ ин хонаамонро созем, ки ба манфиати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад”.

Саймуъмин Ятимов бори дигар такрор намуд, ки “барои ташкили давлатҳо садҳо ва ҳазорҳо сол зарур аст, аммо барои вайрону аз байн бурдани онҳо, тавре таҷрибаҳои охир нишон медиҳанд, чанд рӯзу моҳ кофист”.

Айни ин суханҳоро Саймуъмин Ятимов тобистони соли гузашта, дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Душанбе изҳор дошта буд, ки “Озодагон” видеои онро ироа мекунад:


Мӯҳр
Дустони гироми! Дар хакикат имруз мо дар вазъияти ба зохир орому осуда ва дар ботин дар зери бозихои пардапушонаи хоричихо карор дорем. инро на танхо як ё ду нафар масъули амнияти дар кишвар дарк намоянд, балки хар як фарде, ки ин замини мукаддасро Ватани худ мешуморад ба хуби эхсос кунад. Манзур аз суханронихои С.Ятимов ин аз як гиребон сар бароварда ин Ватанро орому осуда нигох доштан аст, чихеле, ки мегуянд "агар панч панча як шавад- муште шавад, вагарна хар як ангуш дар алохидаги аз ухдаи коре набарояд".

Аҷоибу ғароиб
Тоҷикам, дар ватани хеш чаро мутаҳамам,
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам!

Наворхоятон ба ягон стандарти чахони чавобгуй нест. Хаминам видео шуду, кучоя хонда шумо журналист шудед вой бар холи гушкунанда.

Администратор Вы случайно не явлетесь негласными сотрудниками сыловых структур где мое вчерашное коментарии кто Вам дал право удалит или исправлят нормальное мнение там не было ругатни

Хучанданда худошон гуфтанд, ки 70 фоизи мухочирон вербовка мешаванду мучохид мешаванд. Толибону ДОИШ таги бинии мо - мо дигар чо чосус кофсодем.

Макомоти амният дар хар давру замон барои хар як давлат ва халку миллат хизмати арзанда кардааст. Бинобар ин хар як тахлили ин макомотро мо бояд чидди кабул кунем ва рох надихем, ки миллатамон ноором бошад. Хар шахси сохибватан бояд барои амнияти миллат сахми худро гузорад. Дар ин холат ягон давлати хоричи наметавонад ба миллати мо халалдор шавад.

Агар амнияти давлат суст бошад давлат ва милат руй ба нести меорад.Дар кумитаи амнияти давлат боят точикони ватан дуст бо акл бо савод сари вазифа бошанд, такдири милат ва давлат дар дасти онхост.

Бояд битарсем бояд, чунки,
Албата вИслом пируз мешавад, ба шумо мефорад ё не!

Мо бояд шукронаи ин тинчию ороми, осудаги ва сулху суботро кунем, чунки амнияти давлат вобаста аз хар як фарди кишварамон аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)