Бахшҳо

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ - Маҳмудҷон Ашӯровро бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаҳояшон бозхонд карда, Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба вазифаи раиси Суди Олӣ пешниҳод кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намудааст, ки Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бозхонд шавад ва таъинаш ба мақоми раиси Суди Олӣ ба тасвиб расад. Манбаъ мегӯяд, Абдулҳафиз Ашурзода, муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе ба вазифаи муовини якуми раиси Додгоҳи олии кишвар пешниҳод шудааст.

Дар маҷмуъ дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки тибқи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон аз Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд: “Номзадии 23 кадри ҷавону корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди олӣ ва 7 нафар ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд”.

Манбаъ аз ҷумла таъкид кард, ки Карим Каримзода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон бозхонд шуд. Абдуллоҷон Абдуллоев бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд шуда, Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон, Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 нафар судяи ҷавон, ки беш аз 5 сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гардиданд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки инчунин ваколати муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мародбегим Ширинҷон ва 4 нафар судяи Суди олии иқтисодӣ бо сабаби ба синни нафақа расиданашон бозхонд карда шуданд.

Тибқи пешниҳоди дигар ваколати 7 нафар судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд ва 6 нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди олӣ пешниҳод гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои пешниҳодшуда дар мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ба Нусратулло Абдуллозода, ки аз вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа рухсат дода шуд, барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш дар мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ арзи сипос карда, кадрҳои ҷавони ба вазифаҳои пешниҳодшударо ба хизмати содиқонаю софдилона ва саҳмгузорӣ дар таъмини адолати судӣ дар ҷомеа даъват кардааст.


ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Бозхонди Абдуллозода ва пешниҳоди Шоҳиён ба вазифаи раиси Суди Олӣ (АКС)
Мӯҳр
олмон
Инхо,ки кадрхои чавон бошанд... моен холо тавалуд нашудаем гуед?????

сино
Агар дастҳо пеши сина накунанд призидент хафа мешавад ё конситутстия вайрон мешавад???? Ки мегуяд...

Шермухаммад Шохиён бехтарин кадр аст. Чаноби Оли бори дигар исбот карданд, ки дар интихоби кадр бисёр нуктасанчона муносибат мекунанд. Шохиён хукукшиноси варзида, судяи тачрибадор, сиёсатмадори муосиру бофарханг буда, сарсупурдаи сиёсати пешгирифтаи рохбарияти давлат ва инсону комил аст. Муборак бошад!

Истиклол
Хакикатан кадрхои чавон дар байни кадрхои пешниходгардида хеле бисер мебошад, офарин Чаноби Оли, мо чавонон бо шумоем, сад сола шавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)