Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:36

“Довамат” набераи президентро аввалин шуда ба марра расонд

29 апрел 2015, 09:19

Набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дар аспдавонии миллии ин кишвар мацоми аввалро касб кардааст.

Ин мусобиқа дар маҷмааи аспдавонии Ишқобод бо иштироки варзишкорони ҷавон, аз ҷумла, Каримгул Бердимуҳаммадов, набераи раҳбари давлати Туркманистон баргузор шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои туркманӣ, дар ин чорабинӣ сиёсатмадорон, тоҷирони хориҷӣ, куҳансолон ва димломатҳо низ ширкат варзидаанд.

Каримгул Бердимуҳаммадов бо аспи “Довамат”-и худ таҳти қарсак ва ташвиқи беандозаи тамошобинон аз миёни 7 савора масофаи 1200 метрро дар як дақиқаву 18,4 сония тай кардааст.

Матбуоти Туркманистон менависад, Қурбонгулӣ Бердумуҳаммадов дар вақтҳои фориғ аз кор бо наберааш ба аспдавонӣ машғул мешавад.


“Довамат” набераи президентро аввалин шуда ба марра расонд

“Довамат” набераи президентро аввалин шуда ба марра расонд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мерган

  • 29 апрел 2015 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кандаша занад наздикону пайвандони мансабдорон дар тезхурию пурхурихам голиб меоянд инро чандин маротиба дар дарио гуфтаанд шумо медонед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакти ишголкарда нодуруст нишон дода шудааст. Созтар руйбардор кунед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!