Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:01

Қатли муҳоҷири тоҷик зимни суҳбати телефонияш бо ҳамсар

8 май 2015, 16:34

Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Маскав аз боздошти ду наврас ва як ҷавони 18-сола аз шаҳри Королеви назди Маскав иттилоъ дод, ки 3 майи соли равон шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба қатл расондаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ин гуруҳ таҳти роҳбарии Алексейи 18-сола, 3 май ба шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле ҳамла намуданд, ки аз кор бармегашт ва тариқи телефон бо ҳамсараш суҳбат мекард: “Ҷабрдида сарулибоси зебо доштааст ва ҷавонон тасмим гирифтаанд, ӯро ғорат кунанд. Аввал ӯро бо калтак зада, баъдан “отвертка”-ро ба гарданаш мехалонанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ӯро ғорат карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ноболиғон иқрор кардаанд, ки бо ҳамин шева як шаҳрванди дигар аз ИДМ-ро дар моҳи марти соли равон куштаанд: “Аз ҷониби муфаттишон далели даст доштани ин ҷавонон дар ду ҳолати куштор ҷамъоварӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ боздоштшудаҳо дар 9 ҳолати куштор дар пойтахту назди Маскав иқрор шудаанд ва феълан муфаттишон дурустии нишондодҳои онҳоро тафтиш доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Асрор

  • 9 май 2015 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нодуруст будани нишондодхои онхоро исбот намуда озодашон мекунанд ва мегуянд ин сиехонро дар чое кушед ки касе набинад вой бар холи миллати бесохиб
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
imruz soati 4 miting ast dar maskav ba ishtiroki javonon
Посух додан
  • н Хисор

  • 12 май 2015 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо занад инора , кай аз инхо халос мешида бошем ...Бахудо касам дар чангам афти зинда ба зинда пустатон мекунам.....Аз мухочирон хоиш мекунам тока нагардан дар кучахои Руссия..вой дод Точики бесхибам

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!