Бахшҳо
15 май 2015 12:25Тоҷикистон / Акс

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15 май ба сохтмонӣ нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон оғоз бахшида, бо сокинони ин ноҳия мулоқоту суҳбат намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар сурати ба кор оғоз намудани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки имрӯз бунёди нақбҳои он шурӯъ гардиданд, “барои корҳои бору мусофиркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат имконияти беҳтарин муҳайё гардида, масофаи роҳ хеле кӯтоҳ хоҳад шуд”.
Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳур гуфт, дар ҳолати оғози рафтуомади қатораҳои байнишаҳрии Душанбе – Ваҳдат – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб робитаи ду минтақаи калони кишвар дар тамоми сол таъмин гардида, равуои сокинони мамлакат хеле осону бемамониат ва нархи роҳкирову интиқоли маҳсулот ба маротиб арзон мешавад: “Мувофиқи лоиҳа арзиши сохтмони хатти роҳи мазкур беш аз 800 миллион сомониро ташкил дода, 40,7 километрро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳ 3755 метр нақб, 8 пул ба дарозии умумии 764 метр ва даҳҳо иншооти дигар бунёд карда мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвон дар масири роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли 2009 оғоз ёфтааст, мувофиқи нақша бояд дар соли 2017 ба анҷом расонида шавад.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дод, ки корҳои сохтмони роҳи оҳанро ҳарчи бештар суръат бахшида, дар муҳлати муқарраршуда онро бо сифати баланд ба истифода диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар аз деҳаи Истиқболи ҷамоати деҳоти Султонободи Рӯдакӣ дидан намудааст. Дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар мегӯяд, аз оғози татбиқи ин лоиҳа, ки ба соли 2009 рост омада буд, то охири моҳи апрели соли равон 303 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст ва дар ин муддат 12 километр роҳ пурра бунёд ёфта, дар масофаи қариб 30 километри дигар корҳои заминӣ барои оғози насби релсҳо ба поён расонда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шимолии нақби аз ҳама дарози ин қитъаи роҳ, ки масофааш қариб 3 километр хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди он оғози расмӣ бахшидааст. Манбаъ меафзояд, раисиҷумҳури кишвар бо роҳбарияти соҳа, бинокорони роҳи оҳан ва намояндагони мардуми деҳоти атроф мулоқот намуда, таъкид доштааст, ки ин роҳи оҳан бояд бо сифати баланди сатҳи ҷаҳонӣ сохта шавад, зеро оянда он бо шабакаҳои минтақавии байналмилалии роҳҳои оҳан пайваст шуда, аз ҷумла робитаи мустақими Тоҷикистонро бо Қирғизистону Чин ва Афғонистону Туркманистон ва Эрону дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъмин хоҳад кард.


Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)

Супориши Э.Раҳмон барои бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (АКС)


Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
Равшан Шурообод
Хазор рахмат барои буньёдкори ва пеш аз хама барои сулху вахдати точикон хамеша сарбаланд бошед хохони тани сихат ва саломатии бардавомро орзумандем, наслхои оянда ва таърихи башарияти Точик чунин шахсиятро ёд намедихад.Бори дигар минатдории хешро хамчун як шахрванди Чумхурии Точикистон баён менамоям.

Хохони сарбаланди ва ифтихори Миллат хастед бигузор хамеша чехраатон хамин хел шод ва суханатон хамчун тег бошад.

Хасудхурон бигузор барои ин пешравихо хасуд бихуранд. Зеро он шахсоне, ки хамеша бахили ва хасуд мехуранд дар чомеъа не балки дар назди зану фарзандаш обрую эътибор надорад. Аз кучо халк онхоро хурмату эхтиром кунанд! вакте гапаш дар наскияш намегузарад боз шарм накарда даъвои давлатдори ва сиёсат мекунанд.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)