Дар асоси муқаррароти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нархи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ боло меравад.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти мазкур гуфтанд, шурӯъ аз 15 октябр аз ҳар як сокини пойтахт бар ивази 2,47 сомонӣ барои истифодаи об 3,50 сомонӣ ситонида мешавад. Ҳамин тариқ корхонаҳои буҷавӣ ба ҳадди 1,4 (ҳоло 0,71 сомонӣ), корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,71 (1,68), ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 2,3 (1,5) сомонӣ пардохт мекунанд. Ба иттилои манбаъ тасмими боло бурдани ҳаққи истифодаи об дар пойтахти кишвар дар асоси пешниҳоди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо назардошти қиммат шудани нархи нерӯи барқ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва поксозии оби нӯшокӣ, сӯзишвории нафтӣ ва баргардонидани қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр