Бахшҳо

Сафинаи 9-сола барои ҷароҳии дил ба кӯмак ниёз дорад

“Ба духтарчаи хаставу дардманди ман шафқат кунед, саховату эҳсони худро барои наҷоти ҳаёташ арзонӣ доред, вале донед, эй фариштаҳои наҷоти духтарам, ки парвардигори ман сахитар аст ва он хайри Шуморо даҳҳо маротиба зиёд ба Шумо бар мегардонад”. Ин оҳанги кӯмакхоҳии Музаффар Табаров, сокини ноҳияи Ёвон аст, ки барои табобати духтарчааш Сафинаи 9-сола аз кулли шаҳрвандони саховатманди кишвар имдод мехоҳад.

Ин сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, духтарчааш гирифтори бемории “нуқсони қалб” буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад. Ба гуфти ӯ, барои дарёфти кӯмак ба дастгоҳи Иҷроияи президенту Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат кард, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.

Музаффар Табаров афзуд, танҳо ба мардуми саховатманди кишвар умед бастааст: “Пештар як эълон дода будам. Имрӯз дар ҳисоби бонкии Сафинаҷон каме ҳам бошад, маблағ ҷамъ шудааст, вале ҳанӯз барои ҷарроҳии қалби нозуки ин хӯрдакак кифоя нест. Зеро ҷарроҳии дили нозуки ӯ, кори саҳлу осон набуда, як амалиёти ниҳоят ҳассос ва ҳалкунанда аст, ки камтарин хато дар ин кор, бахшиш надорад”.

Падари Сафина мегӯяд, 11 сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, аммо бо сабаби камии маош, ки ба хӯрду хӯрок ва табобати духтараш намерасид, корро партофту ҳоло дар сохтмонҳо фаъолият мекунад: “Маблағи да даст меоварда барои рӯзгузаронӣ мерасаду халос. Бинобар ҳамин умедам танҳо ба раҳми парвардигор ва кӯмаки мардум аст”.

БАРОИ ТАМОС: 919-18-14-00 (Музаффар Табаров)


Сафинаи 9-сола барои ҷароҳии дил ба кӯмак ниёз дорад

Сафинаи 9-сола барои ҷароҳии дил ба кӯмак ниёз дорад
Мӯҳр
Овора
Падари Сафина мегӯяд, 11 сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, аммо бо сабаби камии маош, ки ба хӯрду хӯрок ва табобати духтараш намерасид, корро партофту ҳоло дар сохтмонҳо фаъолият мекунад: “Маблағи да даст меоварда барои рӯзгузаронӣ мерасаду халос. Бинобар ҳамин умедам танҳо ба раҳми парвардигор ва кӯмаки мардум аст”.

Ин суханҳо бозгӯи ҳақиқати ҳоланд. Дар давлате, ки коргари қатории сохтмон аз муаллим бештар пул мегирад, аз он давлат чиро интизор шудан мумкин? Вақте ки маоши муаллим барои таъмини хӯрокаи хонаводааш ҳам камӣ мекунад, чигуна дарсомӯзиро аз ӯ метавон интизор дошт? Мардуми бечора аз лоилоҷӣ аз дигарон имдод мехоҳанд, давлат на системаи суғуртааш кор мекунаду на системаи тандурустиаш. Ҳама ҷо авомфиребӣ, хокпошӣ ба чашмҳо, мансабдорон, хусуан дар маҳалҳо, ду даст пеши даст "ягон мушкилӣ нест, Ҷаноби Олӣ, бо шарофати шумо ҳама сад" гӯён дар пеши чашми президент ва ҳукуматнишинон илюзияи рушду тарақиро нишон медиҳанд.

Озодагон, чоп кунед. Шояд ягон нафарашон ходан дар ёдашон бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)