Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:52

Дилшод Назаров аввалин роҳхат ба Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд

26 май 2015, 10:18

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио-де-Женейрои Бразилияро ба даст овард.

Душанбеи 25 май Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик дар мусобиқаи анъанавии силсилаи Шоҳҷоизаи “Оstrava golden spike” дар Чех натиҷаеро ба даст овард, ки дар ҷаҳон дувум аст. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 метр партофт ва ин нишондод ба ӯ ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро медиҳад, ки 22-30 август дар Пекини Чин доир хоҳад шуд.

Нишондоди мазкур ба ӯ ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпии соли 2016-ро ҳам медиҳад. Инчунин, Дилшод Назаров аз 3 то 7 июни имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Бозиҳои олимпии соли 2016 чаҳорумин бозиҳои олимпие мебошад, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад. Ӯ соли 2004 дар бозиҳои олимпии Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ширкат карда буд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ду маротиба (2009, 2013) унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб шудааст. Ҳоло ӯ ба сифати муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кор мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахсан ман аз чунин варзишгарон шод нею гамгин мешавам . Чунки ман ин варзишгарро чан маротибае ки да телевизор баромадашро дидам дар худи Точикистон бо забони модарии худ нею бо забону руси гап мезанад. Аввал варзишгар бояд имунитети ватандустиш бокувват бошад ва баъд варзиш. Аз мардуми бародар, хамзабони Чумхурии Исломии Эрон ëд гирен да кучои дунë бошанд бо забони ширини Форси гап мезананд. Мо баъзе Точикон бошем дар ватани худ забони худро фаромуш мекунем. Миллате ки ба забони худ эхтиром надорад дигар миллатхо аз кучо тарзи омухтани онро хавас мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!