Бахшҳо

Муҳоҷирони қирғиз аз супоридани имтиҳони таърихи Русия озод мешаванд

Муҳоҷирони кории Қирғизистон дар Русия аз супоридани имтиҳони таърихи ин кишвар озод хоҳанд шуд.

Ин нуктаро Федор Чернитсин, котиби Гуруҳи корӣ дар бораи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зимни мизи мудавваре дар шаҳри Бишкек баён доштааст.

Ба гуфтаи Федор Чернитсин, муҳоҷирони кории қирғиз ҳамчун шаҳрванди кишваре, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад, аз ин имтҳон озод ва низ ҳаққи рафтуо ба Русия бидуни шиносномаи хориҷиро доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми муроҷиат ба ниҳодҳои давлатии Русия барои дарёфти иҷозаи истиқомати муваққат, фаъолияти корӣ ё патент, бо ироаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар имтиҳон гирифта мешаванд. Ин қонун аз моҳи сентябри соли 2015 мавриди амал қарор гирифтааст.
Мӯҳр
Ватандӯст
Ҳамватанони азиз,
Руссия барои ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайвастани Қирғизистон на танҳо имтиҳонро барои муҳоҷирони кориаш лағв кунад, балки бояд таҳсил барои шаҳрвандони Қирғизистон дар мактабу донишгоҳҳои Руссияро бепул кунад ва иқтисоди он Қирғизистонро кумакпулӣ диҳад. Бе ин ҳам Руссия аз лиҳози иқтисодӣ ин давлати Осиёи миёнаро тасарруф кардааст. Ҳама объектҳои асосии иқтисодӣ ва стратегии Қирғизистон дасти русҳо гузаштааст. Агар нафаре дар Қирғизистон дар ин бора садо баланд кунад ё душмани халқ мешавад ё хоини миллат, агар сиёсатмадоре дар ин бора лаб кушояд, рӯзи дигар ӯро бо митингу пикет аз сари қудрат дур мекунанд. Ин ҳақиқати ҳол аст, ки ин ҳамсоядавлати мо аз сар мегузаронад.
Барои ҳамин ҳукуматдорони Тоҷикистон набояд ба ин найрангҳои сиёсии Руссия дода шаванд, балки дар паи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилии иқтисодии давлату иҷтимоии мардум бошанд. Ҳоло дар дохили Тоҷикистон садои ватанфурӯшоне, ки воридшавии Тоҷикистон ба ин дуруғиттиҳодро роҳи наҷот талаққӣ медиҳанд, бештар баланд шуда истодааст, хусусан дар доираҳои ба ном илмиву тадқиқотӣ ва сатҳҳои миёнаи ҳокимиятҳои иҷроияву қонунгузор.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам набояд аз шунидани чунин "хабарҳои хуш" барои қирғизҳо рӯҳафтода ё озурдахотир шаванд. Инро набояд чун натиҷаи сиёсати ҳукуматдорони қирғиз қабул кард, баръакс ин натиҷаи сиёсати зираку маккоронаи Кремлин аст. Шояд айни ҳол Қирғизистон дар кутоҳмуддат чизе ба даст орад, вале дар дарозмуддат истиқлолияти миллии он давлат дар хатар аст. Аз қавли худи русҳо "бесплатный сыр бывает только в мышеловке" !
Саломат бошетон!

Махмуд
Ин конун аз мохи сентябри соли 2015 мавриди амал карор гирифтааст. Мухтарам муариф имруз 5-июни соли 2015 мебошад. Хохиш мекунам барои дар гафлат намондани мухочирони мехнати ин навиштачотро дурустар аник намоед,ки ин калима бо дигар калима иваз мешавад ё не. Яъне бо ибораи мавриди амал карор мегирад.

Ватандӯст,
Бале, дӯсти азиз. Ҳамаи суханони шумо комилан дуруст аст. Агар раву о ба Русия бо раводид ва шиносномаи хориҷӣ бошад, пас ИДМ (СНГ) ба кӣ даркор аст? Фарз кардем, донистани забони русӣ барои муҳоҷирин шарт аст, лекин донистани таърихи Русия ба кадом кӯчарӯ ё коргари сохтмон даркор аст? Ку аз русҳои муқими Тоҷикистон аз забони тоҷикӣ ё таърихи Тоҷикистон як имтиҳон гирем, кадоми онҳо мегузаранд? Мақсади Руссияи маккор ва дурӯя як чиз аст; Осиёи миёна набояд аз мадори (орбитаи) рус дур шавад! Онҳо мехоҳанд, ки инҷо ҳамеша забони русӣ бимонад ва русҳо осонакак, бе омӯхтани забон ба ин минтақа раву о ва корҳояшонро бе тарҷумон анҷом диҳанд. Ҳамин аст, ки ягон рус дар кӯчаву бозору мағозаҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф намезанад. Агар донад ҳам гап намезанад. Мақсад - ман ба забони ту туф кардам, то рӯзе, ки ман ҳастам, ту бо ман русӣ гап мезанӣ. Онҳо сиёсати мустамликадории Русияро пеш мебаранд. Мутаассифона, барои муҳоҷирин шуда, ҳукумати Тоҷикистон ба бисёр ҳилаву найрангу фишору масхарабозиву тавҳинҳои рус чашм мепӯшаду онҳоро нодида мегирад. Ҳолоки ба ҳар як фишори рус ҷавоб додан мумкин. Масалан, ягон ҳафтаномаи русиро бастан (ҷони русу руспарастон фавран мебарояд!); аз русҳо барои кор имтиҳони забони тоҷикӣ ҷорӣ кардан(ин як амри табиӣ аст, охир!): дар макотиб соати забони русиро то 1 маротиба дар ҳафта ва бараъкс, англисиро зиёд кардан (ин ҳам тақозои замон аст!); проектҳоро ба ширкатҳои русӣ не, балки ба дигарон додан, заб. русиро аз элону рекламаҳо бардоштан...Фишангҳо зиёданд. Барои ин фақат ирода даркор. Ва аълотар аз ҳама, дар худи Тоҷикистон бояд шароити кор иҷод кард, ки мардони мо дигарбора роҳи Русияро фаромӯш кунанд. Давлатҳои назди баҳри Балтика (Эстония, Латвия, Литва), ки аз Русия дастнигар нестанд, аз ҳеҷ чиз наметарсанд. Мо бошем, ҳамеша дар тарсу ваҳмем, ки Русияи аҷуз бо мо ягон кори баде анҷом медиҳад (ҷанг, шӯриш) ташкил медиҳад. Ба ҳамааш худи мо, тоҷикон гунаҳгорем, зеро тарсу, сустирода ва беғурӯрем. Русҳо инро хуб ба ҳисоб гирифтаанд. Агар онҳо дӯсти содиқ мебуданд, бародарони наздиктаринашон украинҳо аз онҳо намегурехтанд. Миллати украин аз рус безор шуд, ки роҳи дигари рушдро пеш гирифт, аз ҷумла тамоми он собиқ кишварҳои сотсиолистии ҷаҳон. Бо рус фақат мо мондем ва қирғизҳо! Русия ҳатто ҳамин ду давлати ниммустамликаи хешро низ пешипо медиҳад. Инро фақат одами кӯри аблаҳ намебинад, ё намехоҳад бинад. Дар урфият гуфтаанд: "Ё МАРД БОШ, Ё ДАР ХИЗМАТИ МАРД БОШ!" Тоҷикистону Қирғизистон роҳи дуюмро интихоб кардаанд.

Ин қонун аз моҳи сентябри соли 2015 мавриди амал қарор гирифтааст.
Мавриди амал карор мегирад.
Ватандӯст,

хакики
Ватандуст .Бо инкадар азоби мардум дар Россия хуб мешуд ки Точикистон як вилояти Россия шавад хуб мешавад.Кани ки тарафдори ин хаст .

точик
Ватандӯст
Дирӯз, 10:04 Ту агар каме донишу савод ва ақл медоштӣ ҳаргиз чунин ҳазён намегуфтӣ!Тоҷикистон таи 23 сол аст,ки гуиё соҳибистиқлол аст! Ва дар ин муддати 23 сол мо натиҷаи соҳибистиқлолиро дидем.Натиҷааш бебарқӣ дар асри 21 аст!Тамоми он давлатҳои дунё.ки аз ҷиҳати масоҳат майда ҳастанд,хаҳанд нахоҳанд вобастагӣ ба ягон давлати абарқудрат доранд.Россия аз Қирғизистону аз Тоҷикистону дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ қарздор нест,ки мо аз ӯ чизеро талаб кунем.Қирғизҳо бошанд тамоми умри худ аз рус бояд минатдор бошанд зеро ба онҳо давлат ҳадя намуд,ҳазорҳо км заминщои щамсоягонашонро ба щудуди онщо даровард.Ватанфурушон он шахсоне ҳастанд,ки ҳоло дар сари қудратанду хуни миллати худро мемаканд,пора мегиранд,пораи Тоҷикистонро ба Хитой ҳадя намуданд.Қирғизҳо хеле кори пухтакорона карданд ва иқтисодиёти онҳо аллакай аз Тоҷикистон пеш аст.Аллакай либосҳои мардонаву кудаконаи МАДЕ ИН ҚИРҒИЗИСТОН дар бозорҳои Россия бисёр шудааст.Аз мо чӣ?Бар зидди ин ттиҳод танҳо ИМА ва сателитҳои ғ ва он шахсони камшуморе ҳастанд,ки дар ташкилотҳои байналхаолқии ИМА кор мекунанду,барои тинни пучаке тайёранд сиёсати ИМАРО инҷо талқин кунанд.Лекин ба тамоми инсони солимулақл маълум аст,ки Тоҷикистони қашшоқ умуман ба ИМА лозимӣ надорад.Ба Има танҳо давлаҳои нефтдор ва газдор лозим аст ва демократияи чунин давлатҳоро ИМА танқид мекунаду барои барпо намуданаш бо ҳар баҳона ба мисли Ироқ ҳуҷум мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)