Бахшҳо

Боздошти омӯзгори колеҷи тиббӣ бо иттиҳоми гирифтани $2000 пора

Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти омӯзгори яке аз коллеҷҳои тиббии шимоли кишвар бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод.

Муҳсинҷон Юсуфов, корманди дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд ба ozodagon.tj гуфт, ин омӯзгор рӯзи 3 июни соли равон бо роҳи фиреб ба боварии як довталаб даромада, барои дохил намудан ба факултаи дорусозии коллеҷ аз ӯ 2000 доллар гирифтааст: “Омӯзгор аз тарафи кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд дастгир шуда, 20 адад маблағи пулии 100 долларӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд”.

Ҷаноби Юсуфов афзуд, аз рӯйи ин далел тибқи моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Раёсати корҳои дохилии Суғд аз боздошти омӯзгори яке аз макотиби ронандагии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми қаллобӣ иттилоъ дода буд. Ин ниҳод гуфт, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӣ кормандони милиса муайян намудаанд, ки шаҳрванд Ҳ.А.-и 57-сола, бошандаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, омӯзгори яке аз макотиби ронандагии ҳамин ноҳия 3 июни соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қ.Ҷ., соли таваллудаш 1986, сокини маҳаллаи Ғӯлакандоз даромада, бо баҳонаи дар оянда сохта додани шаҳодатномаи ронандагии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ӯ 1000 доллар гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Мӯҳр
киём зайнал
Кори хуб каданд,ки як душмани пешрафти рохи илму маориф,тиббро ки мушкилкушои хамаи мушкилот аст боздошт намудаанд Худи Вазири корхои дохила тачрибаи бой мубориза бар зидди хукуквайронкунихои мансаби - коррупсиони дорад Бояд интизори Агентии мубориза бо коррупсия нашуда дар ин самт кувва, тачриба ва имкониятхои ВКД истифода намояд. Ногуфта намонад, ки тамоми чиноятхои иктисоди , ки характери коррупсиони надорад ошкор ва пешбурди кори чиноятии онхо тибки конунгузор ба салохияти ВКД вогузор карда шудааст. Аз чи бошад, ки дар ошкори ин гуна чиноятхо ВКД пассив буда. масъулияти худро ба зиммаи Агентии мубориза бо коррупсия партофтааст.

Колечи тибби шахри Истаравшанро низ тафтиш мекардан .
Хама бесаводо мехонан, муаллимхо мисли куча ё бозор пораро натарсида мегиранд . Конунро поймол мекунан , баъд одамхо аз дасти ин тавр кадрхои нодон мурда мераванд .директор ва чонишинашон хонахои даб дабанок доранд , бени мегуи ин хонаи ягон вазир бошад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)