Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:19

Имом муаллимро ба масҷиди "Султон Маҳмуд" роҳ надод

8 июн 2015, 13:14

Имоми масҷиди ҷомеи “Султон Маҳмуд”-и ноҳияи Сухи Фарғона ба масҷид рафтани кормандони муассисаҳои давлатиро манъ кардааст. Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз бошандагони деҳаи Газнови ноҳияи Сух менависад, Авазҷон Исмоилов, имоми ин масҷид кормандони давлатӣ, аз ҷумла табибон, муҳандисон ва омӯзгоронро иҷозаи гузоштани намоз дар ибодатгоҳи “Султон Маҳмуд” намедиҳад.

Ба гуфтаи як сокини русто, имом ба гуфтааст, “бигузор омӯзгорон ба дарс додан машғул шаванд, хонандагон дарс хонанд ва табибон ба табобати маризон масруф бошанд”.

Сокини дигари рустои Газнов ба радиои “Озодлик” аз тариқи WhatsApp пайём фиристодааст, ки дар онҷо аз як моҷарои намози ҷумъа гуфта шудааст. “22 май Абдулазиз Абдулвоҳидов, муаллими варзиши мактаби рақами 21 барои адои намоз ба масҷиди “Султон Маҳмуд” меояд. Имом ӯро дида мепурсад: “Ту инҷо чӣ кор мекунӣ? Бароят ба инҷо омадан иҷоз нест, баро аз инҷо”. Ин намозгузор дар ҷавоб мегӯяд, “хуб аст, бори дигар намеоям”.

Баъд аз ин, имом ба ҷамоат ишора карда мегӯяд: “Агар ин одам аз масҷид берун нашавад мо намози ҷумъаро нахоҳем хонд” ва муаллим масҷидро тарк кардааст”.

Хабарнигори “Озодлик” мегӯяд, натавонист бо Абдулазиз Абдулвоҳид дар тамос шавад, аммо имоми масҷид берун кардани ӯро рад накардааст. Ин имоми масҷид гуфтааст, раҳбари мактаб ба ӯ шикоят бурд, ки муаллимон дарсҳои худро монда, ба масҷид мераванд. “Раҳбари мактаб гуфт ки агар шумо онҳоро ба масҷид роҳ диҳед, ман аз шумо ба Хадамоти амнияти миллӣ шикоят мебарам”,-гуфтааст имоми масҷид


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавба тавба чизе ки дар унчахо рух медихад, мабодо ба инчо сироят кунад наъузу биллооооооооох!!!!
Посух додан
  • Муслим

  • 8 июн 2015 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум

Ягоншахс хак надорад дар чомеъаи муслимин аз масчид касеро манъ кунад . Аммо ин,ки ин имом муаллимро берун кардааст ин аз гурухи хамон имомони дунёдустдор ва фасодкор будани худро исбот кардааст, Яъне аз тарси худо дида дар вучудаш тарси хадамоти амният зиёд аст.
Посух додан
  • caид

  • 8 июн 2015 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос озадагон ба точики бигу дар узбакистон хамин кор рух додааст . Дар фалон масчид дар фалон махала гуфта мегардед.
Посух додан
  • Бегараз

  • 8 июн 2015 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи мусулмонхои хамон масчидро садкаи як соат дарси хамон муаллим кунад!
Посух додан
  • Абдулло

  • 8 июн 2015 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллакай сироят кардааст се чор сол пеш агар лавхаеро бо навиштачоти "Тахорат кардан манъ аст чарима 50 сомони"ро медиди низ тавба мегуфти
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллим дарсро, яъне 20-25 нафар наврасонро ба холи худашон партофта, ба масчид раваду, ин наврасон ба ягон ходиса гирифтор шаванд, чавобашро ки медихад, хамон муаллим! Барои хамин ояндаи наврасонро фикр кардан даркор.

Бисёрихо хар хел гап зада истодаанд. Мисол, муаллиме, ки ба фарзанди шумоён дарс медихаду, дар вакти дарс ба масчид меравад ва дар ин хангом фарзанди шумо ба ягон ходисаи нохуш гирифтор мешавад., Шумо аз гунохи он муаллим мегузаред?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ин хабари шумо тухмат аст дуруг аст аз Худо тарсед!!!!
Посух додан
  • Рустам

  • 9 июн 2015 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Худозадахо аз мо хам гузаронданку. Хай муаллим дар вакти холигиаш масчид рафтагист. Ин хел имомро аз масчид зада пеш кардан даркор, чунки у мусалмон нест. Агар супориш аз боло бошад имоми баномус аз вазифа даст мекашид. Пагох муфтии мо низ ёд мегирад ин корро. Бе ин хам пас аз соати 1, рузи чумъа кормандони шуъбаи кадрхо дар бисёр вазорату идорахо дар назди даромадгох истода номнавис мекунанд, ки аз намози чумъа омад. Иншооллох инхо ва фармондихандагони онхо фардо рузи киёмат чазои худро мегиранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!