Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 02:11

Милитсия бояд Политсия шавад ё Шаҳрбонӣ?

12 июн 2015, 15:37

Умед ҶАЙҲОНӢ, пажуҳишгар

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вебгоҳаш Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»-ро мунташир кардааст. Аз ин лоиҳа чунин бар меояд ки «милитсия» дар кишварамон номгардон ва «политсия» номида хоҳад шуд (Ниг.: http://vkd.tj/…/7693-shakli-mukammali-loi-ai-onuni-um-urii-…).


Дар моддаи якум аз Боби якуми ин тарҳи қонун гуфта мешавад:
- политсия - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти касбӣ ва мусаллаҳонаи ҳокимияти давлатӣ (сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад, ки ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.

Мардум ин ниҳодро “милиса” мегӯяд, аммо дар забони коргузориву расмӣ “милитсия” номида мешавад ки рӯбардор аз “милиция” дар забони русӣ аст. Вале ин вожа реша дар забони лотинӣ дорад: истилоҳи “militia” ‘сипоҳ, лашкар’ аз решаи “miles” рӯида ва аслан ба маънии “пиёдасарбоз” буда ва сипас “сипоҳу лашкар” гашта ва саранҷом “нирӯҳои басиҷӣ”, яъне нирӯҳои ниманизомиву номунтазамеро меномидаанд ки аз шаҳрвандон ташкил шуда бошанд.

Ин маънӣ то кунун дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон корбурд дорад. Дар Русия низ “милиса” то соли 1917 ҳамин маъниро дошта, вале пас аз инқилоби февралӣ ва ташкили “милисаи мардумӣ” аз сӯи Ҳукумати муваққати Русия ба ҷои “пулис”, маънии “нирӯҳои интизомӣ”-ро гирифтааст. Сипас Ҳукумати шӯравии Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ин истилоҳро ба маънии “нирӯҳои мардумии нигаҳбони интизому посдори қонун” ба кор бурданд ва он дар дигар кишварҳои сусёлистӣ низ пазируфта шуд. Аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳони сусёлистӣ бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, аз ин истилоҳ рӯй гардонданд ва “пулис”-ро ҷойгузинаш карданд.

Истилоҳи “политсия” ки ВКД ҶТ қасд дорад бар ин ниҳод бигзорад, низ рӯбардор аз русӣ аст. “Полиция” дар забони русӣ вомвожа аз “роliсjа” дар забони лаҳистонӣ аст ки он ҳам баргирифта аз “Роlizеi” дар забони олмонӣ мебошад. Олмониҳо низ ин вожаро аз “роlitīа” дар забони лотинӣ сохтаанд ки он худ вомвожа аз “πολιτεία” дар забони юнонии бостон ба маънии “шаҳрвандӣ, кишвардорӣ” буда ва аз вожаи “πόλις” ба маънии “шаҳр, кишвар” падид омадааст. Ҷолиб ин аст ки акнун юнониҳо худ ин ниҳодро на “милиса” мегӯянду на “пулис”, балки “Αστυνομία” [астиноми́я].

Боре, ниёкони мо вожае доштанд ки метавон бо баҳрабардорӣ аз он, аз баҳри “милиса” ва “пулис” гузашт ва номе аз беху бун тоҷикона бар ин ниҳод гузошт. Он вожа “шаҳрбонӣ” аст ки яке аз куҳантарин вожаҳои кишвардории тоҷикӣ буда ва беш аз 2500 сол пешина дорад. Ин вожа аз “шаҳрбон” рӯида ки дар забони порсии миёна “šahrap”, дар забони паҳлавӣ “xšatrap”, дар забони порсии бостон “xšaça-pāvan” ва дар забони эронии бостон “*xšaθra-pāvan-“ буда (аз “*xšaθra-“ – ‘подшоҳӣ; кишвар’ + “*pāvan” ‘нигаҳбон’ аз решаи “*pā-“ ‘пойидан’) дақиқан ба маънии “нигаҳбони кишвар” аст. “Шаҳр” дар ин вожа ба маънии “кишвар” аст, чунон ки дар “шаҳрванд” ва “ҳамшаҳрӣ” низ ҳаст. [Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ҳамин маънӣ, метавон “кишварбонӣ” низ гуфт ва “Вазорати корҳои дохилӣ”-ро ки дар Эрон “Вазорати кишвар” меноманд, низ метавон “Вазорати кишварбонӣ” номид.]

Ёдовар мешавем ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки расман “забони тоҷикӣ” номида мешавад, аслан забони форсӣ аст ва бино бар додаҳои торихӣ ва забоншинохтӣ, дунболаи забонест, ки аз замони Ҳахоманишиён (порсии бостон), Ашкониён (паҳлавӣ), Сосониён (порсии миёна) ва рӯзгори Сомониён (порсии нав ё порсии дарӣ ё форсӣ) то Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, забони кишвардориву диндориву донишу адабу фарҳангу ҳунар дар Эрону Турон будааст. Агар забон ойинаи фарҳанг аст, пас забонамон бояд фарҳанги 2500-солаи кишвардориямонро низ бозтоб диҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин решаву пешина ва аз дидгоҳи пайванд бо торих ва баҳрабардорӣ аз мероси фарҳангӣ, аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мешавад, ин ниҳодро тоҷикона “шаҳрбонӣ” номгузорӣ кунад. Зеро: нахуст ин ки, бино бар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон “забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Дигар ин ки бино бар банди 5 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5.10.2009) “забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад”. Севум ин ки банди 1 моддаи 18 боби 5 ҳамин Қонун муқаррар мекунад, ки “номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад”.

Бояд ёдовар шуд ки ин ном бо равишу рӯйкарде торихгароёна пешниҳод шуда, аммо рӯйкарди аслӣ пайвастани кишвардории имрӯзаи Тоҷикистон бо ҳукуматҳои пешина аст, зеро пайванди торихӣ омили аслии шаклдиҳанда ва худ шарти посдорӣ аз ҳувияти торихии тамаддуни мо аст.

Аз саҳифаи ЗАБОНИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Али

  • 12 июн 2015 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шаҳрбони ки шавад, деҳаву дигар ҷойҳои зистро ки бони мекнунад??? Полисия беҳтар, вагарна милисия ҳам чандон бад нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Али, дар макола гуфта шудааст, ки шахр ба точики маънии кишварро хам дошту ба ин маъни дар калимаи шахрванд низ истифода шудааст. Ё ба мантики шумо дехотиён шахрвандони Точикистон нестанд? Чавони хуб назари илми пешкаш кардааст, мову шумо, ки олим нестему намедонем, акалан бояд бо гапхои подархаво ба донандагон халал нарасонем. Ба фикри ман гапаш комилан асосу далел дорад. Агар хозир ба пешниходаш ахамият надиханд, баъди солхо наслхои минбаъда барои ин кор мачбур мешаванд дубора пул харч кунанд. Акаллан пулис гуянд, на политсия. -ия анчомаи падежи аст, ки забони форси аз он якуним хазор сол пеш халос шуда буд.
Посух додан
  • Фирдавс

  • 12 июн 2015 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарбони
Посух додан
  • Ali

  • 12 июн 2015 17:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дарбон, сараввал, ҳар як масъале, ки аз он тадқдири мардуму кишвар вобастаги дорад, бояд мавриди баҳси ҳамагон қарор гирад, ва ҳар як «шаҳрванд» чихеле, ки шумо иброз доштед, ҳаққи сухан дорад. Эроди шумо гапи Мирали Маҳмадалиев ном раиси колхози даврон шуравиро ба хотирам овард, ки боре дар Шурои Оли ба вакили арзандаи он вақт шодравон Тоҳири Абдуҷаббор хитоб карда гуфт: «чи иқа гапи зиёд мезанен, охи ҳаму одамои да президум шишгати беҳтар медонанд, ҳар чи бган мо дастмона мебардорем». Афсус, ки бештари мо ҳануз банди чунин slave mentality (тафккури ғуломи) ҳастанд, фикри худро надорем, ва ҳар чиро, ки аз «боло» ё аз олиме шунидем чун ҳақиқати раднопазир қабул мекунем. Умед фикри ҷолиб пешниҳод кардааст, ва бигзор дигарон низ фикр кунанд. Дуюм, тоҷики мову ту бо шарофати ҳокимияти шурави соҳиби давлат шуд (илтимос Сомониёнро як тараф мон) ва аввалин сохтори дифоъ аз тартиботи ҷамъияти милиция ном дошт. Ун навкару, миршабу аскару ғайрау ҳоказои то даврони инқилоб фақат аз хуҷаинони туркии худ дифоъ мекарданд. Аз мафҳуми сохтаи «шаҳрбон» дида милисия бештар асоси таърихи ва мантиқи дорад. Ин алабт фикри шахсии ман. Бигзор дигарон низ изҳори ақида намоянд.
Посух додан
  • Шахртуз

  • 12 июн 2015 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин шахрванд гуфтанд, хеле сохта баромад, Касе намедонад, ки чист. Боз шахрбонро аз кучо мегиред чанобон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Банди 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мукаррар карда ки «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад». Бино бар ин муқаррарот, ҳамон гуна ки Кумитаи забону истилоҳот «ПИЦЦА»-ро «ПИТЗО» гардондааст, «ПОЛИТСИЯ» низ бояд бечуну чаро «ПУЛИС» навиштаву хонда шавад, вагарна мардум онро бедиранг «ПАЛИДУ СИЁҲ» хоҳанд кард.
Агар ҳам касе эрод бигирад, ки «шаҳрбонӣ» на танҳо шаҳрҳоро, балки рустоҳову шаҳристонҳоро низ нигаҳбонӣ мекунад, посух ин аст, ки «пулис» ҳам аз «polis» дар забони лотин ба маънии «шаҳр» рӯидааст. Чаро дар Тоҷикистон рустоиёнро ҳам «шаҳрванд» мехонем? Зеро «шаҳр» дар ин вожа ба маънии «кишвар» аст. Афзун бар далоили ёдшуда, аз онҷое ки дар номгардонии ин ниҳод будҷаи давлат ҳазина мешавад ки аз молиёти миллат фароҳам меояд, беҳтар аст як вожа аз забони ҳамин миллат бар он ниҳод гузошта шавад, на вожаи бегона. Аз ин рӯ «пулис»-ро бояд «шаҳрбонӣ» номид.
Посух додан
  • warduj

  • 12 июн 2015 21:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтараш ба тагироти ниходи таваччухи бештар мутамарказ шавад ва фасоди идори ва бадрафтори нисбати мардум кохиш дода шавад, варна бо шахрбон шудан хам шахру шахрванд суде аз он нахохад дид.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб мешуд ПОЛИС Мешуд Барои он ки мо каму беш дар забони гуфтугуи адаби инро алакай истифода мебарем ва одаткарданхам осонтар аст. Шахрбони нею балки шахрбон бошад инчо пайвандаки -и- алакай маьнои дигарро дорад
Посух додан
  • 99

  • 12 июн 2015 22:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПЕШНИҲОДИ ХУБ!
Вале, ба ҷои "политсия" "ПУЛИС" гӯем, беҳтар аст. Барои он, ки инҳо калимаҳои тоҷикиро қабул намекунанд ва калимаи "пулис" барои хориҷиҳо ҳам шинос аст.
Посух додан
  • Кулябец

  • 12 июн 2015 22:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Калимаи ,, шахрбони" нагзу лекин дар забон он кадар часпон нест . Дар Аморати Бухоро ,, миршаб" мегуфтанд . Калимахои ,, капитан ", ,, майор", ,, сержант " - ро ба чи иваз мекарда бошанд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бегонапарастиииии бегонапарастииииии мегуянду охир ягон унвони точики гузоранд намешавад???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Милитсия мо мисли ниходхои дигар ба ислохоти чидди ниёз дорад, ки худи рахбарияти он ва хукумат хеч намехоханд онро амали гардонанд. Аз номивазкунии руяки хеч хосиле бардошта намешавад хамватанони азиз.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом. Аввалан вожаи милитсия ягон чихати бади надорад .бигузор хамин ном истад. Дуввум ин .ки чи хочати номивазкуни ба харочти 10-20миллион доллар аст дар хамин давраи бухрони чахони.ки точикистони азизи мо пеш хамаи давлатхо ба он дохил шуда охирони охир аз бухрон меброяд. Ба чои ин номивазкуни 10-20 корхонахаки хурду миенаи истехсоли сохтан даркор . Боки саломату сарбаланд бошед.
Посух додан
  • точик

  • 13 июн 2015 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
милитсияи совети мояи фахру гурури мардуми мехнаткаш буд ва дар баробари милиса гуфтан мо посбон е нигахбони мардумро мешиносем ва хурмат мекунем. Политсия ин нигахбони системаи капиталиси, пулдорону хокимони пулдор аст. Фикр мекунам, ки хокимони мо хокимони мардумианд ва зарурат ба вожаи полис нест. Агар баоъакс ё шахрбон ё кишварбон бехтарин вожа хохад буд. Бо арзи эхтиром точики бепул
Посух додан
  • Бародар

  • 13 июн 2015 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биёед шахрбони кабул шавад набошад ин калима аз пул сар мешавад окибаташ ба хайр хеч кас бе пул гап намезанд
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!