Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:14

Муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 15 афтида, зинда монд

15 июн 2015, 08:26

Як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 15-и як бинои навсохт дар ноҳияи Калинини Санкт-Петербург афтида, пояш шикастааст.

Торнамои “Оперативное прикрытие” менависад, ин ҳодиса рӯзи 11 июни соли равон дар хиёбони Кондратев рух додааст. Ба иттилои манбаъ, муҳоҷири тоҷик вақте пораи фанерро мекашондааст, аз ошёнаи 15 ба қабати 14-и бино афтидааст: "Ба ҷои ҳодиса зуд мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кардаанд".

Ин ягона ҳолати сарозер шудани муҳоҷирони тоҷик аз ошёнаҳои баланд дар Русия нест. Моҳи марти соли равон як муҳоҷири 28-сола дар маҳаллаи Муринои ноҳияи Всеволжски вилояти Ленинград аз ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда, зинда монда буд. Тибқи иттилои мақомоти ноҳияи мазкур, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин ба беморхонаи рақами 3-и Всеволжск бо сар, сутунмуҳра ва гарданаки шикастаи рони рост бистарӣ шудааст. Ширкати сохтмоние, ки муҳоҷири тоҷик дар он ба ҳайси коргари қаторӣ барои як моҳ қабул шудааст, ба расонаҳои русӣ иттилоъ дода буд, “ӯ аз ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда, болои тӯдаи партов афтида, зинда мондааст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!