Бахшҳо

“The Diplomat”: Фасод дар Тоҷикистон аз хешутаборбозӣ “об мехӯрад”

Пойгоҳи хабарии маъруфи ҷаҳон -- “The Diplomat” дар пайи нашри хабари боздошти Ҳасан Раҷабов, мушовири ёрдамчии президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, фасод дар Тоҷикистон аз хешутаборпарастӣ маншаъ мегирад.

“The Diplomat” бо таъкиди ин нукта изҳор доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон “хешутаборбозӣ”-ро навъе аз фасод намедонанд ва иқдоми ҷиддие барои мубориза алайҳи ин зуҳурот амалӣ намекунанд. Пойгоҳ таъкид карда, ки масъулини зидди фасод бо хешутаборбозӣ муборизаи ҷиддӣ намебаранд.

“The Diplomat” бо зикри пешсафии Тоҷикистон аз нигоҳи фасодзадагӣ дар раддабандиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ афзудааст, фасоди молӣ тақрибан дар ҳамаи сутуҳи кишвар вуҷуд дорад: “Шурӯъ аз пора додани донишҷӯён барои баҳои хуб, барои озод кардан аз маҳбас, пора додани тоҷирон барои гурез аз қонун ва пора додани қочоқчиён барои мақомот ва ғайра...”.

Ин гузориш дар ҳолест, ки расман дар Тоҷикистон тибқи моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздик ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ аст.

Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси вақти Оҷонсии мубориза бо фасод аз ифтитоҳи даҳҳо парвандаи ҷиноӣ барои хешутаборбозӣ дар мақомоти давлатӣ хабар дода, дар посух ба суол оид ба вазифаҳои Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ин дар доираи қонун аст.
Мӯҳр
Махалгарои низ чой дорад. Навохии рудаки вахдат харду тараф зада (худро гох хатлони гох бо варзобу айни пайваста сугди мегиранд) танхо аз махали худ кадр интихоб мекунанд. Махз хаминхо Чанобро беобру мекунанд.

Кулябец
Охир кариб тамоми вазирон хешу таборанд ва сарконуни Точикистон
моддаи 9 надорад!!!

Дар бисёр чо хешу таборй хай.Як бор колечи техникии Душанберо санчанд.Ин директор хама хешхои назикашро ба вазифа таин кадагй....

Рустам,
бародар, СУГД, ба худ бисер нохияи калон мебошад. банда аввало худаш, худашро бе обру мекунад, як фикр кун.

Модаи 9 Конун .Барои Камбагалохаст.Вазирон Макомотхои Болои Куршидаги Хастан Конунро Намедонан.То Ягон Бало Басаршон Наёяд Намефахман

Тоҷикистон тибқи моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон кати кор мекунаду хама кас кати не ба мисол базе кормандони корупсия.
Соли 2013 барои шахри Хоруг Хоричихо 120.000 долари амрикоиро барои сохтани канали Хоруг шахро чудо карданд ними хамин пулро аз Душанбе сар карда то Хоруг дуздиданд

Али
Точикистон ин давлати хурд буда хама бо хам хешу табор мебошанд. Дигар онхо дар кучо кор кунанд онхо хамаш ду се маълумот доранд. Барои ба вазифахои таъин намудан хукумат хаст. Онхо медонанд киро дар кадом вазифа таъин кунанд. Порагири дар дигар кишвархо дида мешавад. Лекин ба ин зухурот бояд хама шахрвандон мубориза бурд.

Собир
Охир ба бегона бовар карда намешавад

Моддаи 9-и Конуни Точикистон "Дар бораи мубориза бо коррупсия" ба
Раисони нохияхову дастгохи онхо, сардорони раёсатхо ва мудирони
бахшхои нохияхо, Раисони вилоятхову дастгохи онхо, сардорони раёсатхо ва мудирони бахшхои вилоятхо ,Вазирону "навкарони" онхо
ва Президент дахл надорад, боки ДАР АМОНИ ХУДО !!!!!?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)