Бахшҳо
26 июн 2015 14:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Фархор: Боздошти раис бо иттиҳоми гирифтани $15000 пора

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори ноҳияи Фархор хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, охирҳои моҳи майи соли равон, раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ба боварии шаҳрванд “Н” даромада, ба ӯ ваъда додааст, бар ивази 15 ҳазор доллар аз ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур 0,15 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии заминро низ дуруст мекунад.

Манбаъ мегӯяд, кормандони Агентӣ санаи 3 июн дар пайи як амалиёт раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони обро баъди гирифтани 15 ҳазор доллар боздошт кардаанд: “Нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Мӯҳр
тамошобин
Шармандаги, озодагон е озодагони шарманда. Ин хабарро шабакаи аввал як хафта пеш нишон дода буд, холи хам худтона хабаргузори ном мекунен? ( чоп намекуни?)

Сафар
Аз Агентии мубориза бо фасод хохиш мекардем,ки ришвагирони бешарму хаеи хадамоти фармасевтиро пеши рохашонро гиранд,ки кормандони ин идора умуман аз хад гузаронидаанд. Хар руз аз мо дорухонахо ришва мегиранд. Хусусан дар минтакаи Кулоб.

Хамту
Шояд 0,15 га бошад, ки 15 сотихро ташкил медихад. Вагарна 0,15 сотих ин хеле масохати ночиз аст.

Салмон
Барои амалх,ои коррупсиони мах,бусии якумра йо 25 сол бояд х,укм кард !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)