Бахшҳо

Ҷанозаи нахустин мутарҷими Қуръон ба забони тоҷикӣ дар Душанбе

Ҷанозаи Муҳаммадҷон Умаров, пажуҳишгар ва мутарҷими китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ баъд аз адои намози аср дар масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Муҳаммадҷон Умаров, ки аз дарди гурда ранҷ мебурд, субҳи рӯзи 30 июн дар синни 65 аз олам даргузашт. Ӯ 15 январи соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Шӯъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1972 мебошад. Ба ҳайси ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, муҳаррири ҳафтаномаи “Номаи пажуҳишгоҳ”- Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон кор карда, солҳои 1986-1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз забони арабӣ ва таърихи дин дарс гуфтааст.

Муҳаммадҷон Умаров китоби Қуръон ва китоби “Саҳеҳ”-и Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ, ки маъруф ба “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳайати гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ба пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, аз марги мутарҷим ва шарқшиноси барҷастаи тоҷик сахт андуҳгин мебошанду барои бозмондагонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
Мӯҳр
Фируз
Худованд рахмат ва магфират кунад устодро, хизмати бузургеро кардааст дар дин, ки яке аз онхо тарчумаи китоби Сахехи Бухори мебошад, ки ба дарачаи оли тарчума ефтааст.

Freedom
ХУДОВАНД РАХМАТУ МАГФИРАТ КУНАД!

Шамсулло
Худованди таъло устодро рахмату магфират кунад, рухашон шоду охираташон обод бошад!

Номашон ба Худашон мувофик .Худованд рахмат кунад.Ин инсони нек нафакат худашон ба чаннат дохил мешававанд балки бо Худ бисёр инсонхои муминро ба чаннат бо шаходити пайгамбарамон Мухаммад салалохи оли вассаллам ворид мекунанд.Худовандо дидори Шуморо дар чаннат ба мо муминон муяссар бигардон.

Худо рахматаш кунад.

Аҳмад
Худо раҳмат кунад бошад ки ҳамеша чунин фарзандони ходими дину миллатро дар миллатамон зиёд дучор шавем.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

Худованди бузург гунохояшро бубахшад дохили чанат бигардонад устодро омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)