Ҳукумат дар Душанбе Донишгоҳи муосири исломӣ месозад
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки шаҳри Душанбе бинои нави замонавии Донишгоҳи исломиро бунёд кунад.
Дар ин бора ба “Озодагон” Искандаршо Умаров, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки тибқи қарори ҳукумат Донишгоҳи нави исломӣ дар рӯбарӯи калонтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар мавзеи “Истиқлол”-и пойтахт бунёд хоҳад шуд: “Агентии сохтмон ва меъморӣ феълан ба таҳияи нақшаи бинои Донишгоҳи Исломии замонавӣ пардохтааст, ки бо санъати меъмории миллӣ бунёд мешавад”.
Искандаршо Умаров таъйид намуд, ки бинои хобгоҳи феълии Донишкадаи исломӣ дар ҳолати бад қарор дорад ва афзуд, ки дар Донишгоҳи нави исломӣ донишҷӯён бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла хобгоҳи бузург таъмин хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |