Бахшҳо

Пирзода гуфт, Кобулу Теҳрон уҳдадорӣ барои таъсиси телевизиони муштаракро иҷро накардаанд

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, кишвари мо тамоми уҳдадориҳо барои таъсиси телевизиони муштараки форсизабонҳоро анҷом додааст, аммо ҷониби Афғонистон ва Эрон хомӯшанд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти хабарии ин ниҳод дирӯз, 10 июл изҳор дошт, тибқи қарордод ҷиҳати таъсиси телевизиони форсизабонон, Тоҷикистон барои ҷудо кардани бино ва фароҳам овардани шароит барои роҳандозии ин шабака уҳдадор шуда буд ва онро иҷро кард: “Намедонам бо кадом сабаб бошад, ки кишварҳои шарик он уҳдадорие, ки ҳаст иҷро накарданд ва фақат ба ҳамин хотир телевизион имрӯз роҳандозӣ карда нашудааст”.

Тарҳи телевизиони муштараки форсизабонон, ки дар соли 2006 аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақти Эрон матраҳ ва мавриди пазириши раисони ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай қарор гирифт, бо гузашти қариб 9 сол амалӣ нашудааст.

Ҷаноби Пирзода инчунин гуфт, то охири соли ҷорӣ дар кишвар як телевизиони варзишӣ фаъол хоҳад шуд. Ба гуфти раиси Кумитаи телевизион ва радио, ин шабака бо сарпарастии Ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио роҳандозӣ шуда, дар тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа нақши бориз хоҳад дошт.
Мӯҳр
Рафик
Хамин тв форсизабонон лозим нест бовар кунед ним сол баъдаш хама афгониву эрони шуда дахони кач карда гап мезананд, мисли Дариюш ва Адине ва садхо нафари дигар! Забони ноби точикиро нигох доштанамон даркор аст

Ношир
Акаи Махмадсаид ин кадри овардаат дар Вазорати фарханг - Давлат Сафар моро руз намета Бехуда акаи Асадулло Рахмон дар сохаи телевизион уро "ход" надодааст.

Ношир
Озодагон чаро ин кардар тарсуи нуктаи назари маро чоп накардаи

Дар хакикат кадри арзанда ахсан ба Чаноби Оли барои чунин интихоб дар ахсан Восеъи кахрамон!

Kadri arzanda Vosei kahramon! Ozodi ozod boshi chop kun

Аз Замин
Салому дуруду бе андоза ба Кормандони Сайти вокеан шаффоф ва вокебинона! Солхо ва Карнхо сипари мешавад, аммо Инсоният аз кадом лихоз бошад, мутаассифона сухани Хакро наздик кабул надорад. Вокеан агар , фаьолияти Вазорати Фархангро гирем, кес бар солхои кабли хело бахои мусби арзеби кардан мумкин аст. Хам дар тули фаоьолияти Пирзода ба хайси муовини аввали Вазир ва хам айни замон, ки ин вазифа ба души яке аз шахсиятхои бо фарханг ва арзанда Устод И. Машрабов вогузор карда шудааст, захматхо ва пешравихои ин вазорат хело ба чашм намоен мерасад.
Ман худ зодаи минтакаи Вилояти Сугд мебошам ва хаминро мегуям, ки Пирзода дар воке баьди шуруь дар Вазорат ба саммити муовини Вазир , яке аз мутахассисони бо саводу бо маьрифатро бо хамрохи Худ ба вазорат ба хаиси Сардори Кадро ба кор овард, ки вокеан кадри дорои тачриба,
поквичдону худотарс ва умуман ба чунин шахсиятхо ман ифтихор дорам.

Диёр
Ами мардаки Пиров барои вазорат як кори савоб кард, ки аз дастгох як корманди бехтараш хочиро ба вазорат ба кор овард ва ба хамаи кормандони соха аз руи саводу дониш бо як хел назари некбинона ва бовичдонона нигох мекунад

100%
Ба бародар Диер! Сухани хакро гуфтед, ман хайрон аз ин минтака ба мисли ин началник кадрхои Вазорат чунин шахсхои бофарханг ва бисер кадри чидди хам мешудааст ! Бисер строги метобад

Корманди соха
Дар хакикат, дар ин вазорат чунин шахсиятхо ба мисли Давлатзода барин кадрхо зарур аст. Ман хамчун номзади илм хар саволе пайдо шавад, назди онхо рафта, аз онхо бо як чехраи болида ва нурони ба саволхои худ посуххои мушаххас мегирам.

Точик
Ниезе ба унин ТВ нест. Мардуми Афгонистону Эрон чахонбинии асримиенаги доранд! Точик, ки пас аз Шурави каме аз саводу дониш дур шудааст, бо чунин ТВ-ву хамкорихо боз хам чохилтар мешавад! Умуман менталитети мо аз онхо фарки калон дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)