Бахшҳо

(ВИДЕО) Суҳбати ошкорои А. Ғоиб: Аз сохтакориҳою тақсими фоида то хонаю мошинҳои боҳашамати гумрукчиён

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, бархе кормандони гумрук тариқи созиш бо тоҷирон санади борҳоро сохтакорӣ карда, онро арзон вориди кишвар мекунанд ва фоидаро байни худ тақсим мекунанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, имрӯз, 14-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук изҳор дошт, ки ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд: “Дар вақти вуруд дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст”.

Ӯ афзуд, ки чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад: “Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.

Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.

Сардори Хадамоти гумрук дар идома қазияи боздошти сардори як дидбонгоҳи гумрукиро дар соли гузашта зикр кард, ки биноҳои навбунёд 24 хона доштаасту аз худи ӯ қариб ду миллион доллар пули нақд дарёфт шудааст: “Феълан дар ин робита қарори додгоҳ баромад ва ҳамаи ин амвол ба фоидаи давлат мусодира шудаанд”.

А. Ғоиб илова кард, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон худи Хадамоти гумрук нисбати 5 кормандаш мавод ҷамъоварӣ карда, ба Оҷонсии зидди фасод супоридааст: “Алайҳи ин нафарон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид”.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
0101
нафрат бар шумо кормандони гумрук ки ба ришвахури дас т мезанед

Саид
Ин масъалахоро иктисодниосони точик аз чумла Х. Умаров кариб 6-7 сол пештар гуфта буданд, хама аз ин рафторони баъзе хоинхо хабардоранд, ба хар хол хуб шуд ки акаллан имруз ин масъала бардошта шуд. Масалан телевизори экранаш намедонам 60 ё 80-у 100-ро ба андозаи экрани 17, 15 хуччат мекардаанду фоидаро бо точирон таксим. Аввалан маъзарат мехохам ки ба иззати касе сахт нарасад, аммо бору колои баъзе точир агар оташ гираду фасод шаваду намедонам боз чизи дигар шавад давида доду вой мебардораду карздор шудам карзамро бубахшанд гуфта чор мезанад. Пас акнун точирони баландовоз бифахмед, ки хар амалеро мукофотес, худованд хама чизро хисоб мекунад. Дар ин маврид айби асоси аз точирони манфиатчуй ва носерам аст ки онхо ба кормандони гумрук пешниход мекунанд ва кормандони беирода ва мисоли худашон нопокро ба худ мекашанд. Шояд дар ин чо касе холо доду вой гуяд, ки ээ точирон ин сону он сону точирон фариштаву аз осмон омада. Миллион сол дод занед точир кист ба хама маълум аст. Шахсан ман аз масъулони хукумат бисёр хохиш мекардам ки хамин бозори Корвонро бапурраги аз Душанбе дуртар баранд, ба чои он ягон маркази ободтар созанд, ки ягона чои барои ман тахаммулнопазир махз хамин Корвон аст.
Куфр хохи рав ба бозор эй азиз,
Хар чи авло дори гардад хеч чиз.

Xайр Худо куввату гайрататонро Бо адлу инсофатон зиёда гардонад!

Чаноби Гоиб. Аз суханони баланд худдори кунед.
Бехтар мешуд сабукихоро ба сохибкорон пешкаш мекардед ва онхо ба таври автомати аз сохтакорихо даст мекашанд. Охир хар сохибкорро буги карда то тангаи охиринашро гиред, албатта сохтакори мекунад.

гоиб
ин сирри корхои Рустами Эмомалира бровардос кууу???

Аз худаш барои чи пурсон нашудед, ки оила ва хешу таборони у ин кадар молу мулкро аз кадом хисоб сохиб шудаанд?

Бе ном
Акаи Абдуфаттоҳ; Соҳибкорон агар ҳамин хел ба коркунони агента кор накунанд, барои чи ягон соҳа пеш намеравад. Ҳамаи кор фиребу найранг шудааст. Ҳамон корманди гумрук,ки ду миллион доллар пули нақд дарёф аз ҷои кор ва хонааш мусодира карданд. Барои чи ба ҷавобгари кашида нашуд. ё ки як миллонашро боз пора дода ҷонашро халос намуд. Инро дар ягон ВАО гап намезананд , барои он ки шаъну шарафи агенти нарезад.

чалил
конуни гумруки кунед мешавад бар зарари халк каме сабук кунед якхел бародаро точирон ину он меган хай конуни шавад ин дафъа екрани 15ё 17 сантиметра хам бачаат сум намеёбат ягон чиро тамошо кнад боз тиви рекорду чилупи кофта мегардт братан

Титаник
Як чизи дигарашро хам бояд ошкор мекардед, чаноби Гоибов. Бештари бори ба Точикистон воридшаванда тарики фирма ва ширкатхое амали мешаванд, ки як тин хам андоз намедиханд. Хар сари чанд вакт баъди ворид намудани садхо вагони тахтаю стройматериал ширкату фирмахоро сохибонашон махкам намуда, бо номи дигар боз ширкату фирма мекушоянд ва хамин корашонро давом медиханд. Инхо худро наздикони хукуматдорон нишон дода обуруи хукуматро рехтан доранд. Инхоро бояд дастгир намуд.

карим
Сардори гумруки помир гунахгор

НШ
А.ГОИБ имруз шахсони зиеде пайдо шудаанд ки хар чи хоханд менависанд. Аммо кадри мехнатро хар кас намедонад.Шуморо дар чамъият шахсони босавод яке аз корманди бехтарин этироф мекунанд. Худо хохад ин макомотро ШУМО ба дарачае рохбари мекунед ки давлати Точикистон манфиати кори Шуморо бахо хохад дод.Барори кор ва саломати ба ШУМО хонам.

ватандор
Як бор нагзтар санчед, мухтарам раис бо дар инчо дастони аъзоёни ХНИТ ба М.Кабири набошад

Чи худашро ба нодони мезанад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)