Бахшҳо
03 авг 2015 17:36Тоҷикистон / CV / Рӯ ба рӯ

Дастури Убайдуллоев барои ҷилавгирӣ аз талбандагӣ дар роҳҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи кории рӯзи 3 август масъалаи талбандагӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро ба миён гузоштааст.

Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Убайдуллоев дар ин ҷаласа аз талбандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини Раёсати умури дохилии пойтахт хостааст, ҷилави ин равандро бигирад. Ба гуфтаи Саидов, инчунин шаҳрдори Душанбе масъулини Раёсати умури дохилии шаҳрро вазифадор кардааст, то барои аз байн бурдани савдои кӯчагӣ дар ҳудуди пойтахт тамоми тадбирҳои андешидашудаву профилактикиро ба кор барад.

Дар ҷаласаи мазкур вазъи санитарию эпидемиологӣ, ташаккулу риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ низ ба миён гузошта шуда, ба зарурати пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе таъкид шудааст: “Шурӯъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шудааст”.
Мӯҳр
Озодагон Шавкат Саидов СУХАНГУИ шахрдори нест. Ислох кунед.

Озодагон мур ба ин рузат Шавкат раиси Телевизион. дигар намедони чи дуруг нависи. Марг бар ин навиштаву бар ин ахволу кирдорат. Сухангуро намедони ки Шахлои чуртаон

Туйчи
Озодагон айб аст охир бори себм номи Шавкат Саидовро мегиред, як каме шарм доред.

Ман аз хамин сайти Шумо хондам Шаваат Саид директори тв пойтахт таьин шуд о боз чи сухангуи шахр гуфта ном мебарад дар хакикат журналистхои беахамият шумо кайхо бояд вазифаи худро тарк мекардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)