Бахшҳо
04 авг 2015 09:58Тоҷикистон / Тема дня

Ғарқшавии ронанда бо аҳли оилааш дар Варзоб

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 3-юми август дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои ноҳияи Варзоб панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё чаппа шудааст: "Дар натиҷа мусофирони автомашина марди 36-сола ва зани 22-солаи сокинони шаҳри Панҷакент аз дохили дарё баромада, духтарчаи ноболиғи 6-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ва аҳли оилаи ӯ -- зани 38-сола ва писарчаи яксолааш ба дарё ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт карда нашудааст".

ВКД инчунин таъкид мекунад, сеюми август ронандаи 54-солаи боркаши "Долун", сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, аз паҳлу ва ақиб ба мошини “КАМАЗ-5511” бармехӯрад. “КАМАЗ-5511”, ки таҳти идораи ронанда 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат қарор доштааст, ба чуқурии 100-120 метр чаппа шуда, худи мошини “Долун” ба кӯҳпора бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5511”, марди 23-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандагони автомашинаҳо дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.
Мӯҳр
хакоратчи
Муред Озодагон. И читари матннависияй????? Шумо меуед, ки ронандаи 26 сола оилааш 38 сола Ин чи хел мешавад????? Ё ин ки мегуед, ки ронандаи камаз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аммо дар охир мегуед, ки ронандагони автомашинаҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ронандаи дуюмаш аз кадом мошинай, ки бистар шудааст. Баъд як чизи дигар тамгаи Мошин "Долун" нею "Дулан" мебошад. Мурдантон бех шумоя????? Мардума галу хисоб карден

камаз
ин хамаш кори хакимайхакоратчи,

ш Душанбе
борхо такид кардем , ки холатхои Вакулодарро мустакам кунем ...чунки инхел рузхои сахтба кумаки авалла кумита мебошад...аммо афсуски кумита фавкулодаи мо ба кумаки 100% тайр нестан...одитарин техникахои зарурирро надоранд...бовар куненд хамватанони азиз кадрхои зарури надоранд .....

Наход ин хам айби хукумату МЧС бошад, дар чунин бхолатхои вазнин мо бояд аввал ба худ савол дихем, ки чи гунох карда бошем ва баъд аз ин хулоса бароварда минбаъд асосан ронандахо бояд баэхтиётар будан лозим ..

Аввал ин ки тамгаи мошин "апел-караван" буд, дар чои ходиса аз КХФ (Кумитаи холатхои фавкулода) бданд. Банда шохиди бевоситаи вокеа будам ва захматхои кормандони КХФро дидам. Гапи зиёдати назанед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)