Бахшҳо

Шаҳбол Мирзоев ҷуброни зарари модӣ ва маънавиро намегирад

Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари модӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавӣ ба сарбози латту кӯбшуда Шаҳбол Мирзоевро бекор кард.

Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” гуфтанд, Колегияи ҳарбии Суди олӣ имрӯз, 6 август дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар қарори Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанберо бекор кард.

25 майи соли равон Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбеқарор кард, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷик 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ пардохт кунад. Дар қарори хонум Саидова гуфта мешуд, Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буд.

“6 августи соли 2015 Колегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии ҷонибҳо ва эътирози шикоятии намояндагони додситони ҳарбии гарнизони Душанберо баррасӣ намуда, қарори Додгоҳи ҳарбиро бекор намуд”,-мегӯяд, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун ин парвандаро дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе додраси дигар баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, хонаводаи Шаҳбол Мирзоев феълан дар ҳолати бади молӣ қарор дошта, барои табобати ӯ маблағи кофӣ надоранд: “Онҳо ҳоло дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекунанд ва Шаҳболро барои табобат бояд Хуҷанд баранд. Дар гурдаи Шаҳбол санг пайдо шудааст ва барои гирифтани он бояд ҷарроҳӣ шавад”.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.
Мӯҳр
Demokrat
Э хамин як бечора сарбоза инвалид кардеду акнун муоличашда сум надоред магар? Пагох бо ягон душман чанг шаваду сарбозои мо дар чанг чарохат бардоранд дар хамон майдони чанг монда меравед?
Шармандаги!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)