Бахшҳо

“Ҳамла”-и афсарони пойгоҳи 201 ба хабарнигорони тоҷик

Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз ҳамлаи лафзии афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ба Абдуллои Ашӯр ва Амриддин Олимӣ, хабарнигорони ин радио иттилоъ додааст.

Манбаъ мегӯяд, хабарнигорони “Озодӣ”, ки дар мурофиаи ду сарбози руси муттаҳам ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон навор мегирифтаанд, аз ҷониби афсарони пойгоҳи 201 дар пахши ахбори бадномкунанда айбдор шуда, наворашонро мусодира кардаанд: “Сарҳанги пойгоҳи 201-и Русия Перепелится хабарнигорони Радиои Озодиро айбдор кард, ки дар бораи ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ахбори беобрӯкунанда ба нашр мерасонанд ва бо мусодираи наворҳои видео гуфт, ин наворҳо пас аз тафтиш ва ризоияти Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ ба хабарнигорон баргардонида мешаванд”.

Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, ки аз ҷониби Амрико сармоягузорӣ мешавад, афзуд навори мусодирашуда пас аз 1 соат ба хабарнигорон баргардонида шуд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 7 август дар қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ба иттилои тафтишот дар куштори Раҳимҷон Тешабоев, таксирони тоҷик даст доранд баргузор гардидааст. Тафтишот гуфтааст, дар ин ҷиноят асосан Илдар Сахапов гунаҳкор будааст ва худи Илдар Сахапов низ дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Ба иттилои тафтишот Фёдор аз Раҳимҷон Тешабоев, таксирони тоҷик ҳудуди 50 ҳазор рубл қарздор будааст ва ӯ дар маслиҳат бо Илдар бо баҳонаи моҳигирӣ Тешабоевро ба ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, ба қатл мерасонанд.
Мӯҳр
Дар ватани худамон ин кадар бе кадрем боз менолем,ки дар русия мухочирони мо хору зоранд . Аз Точик дида дар дуне милати буздилтар набудааст.

Агар як шахрванди расияро мекуштанд резонанса сахт мегум. Точики , ки хаст хама хапу дам менузарад

точир
Худо рахмат кунад марди хуб буд Рахим

Аз точик буданам шармам меояд[right][/right]

Шаха
Вой дод вой дод вой доооооод

Ҳамаи бародарон дар шарҳи худ ҳақанд. Ин бори аввал нест, ки сарбоз ва афсарони рус дар қаламрави Тоҷикистон ҷинояти вазнин содир мекунанд. Вале то ҳол аз чӣ ҷазо гирифтани онҳо ҷомеаи Тоҷикистон хабаре надорад. Ҳама чиз дар сатҳи боло "ҳаллу фасл" мешавад. Агар чунин ян ҳодиса дар Русия рӯй медод, инъикоси он дар онҷо ғайри тасаввур мебуд. Тамоми ВАО ба ҳарду по мехестанд. Тоҷику Тоҷикистон зери ҳақорату дашном мемонд. Чӣ кунем кӣ Худо моро тоҷики тарсу ва ғуломсифат халқ кардааст - хурду калон, вазиру кабир ҳама назди ҷинояткорӣ ва таҳқирҳои рус хомӯшем. Як халқи шарманда. Саволе ба миён меояд, ки куҷоянд он "қаҳрамонони" сари деги оши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар бародаркушӣ ном бароварда буданд?

Точик
Вакте президенти як давлат бо ичозаи давдати дигар дар сари давлат мемонад миллаташ хамин кадар кадр дорад киргизхо ки президентро худашон интихоб мекунанд ва миллат ки хастанд кадр доранду обру росия хатто аз ин миллати аз лихози чамъият хурд метарсад

Золи Зар.
Аз армянхо ибрат гирен!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)