Бахшҳо
07 авг 2015 18:03Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Вазифаи нав – 10-уми Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари Шӯрои миллии кор бо ҷавонони кишвар интихоб шудааст. Ин шӯро бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 18 июли соли равон таъсис ёфта, аз 43 аъзо, бо шумули раис, муовини раис ва котиби масъул иборат аст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон раис, Марҳабо Ҷабборӣ - муовини сарвазири Тоҷикистон муовини раис ва Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон котиби масъули Шӯрои миллии кор бо ҷавонон интихоб шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, ба ҳайати ин шӯро роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳои Бадахшону Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбею навоҳии тобеи марказ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон шомиланд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамакнун раҳбари Шӯрои тозатаъсиси кор бо ҷавонон интихоб шудааст, мақоми дигари расмию уҳдадориҳои ҷамъиятӣ низ дорад. Ӯ ҳоло президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳукумат, сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳ, раиси Кумитаи миллии олимпӣ, раиси Шӯрои амният, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, роҳбари тоҷикони дунё, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
а
Ба як чавонмард 40 вазифа кам аст. Бояд боз 30 вазифаи дигар гирад.

Аз Парвардигор дуъову масъалат дорем, ки ин подшоҳро тавфиқу инсоф диҳад ва ин раисро ба ҳамнишинҳои неку бо инсоф сазовор гардонад, коре шавад, ки -зидди Исломи ҳақиқӣ фишор наояд ва Аллоҳ замини тоҷикистони азизи моро аз терористону ифротгарону аз эрониҳо аок гардонад

ХУДОВАНД ШОХИ МОРО СОЯХБОН БОШАД.ТИНЧИВУ АМОНИИ ТОЧИКИСТОН АЗ ШУМО ЧАНОБИ ОЛИ ВОБАСТААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)