Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

Нилуфари КАРИМ

Ду истиқоматкунандаи бинои Рӯдакӣ 142-и шаҳри Душанбе, ки қарор аст, ҷои он бинои бисёрошёнае бунёд шавад, мегӯянд, маблағи пешниҳодкардаи ширкати сохтмонӣ ночиз аст ва онҳо хонаҳояшонро тарк карданӣ нестанд. Иддаое, ки масъулини ширкати сохтмонӣ рад мекунанд.

Мария Трюпина, сокини 84-солаи шаҳри Душанбе маблағеро, ки бар ивази утоқи зисташ пешниҳод шудааст, ночиз медонад. Хонум Трюпина, ки дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, таҷрибаи 35 соли кор дар бӯстонсарои Шӯрои вазирони Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, дар тӯли фаъолияти кориаш дар ҳукумати кишвар тамоми воломақомҳо ӯро мешинохтанду эҳтиром мекарданд, аммо имрӯз кормандони ширкати сохтмонӣ дари ӯро мекубанд ва аз манзилаш берун кардан мехоҳанд: “Тамоми ҷумҳурӣ маро мешинохт. Аз таҳти дил кор мекардам, ҳатто Брежнев маро мешинохт. Аммо ҳоло ду корманди ин ширкати сохтмонӣ ҳар рӯз пушти дари хонаи ман омада мегӯянд, берун шавам. Ба ман хонаҳои шароиташ бадро нишон медиҳанд, ки розӣ нестам. Рӯзи дароз дар болои сари ман хонаҳоро чаппа мекунанд. Аз садои баланд хобам намебарад. Ба назди муовини аввали раиси шаҳри Душанбе рафтам. Маро ба утоқаш даъват кард, асли воқеаро фаҳмондам, аммо ба ман гуфт, “дурӯғ мегӯйӣ”. Гуфтам, ки чихел ман 35 сол дар ҳукумат кор кардаму ҳама ба ман бовар мекарданд, имрӯз омада дурӯғ мегӯям? Се хонае, ки онҳо пешниҳод карданд, мувофиқи талабот нест. Он рӯз гирён аз утоқи муовини аввали раиси шаҳр берун баромадам”.

Ин сокини солманди пойтахт мегӯяд, хаста шудааст ва дигар тобу тавони муқобилиятро надорад. Вақте бо ин пиразан суҳбат мекардем, дари хонаашро судиҷрочии ноҳияи Исмоли Сомонӣ куфта, аз соҳибхона хост, дар асоси қарори прокуратура бояд манзилашро тарк намояд. Ӯ аз суҳбат бо мо худдорӣ кард.



Биное, ки қарор аст ҷои он ширкати “Сохтмон инвест-2014” бинои баландошёна бунёд кунад, дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст. Ба ҷуз Мария Трюпина як бошандаи дигари он низ розӣ нест, манзилашро тарк кунад. Бахтиёр Хушвахтов дар суҳбат ба мо гуфт, масъулини ширкати сохмонӣ қарори раиси шаҳри Душанбе дар мавриди бо манзили зист таъмин кардани истиқоматкунандагони бинои Рудакӣ 142-ро ба назар нагирифта, барои онҳоро аз хонаҳояшон пеш кардан ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардаанд: “Ин кор се сол мешавад давом дорад, инҳо омаданд мо маслиҳат кардем, гуфтанд биёед ҳамдигарфаҳмӣ кунем. Директори генералии “Сохтмон инвест 2014” ба мо аз хонаҳои сохти шӯравӣ манзил пешниҳод кард. Мо ҳам барои беҳбудӣ ва ободии шаҳрамон розигӣ додем. Рафта дар якҷо хона ёфтем, арзон буд, омада гуфтем, ки равед ҳамон хонаро ба мо гирифта диҳед, аммо инҳо розӣ нашуданд”.

Ҷаноби Хушвахтов меафзояд, бо гузашти шаш моҳ кормандони ширкат дубора омаданду гуфтанд, рафта манзили нав пайдо кунед: “Рафта боз хона пайдо кардем, аммо нагирифтанд. Се маротиба ҳамин хел карданд, дигар мо гуфтем аз хонаҳои навбунёд мегирем, аммо инҳо гуфтанд ки гарон аст ва розӣ нашуданд. Маҷбур шудем вакил гирифтем ба таври хаттӣ ба онҳо гуфтем, ба мо 85 ҳазор доллар бидиҳанд ё мувофиқи ҳамин маблағ хона харида диҳанд. Онҳо талаботи моро иҷро накарда, ба прокуратураи ноҳияи Сомонӣ муроҷиат карданд. Прокуратура қарор кард, ки иҷборан аз манзилҳоямон бароварда шавем”.

Бахтиёр Хушвахтов мегӯяд, дигар дар манзили ӯ имкони зиндагӣ кардан нест: “Боми хонаамонро кандаанд, то ними шаб кор мекунанд. Дигар ҳамсояҳои мо маблағи иҷораро гирифта, хонаҳояшонро холӣ карданд. Баъд аз ду сол омада аз ҳамин сохмон хона мегиранд. Мо ба ин розӣ нашудем ба хотире, ки инҳо аз аввал моро дурӯғ карданд. Бояд аввал моро низ аз онҷо мебароварданду баъд чапа мекарданд”.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ширкати сохмонии “Сохтмон инвест 2014” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, аз 64 хонаводаи минтақаи мазкур танҳо ду оила ба шароити пешниҳодкардаи онҳо розӣ нашудаанд. Фирдавс Ҳотамов, мудири дафтари Ширкати “Сохтмон Инвест 2014” мегӯяд, биное, ки қарор аст ҷои он манзили бисёрқабата бунёд шавад, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, дар он зиндагӣ кардан қатъиян манъ аст: “Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бояд ҷои он бинои нав бунёд шавад. Мо ба тамоми истиқоматкунандаҳо шароит муҳайё кардем. Баъзеашон гуфтанд, ба мо маблағ диҳед, барои як метри мураббаъ 1100 доллар пардохт кардем. Баъзеи дигар маблағи иҷора гирифтанду баъди анҷоми сохтмон аз ҳамин бино манзили нав мегиранд”.

Оқои Ҳотамов дар мавриди шикояти ду бошандаи ин бино гуфт, ба онҳо низ чунин пешниҳодҳо буданд: “Ба Мария Назаровна ҳатто дар рӯ ба рӯйи “Чойхонаи роҳат” хона гирифтем, розӣ нашуд. Ҳоло бошад, ба ӯ як хонаи дигарро, ки дар наздикии бинои худашон аст, гирифта таъмир кардем. Ҳоло мехоҳем ӯро онҷо барем, ки ба инаш ҳам розӣ нест”.

Мудири дафтари ширкати “Сохтмон Инвест 2014” Дар мавриди шикояти бахтиёр Хушвахтов гуфт, “хонааш 46 квадрат аст, мехоҳад аз бинои нав ба ӯ 87 метри мураббаъ манзил бидиҳем. Хонаи худашон 45 ҳазор доллар аст, ки мехоҳад бар ивазаш манзили 85 ҳазор доллара бигирад”.

Ӯ афзуд, ҳоло дигар мехоҳанд аз рӯйи қонун амал кунанд: “Тибқи қарори суд имрӯз онҳо бояд хонаҳоро холӣ кунанд, дар сурати баръакс маҷбурӣ аз манзилҳояшон берун карда мешаванд”.


АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”

АКСУ ВИДЕО: Баҳси манзили ду сокини Душанбе бо “Сохтмон инвест-2014”
Мӯҳр
шахрванд
Точик дар Москва кади як саг кадр надорад ин руса бину нозаша...бисёр талабнакун ба кам зоршави

Коно
Хуб пули нагз пешниход кардаанд. Хозир дигар хеч кас ин хел нарх пешниход намекунад. Ин одамхо пир шудаги, старческий мразм капидаги.

Шахрвандон тибки Кодекси манзил хак мебошанд. Конунгузори микдори метри мурабаъро бапрои хар як аъзои оила мукаррар кардааст. Хангоми чудо намудани манзил ё чуброни маблаг бояд талаботи мукарраршуда ба инобат гирифта шавад. Акси хол, карори суд чихати мачбуран холи кардани манзилхо, ки МОЛИКИЯТИ ХУСУСИ мебошанд, беасос ва гайриконуни мегардад

конунтарс
мутобики кодекси граждани ва нормахои хукуки байналмиллаи дар ин холат чи гуна бояд рафтор кардёМагар розигии харду тараф лозим нест. Сохтмончиен ширкатхои хусусиеанд, ки бо максади фоида гирифтан сохтмон менамоянд ва онро бо нархи гарон мефурушанд. Дар ин чо янгон манфиати давлати бархурд намешавадё

Чамшед8808
Точики мо дар Москав хаминхел рафтор кунад аз дасташ гирифта пеш мекунанд ва мегуянд ки рав дар ватани худат катагию ноз карда гард. Пули нагзаш додаанд дигар чи мехохад?

Ин бино бинои садамави аст, карори садамави будани ин бино соли 2013 баромадааст, ки зист намудани одамхо дар ин бино хатарнок мебошад, агар ки садамави намешуд барои чаппа кардан фавран карор намедоданд. Агар, ки рафтори ин ширкат бо одамон хуб набуд чаро 60 одам бо муомилаи хуб баромада калидхояшонро супориданд? Дар ин бино агар ягон кор ё ягон рафтори гайри конуни мебуд, мардуми ин бино даъво мекарданд. Ин ду нафар факат манфият барои худ мехоханд. Мо ба онхо 10 квм зиёдати ва 350 доллари ИМА хар як мох пардохт барои ичоранишини то ба охир расидани бинои нав медихем, каноат накарданд! Яке аз он 85000 мехохад дуюмаш барои як метри мурабба 2000 доллар мехохад. Додани пул ба ин ду нафар хеч мушкили надорад, аммо аз 60 нафари конеъкардашуда чи кам ё зиёданд, ки сухани инхоро аз дигарон боло монем??!! Дар ин бино кормандони хукумат, прокуратура, дигару дигар макомотхои давлати, яъне одамони босавод ва бо фарханг буданд, онхо нагуфтанд зиёд, чаро ба ин одамон зиёд бошад?!!!! Вобаста бо он ки харакатхои ширкат дар ин кисмат хаматарафа чавобгуи Конуни ч Точикистон буд, новобаста аз мурочиати ин ду нафар ба макомотхои давлати нисбати ширкат ягон окибати юридикиро наовард, ширкати ИНВЕСТ СОХТМОН 2014 аз доираи конун набаромадааст, ва макомотхои давлати амалхои моро химоя карданд..
Аз ин хотир бо таъсир ва бузурги Конуни давлати мо онхо 10 ва 11 августи соли 2015 ба шароитхои пешниходкардаи мо конат карда хонахояшонро холи карда ба мо супориданд.

Венера
Дар хукумат кор карда будаст. Хайр чй? Кайфу сафо када гаштагист. Имруз чунон одамоне боз точикон бехонаву дар гаштиян, ки хайрон мемонй. Шукр гуфта як кулба хам тиян гиру мон-дия.

чавоб ба шахрванд: ин русхо ва дигар миллатхо точикистони моро обод кардагианд агар инхо намешуданд халки мо аз маданияти худ ва фарханги худ бехабар монда дар сахрову огилхонахояшон умр ба сар мебурданд чи хеле ки баъди пошхурии шурави аз адаб бехабар мондаанд ва хама чо коррупция шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)