Бахшҳо
15 авг 2015 13:07Тоҷикистон / Тема дня

Дарси сулҳи Э.Раҳмон дар Кӯлоб ва радди боздидаш аз хонаи пешини "Ғаффор Седой"

Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои нухустин бор дарси сулҳро имсол 1-уми сентябр берун аз Душанбе-дар саҳни Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб хоҳад гузаронд.

Шарофат Худойдодова, муовини ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз, 15 август ба “Озодагон” гуфт, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70 солагии Донишгоҳи Кӯлоб бинои нави маъмурию таълимии онро ба истифода диҳад: “Дарси сулҳ бо иштирок президент дар саҳни ин бино, ки бо дастури ӯ давоми як сол сохта шуд, баргузор мегардад”.

Худойдодова инчунин таъйид кард, ки собиқ манзили истиқоматии генерали маҳкумшуда Ғафор Мирзоев дар Кӯлоб, феълан мавриди бозсозӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки ба осоишгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб табдил дода шавад.

Ӯ иштироки раисиҷумҳурро дар маросими ифтитоҳи ин осоишгоҳ рад карда, афзуд, таъмири бино нотамом аст.

Бунёди осоишгоҳ дар хонаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ва Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар ҳолест, ки собиқ соҳибхона 11 сол боз дар боздошт аст. Ғаффор Мирзоев ё худ “Ғаффор Седой” моҳи августи соли 2004 боздошт ва августи соли 2006 бо айбҳои сангин, аз ҷумла терроризму қасди табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Мӯҳр
Чаман
Манманиву даъвои шохй кардан окибаташ хамин. Ба Ёкубу Гафор седой чй намерасид? Ба рекету шофир кй салтанат додаст?. О дар сояи давлати Чаеоб рохат карда гардед мемуред-мй? Акун дар кунчи зиндон дарди дандону давлен шуда мемуред чанобон!

Опера
Чихели дарси сулх?????? Дарси тахкими кудрат дар дасти худу хешу акрабо гуед ба хакикат наздиктар аст!!!!

натанхо Гаффор Седой балки дигаронам вакту соат доранд !!! хамаи чи вакту соат дорад !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)