Бахшҳо
18 авг 2015 16:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати ду пиёдагард дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар ду рӯзи ахир хабар додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 17 август ронандаи автомашинаи “ГАЗ-53”, марди 47-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Қӯрғонтеппа”-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 7-сола, аз деҳаи Коммунизмро пахш намудааст: “Дар натиҷа писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ меафзояд, як рӯз қабл аз ин, 16 август, “ронандаи автомашинаи “ВАЗ-2106”, марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент, аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Айнӣ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 49-солаи сокини деҳаи Сучинаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст”.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
АЗ КОРМАНДОНИ БДА ХОХИШ КАРДА МЕШАВАД ДАР ГУЗАРГОХОИ ШАХР КАМЕРАИ ШАХРИ БЕХАТАР ЗАДА ШАВАД.БОЯД МОШИН ИСТАД ОДАМ ГУЗАРАД ХОЗИР ОДАМ МЕИСТАД МОШИН МЕГУЗАРАД.ИЛТИМОС ХАМИН МАСЬАЛАРО БИНЕД.ИЛТИМОС АЗ ШУМО.ДАР ХАМАИ ХАМИН ФАЛОКАТУ САДАМАВУ ЧИ МАРГУ МУРДАЕ МЕШАВАД БА ХАМААШ НАЧАЛЬНИКИ ГАИ РЕСПУБЛИКА ГУНАХКОР ВА ДАР ХАКИ ХАМАИ ИНХО ЗОМИН ВА ЧАВОБГАР АСТ ДАР НАЗДИ ПАРВАРДИГОР.БАРОИ КИ ЭКЗАМЕН НАГИРИФТА ХУЧАТХОИ РОНАНДАГИРО МЕФУРУШАНД.ОЗОДИ МАН СУХАНИ ХАКРО ГУФТАМ АЗ БАРОИ ХУДО ЧОП КУН.НАКАРДИ ТУ ХАМ ГУНАХКОР ХАСТИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)