Бахшҳо

Барканории "Ҳоҷӣ Ҳалим" барои "содир кардани ҷиноят" (ВИДЕО)

Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо як қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз симати муовини вазири мудофиа озод шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии раисиҷумҳур қарори ҳукумат имрӯз, 4 сентябр содир шуда ва далели барканории Абдуҳалим Назарзода “бинобар сабаби содир намудани ҷиноят” гуфта мешавад.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар кадом ҷиноят муттаҳам мешавад, аммо ба иттилои манобеи "Озодагон" ҳамлаи рӯзи чоруми сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат кори ӯ гуфта мешавад.

Абдуҳалим Назарзода замони ҷанги шаҳрвандӣ аз чеҳраҳои неруҳои мухолиф буд ва баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 командири баталёни мавсум ба 25 шуд. Моҳи январи соли 2014 муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин гардид.

Хабари барканории “Ҳоҷӣ Ҳалим” дар ҳоле мерасад, ки бино ба иттилои расман тасдиқнашуда дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дасти кам даҳ нафар, бо шумули 8 корманди пулис кушта шудаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри як хабари кутоҳ ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдатро кори дасти Зиёвиддин Абдуллоев гуфт. Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис, “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.

Зиёвиддин Абдуллоев узви Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки то чанд вақти пеш дар Шӯъбаи умури дохилии Роҳатии шаҳри Ваҳдат кор мекардааст. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, ӯ дар пайи хусумати шахсӣ ҳамроҳ бо чанд нафар дигар ба Шӯъбаи пулис ҳамла кардааст.

Дар тирпаронии гардиши фурудгоҳ низ як аъзои ИНОТ муттаҳам мешавад. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манбааш навиштааст, ин тирпаронӣ, ки ҷони ду корманди ОМОН ва як нозири БДА-ро гирифт, кори дасти Ҷунайдулло, як корманди Вазорати мудофиа мебошад.

ШАРҲИ ҲОЛИ НАЗАРЗОДА АЗ ТОРНАМОИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо якуми январи соли 1964 дар колхози Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар таввалуд ёфтааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 63-и шаҳри Душанберо соли 1981 хатм намуда, то соли 1983 дар корхонаи нассоҷӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1983 то моҳи майи соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат карда, солҳои 1985-1986 дар Раёсати таъмирию сохтмонии "Курортстрой" адои вазифа намудааст. Аз соли 1986 то 1992 дар вазифаи сардори анбори "Межоблагропром" кор кардааст.

7 сентябри соли 1997 ба вазифаи командири қисми низомии 31001 ва сипас дар вазифаҳои гуногуни сохтори Вазорати мудофиа софдилонаю садоқатмандона адои хизмат намудааст Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Россияро (2003-2005) хатм намудааст. Солҳои 2005-2007 вазифаи муовини аввали Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2006-2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 2007 то 18 январи соли 2014 вазифаи сардори Раёсати хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

ВИДЕОи суханронии Абдуҳалим Назарзода дар маросими тантанавӣ, дар қисми низомии 17651-и Вазорати мудофиа бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ (23 феврали соли 2015)


Мӯҳр
Рустам
Хамон чинояташро хам гуфтан даркор, ки гапу овози бисёр нашавад...

Нозим
садкаи унвони генерали ва чунин вазифа шави, хиёнаткор ватан, миллат, дин ва ягон чизи мукаддас надорад.Сад хайфи боварие ки ба ту кардаанд.

Озодандеш
Озодагон, аз Кабирӣ напурсидед, кани чӣ мегӯяд?

мухаммад
хамаи ин гуфтахо дуруги махз аст хочи халим аз хизби нахзати ислом нест инхо танхо номи исломро бад карданианд аз одамони саид абдуллои нури касе намондаст хамаро куштанд

Суруш
Ба унвонхои Назарзода Халим (хам "хочи" ва хам "генерал") нигох карда кас бовариаш намеояд, ки чунин шахс ба як кори разилона даст занад. Вале маълум мешавад, ки агар шахс хоин ва бадкирдор бошад у унвонхоро нигох накарда даст ба чиноят мезанад

Cониябону
Шукрона кунед барои чунин зиндагии осоишта, то ношукри назанад. Аксар гушахои оламро ноороми фаро гирифтааст. Нашавад, ки тири дайдуи нохалафе чигари фарзандатро шикофад. Охир тир аз кучо донад, ки он фарзанди туст ё фарзанди ман?!

афзал
нони ватан, бовариву рутбахои додаи Президент кур кунад чунин бехудоёни курнамакро. Хазорон илтимос, ба хотири тинчии минбаъдаи ватани ободу шукуфонамон хамашона парронед. Илтимос. хиёнаткор аз махбас баромада боз ин корашро мекунад. нест кардан даркор, ки боз баъди 10 сол такрор накунанд. Намаки ватан кур кунад хамин хел хочихои хачаш кабулнашударо.

Ватандуст
дар тахти шохи боши бе хоки Ватан хечи.барои чи то оне ки хойни ватан набуд ягонбор тафтиш карда нашуд ман фикр мекнум ки хар замон аз ун авлод неш мебарояд ва химоятгарони Ватан шахрвандони Ватандуст хушёр бошанд. Худованд нест кунад хойинони Ватанро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)