Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 14:19

(ВИДЕО) Д.Розенблум: Амрико аз маҳдудсозии плюрализми сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон аст

7 сентябр 2015, 13:05

Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, ки ахиран бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд, дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” – Сайф Сафар аз эътилофи зидди гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ, даъват аз Тоҷикистон барои пайвастан ба ин эътилоф ва вазъи сиёсии минтақа гуфт.


АСЛИ ДИИШ ИСЛОМИ ВОҚЕӢ НЕСТ

Озодагон: Ҷаноби Розенблум, Шумо тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон будед ва бо мақомот дидор доштед. Лутфан, бигӯед, дар ин дидорҳо чӣ масоиле дар миён гузошта шуд?

Даниэл Розенблум: Ман қаблан ҳам ба манзури шинос шудан бо воқеаҳои Тоҷикистон ва гуфтугӯ бо ҳукумат дар мавриди муносибати дуҷонибаи мо ба ин кишвар омада будам. Ҳадафи мо пайдо кардани роҳҳо барои вусъат додани равобит дар бахшҳое назири амният, иқтисод ва кумаки башардӯстона мебошад. Давоми чанд рӯзе, ки инҷо ҳастам ҳамаи ин масъалаҳоро дар миён гузоштам. Ман на танҳо бо ҳукумат, балки бо одамоне аз бахшҳои хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди оддӣ ҳам дидор доштам.

Озодагон: Расонаҳо сафари Шуморо ба Осиёи Миёна даъват кардани сарони ин кишварҳо барои пайвастан ба эътилоф алайҳи ДИИШ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ гуфтаанд. Ин даъват дар дидор бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам сурат гирифт?

Даниэл Розенблум: Иҷоза диҳед, чанд чизро дар мавриди сафарам ба Узбакистон, ки ба расонаҳо рафт, ислоҳ кунам. Онҷо нишасти хабарӣ доир кардам ва аз ман суол шуд, оё Амрико Узбакистонро барои пайвастан ба эътилофи зидди ДИИШ даъват кардааст? Ва чизе, ки ман дар ҷавоб гуфтам дар расонаҳо каме аз контекст берун шудааст. Онҷо гуфтам, Амрико ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро бо шумули Узбакисон ва Тоҷикистон барои пайвастан ба эътилофи мазкур даъват кардааст. Мақсади сафари ман ба инҷо ва Узбакистон даъват кардани ин кишварҳо барои пайвастан ба эътилофи зидди ДИИШ набуд, ҳарчанд мо гуфтугуҳое дар мавриди ҳамкорӣ барои мубориза алайҳи терроризм ва бисёр масъалаҳои дигар доштем.

Озодагон: Шумо гуфтед, Тоҷикистонро ҳам барои пайвастан ба эътилофи зидди ДИИШ даъват кардед. Ҷавоби онҳо чӣ буд?

(ВИДЕО) Д.Розенблум: Амрико аз маҳдудсозии плюрализми сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон астДаниэл Розенблум: Ҳар кишвареро, ки мо ба ин эътилоф даъват мекунем, худаш тасмим мегирад, ки чӣ саҳме дар он гузошта метавонад. Бештар аз 60 давлат барои пайвастан ба эътилоф ризоият додаанд. Аммо, кишварҳое ҳам ҳастанд, ки ҳарчанд пайвастани худро эълом накардаанд, аммо аз роҳҳои гуногун саҳми худро мегузоранд. Бояд бигӯям, вақте ки Тоҷикистон ва ҳар давлати дигарро барои пайвастан ба эътилоф даъват мекунем, 5 роҳи саҳм гузоштанро мушаххас мекунем. Аввал, ҳамкории низомӣ аст, ки албатта, набарди воқеие барои нобуд кардани ДИИШ мебошад. Дуввум, кумак дар заминаи эҷоди монеа барои рафтани одамон ба Сурия ва Ироқ аст. Саввум, ҷилвгирӣ аз маблағгузории ифротгароён, ки барои рафтани онҳо мусоидат мекунад. Чорум, расидагӣ ба пайомадҳо, яъне кумак кардан ба паноҳҷӯён ва қурбониёни ДИИШ мебошад. Панҷум, ифшо кардани моҳияти аслии ин созмон аст, ки кишварҳо метавонанд кумак кунанд. Аз тариқи суҳбат ва фаҳмонидан, ки асли ДИИШ -- Исломи воқеӣ нест.

Озодагон: Мо ба ин панҷ нуқта бар мегардем, вале ҳоло иҷоза диҳед, дар мавриди Узбакистон як суоли дигар матраҳ намоям. Ислом Каримов 31 август гуфт, Тошканд ба ҳеч блоки ҳарбӣ намепайвандад ва иҷоза ҳам намедиҳад, пойгоҳи низомии хориҷие дар кишвараш мустаққар шавад. Фикр намекунед, дар эътилоф набудани Узбакистон мубориза алайҳи ДИИШ-ро дар Осиёи Миёна халадор мекунад?

Даниэл Розенблум: Ман суханҳои Каримовро тафсир намекунам. Вале ишораҳои ӯ дар мавриди напайвастан ба ҳар гуна блоки низомӣ ва иҷоза надодан барои пойгоҳи низомии хориҷӣ қаблан ҳам чанд бор такрор шудаанд. Ман ин суханонро ҳамчун посух барои мубориза алайҳи ДИИШ маънидод намекунам. Чи тавре ки қайд кардам, роҳҳои гуногун барои мубориза бо ДИИШ вуҷуд дорад. Барои пайвастан ба эътилоф танҳо Узбакистон ва Тоҷикистон даъват нашудаанд, ин даъват аз ҳудуди 190 кишвари дунё сурат гирифтааст.

Озодагон: Баргардем сари он 5 нуқтае, ки ишора кардед. Кадоме аз онҳо, фикр мекунед, барои мубориза бо ДИИШ дар Тоҷикистон корагар аст?

Даниэл Розенблум: Фикр мекунам ин чизе аст, ки мардум ва ҳукумати Тоҷикистон бояд қазоват кунанд. Ман дар он мавқеъ нестам, ки ин қазоватро дошта бошам. Аммо боз ҳам ҳар кишвар ниёз ба тасмимгирӣ дорад, ки оё метавонад дар ин замина саҳм бигзорад? Ин як талоши ҷаҳонӣ аст ва бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ анҷом шавад, чаро ки таҳдид ҷаҳонӣ аст.

ҲНИТ ҚИСМАТЕ АЗ ҲАЁТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН АСТ


Озодагон: Ҳафтаи гузашта Вазорати адлияи Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хост фаолияти ба гуфтаи он ғайриқонунияшро қатъ кунад ва даҳ рӯз фурсат дод, то дар мавриди тасмимаш гузориш бидиҳад. Коршиносон таъкид мекунанд, қатъ шудани фаолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон барои зиёд шудани ифротгароӣ мусоидат мекунад. Назари Шумо чӣ аст?

Даниэл Розенблум: Амрико шадидан бар ин бовар аст, ки касратгароӣ (плюрализм)-и сиёсӣ, доштани ҳизбҳои бисёр ва фароҳам кардани интихоб миёни онҳо бахши муҳими як ҷомеаи солим ва пойдор аст. Мо дар гуфтугуҳои худ бо ҳукумати Тоҷикисон рӯи ин нукта таъкид кардем, ки ба ин боварӣ дорем. Аз ҳар иқдоме, ки баёни сиёсии сулҳомезро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маҳдуд мекунад, изҳори таассуф мекунем. Мо нигаронии худро аз чанд иқдоми ахир, ки ҳамчун маҳдудсозии касратгарои сиёсӣ ба назар мерасиданд, изҳор кардем.

Озодагон: Шумо чӣ шинохте аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон доред?

Даниэл Розенблум: Ман медонам, ки онҳо дар гузашта дар парлумон намоянда доштанд. Ин ҳизбе аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад ва дар ҳаллу фасли ин ҷанг яке аз тарафҳо буд. Бо гузашти замон иштироки онҳоро дар порлумон шоҳид будем. Ин ҳизб қисмате аз ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст.

Озодагон: Сюзан Корк, як мақом аз “Хонаи озодӣ” гуфтааст, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бояд дар баробари тасмими ҳукумат дар мавриди хостори қатъи фаолияти ҲНИТ садо баланд кунанд. Фикр мекунад, ки Амрико ин корро мекунад?

Даниэл Розенблум: Ман қаблан гуфтам, мо нигаронии худро дар мавриди маҳдудияти плюрализми сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон изҳор кардем. Мо ин корро идома медиҳем ва фикр мекунам, далел барои идома додани инро дорем.



Озодагон: Суоли дигар дар мавриди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон. Амрико тайи чанд сол аст, ки барои нерӯманд шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Аз нигоҳи Шумо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар чӣ вазъият қарор дорад?

Даниэл Розенблум: Дар баробари дидор бо ҳукумат ман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам вохурӣ доштам. Бар бунёди он гуфтугуҳо ба ду чиз ишора мекунам. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле фаъол ва зинда асту нақши муҳимро бозӣ мекунад. Монанди Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақшҳои гуногун дар заминаҳои ироа кардани хадамоти тандурустӣ, маориф ва дифоъ аз ҳуқуқи одамони осебпазирро иҷро мекунад. Дуввум ин ки ҷомеаи шаҳрвандӣ феълан дар Тоҷикистон дар вазъияти мушкил қарор дорад ва чолишҳое ба миён омадаанд. Дар мавриди созмонҳое, ки аз хориҷ маблағ мегиранд, муқаррароти нав вуҷуд доранд. Хабари хуби ин муқаррароти нав ин аст, ки онҳо дар машварат ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод шуданд. Ба хотири ин талош натиҷаи нисбатан хуб ба бор омад. Аз тарафи дигар мо аз қазияҳое огаҳ ҳастем, ки тафтишоти созмонҳои ғайридавлатӣ бештар шудааст. Тафтишоти маъмулӣ аз ҷониби масалан, маъмурини андоз ё дигар мақомот чизе аст, ки ҳар як ташкилот онро интизор аст. Аммо зиёд шудани ин тафтишот саволеро ба миён меорад, ки то кадом андоза дар тафтишоти ин созмонҳо аз шаффофият кор гирифта мешавад. Мо то як андоза нигарон ҳастем ва талош мекунем ин бахше аз гуфтугуҳоямон бо ҳукумати Тоҷикистон бошад.

Озодагон: Тоҷикистон узви чанд созмони минтақавӣ ба монанди СПАД, ИДМ ва СҲШ аст. Шумо ба ҳайси ёвари муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Миёна ҳатман узвияти Тоҷикистонро дар ин созмонҳо пайгирӣ мекунед. Суол ин аст, натиҷаи узвияти Тоҷикистонро дар ин созмонҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Даниэл Розенблум: Ман масъалаи узвияти Тоҷикистонро дар ин созмонҳо ба ҳукумати ин кишвар мегузорам. Бигзор онҳо худашон судманд будани узвияти Тоҷикистонро ташреҳ бидиҳанд. Мо шадидан аз истиқлол ва ҳаққи ҳокимияти Тоҷикистон пуштибонӣ мекунем. Барои мо истиқлол маънии онро дорад, ки шумо худ барои худатон тасмим бигиред. Шумо метавонед ҳар блок ва созмонеро барои пайвастан ба он интихоб кунед. Ин қисмате аз як кишваре мустақил аст. Мо медонем, Тоҷикистон ба робитаи хубу солим бо тамоми ҳамсояҳои худ ниёз дорад ва аз ин пуштибонӣ мекунем. Назари мо ин аст, ки равобити Тоҷикистон бо Чин, Русия, Эрон ва ҳар кишвари дигар набояд бар ивази муносибаташ бо Амрико бошад.

Озодагон: Чанд суол дар мавриди Афғонистон ва Эрон дорам. Дар Афғонистон ҷуғрофиёи ҷанг тағйир кард. Ҷанг аз ҷануб ба шимол рафт ва ин қисмати Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад. Фикр намекунед, ки тағйир хатари гузаштани ҷанг ба Тоҷикистонро бештар кунад ва оё ин ба он маънӣ нест, ки Амрико дар мубориза бо Толибон муваффақ нашуд?

Даниэл Розенблум: Мавқеи феълии Амрико ин аст, ки талошҳои худи Афғонистонро дар заминаи мубориза алайҳи душманони дохилӣ дастгирӣ мекунад. Фикр мекунам ҳам мо ва ҳам шариконамон дар Афғонистон дарк мекунанд, ки ин фасли ҷанг давраи мушкил мебошад, чаро ки ин соли аввал аст, ки неруҳои дифоии Афғонистон худашон дар мубориза ҳастад. Албатта, аз тарафи мо кумакҳо ва омӯзишҳо ироа мешаванд. Мо хеле хуб медонем, ки дар Афғонистон чӣ мегузарад ва субот дар дохили Афғонистон бар ҳамсояҳояш бо шумули Тоҷикистон асари ҷиддӣ дорад. Мо бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин кишвар машваратҳои хеле наздик доштем. Таҳлилҳои авзоъро муқоиса ва дар заминаи амнияти марз кумакҳоро ироа мекунем. Дар ин маврид дар Тоҷикистон корҳои қобили таваҷҷуҳ ба анҷом расонидаем. Мехостам изофа кунам, ки Толибон ба пайдо кардани тасаллут бар ҳукумати феълии Афғонистон моиланд. Тамаркузи онҳо дар дохили Афғонистон аст на берун аз он ба монанди Тоҷикистон ва Узбакистон. Албатта, дар дохили Афғонистон гуруҳҳои дигаре низ ҳастанд ва дар бораи шумори онҳо баҳс вуҷуд дорад. Гуруҳҳое ба монанди Ҳаракати исломии Узбакистон ва ДИИШ, ки ба самти хориҷ тамоюл доранд. Ин гуруҳҳо ниёз ба пайгирӣ доранд.

ДАР БОРАИ РАИСИҶУМҲУРИ ОЯНДА ЧИЗЕ ГУФТА НАМЕТАВОНАМ

Озодагон: Суоли дигарро мехостам дар мавриди Эрон матраҳ кунам ва он ин аст, ки тавофуқи ҳастаии ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳон дар чӣ ҳол аст?

(ВИДЕО) Д.Розенблум: Амрико аз маҳдудсозии плюрализми сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон астДаниэл Розенблум: Мо боварӣ дорем тавофуқи бадастомада як тавофуқи хуб аст, ки амнияти ҷаҳониро боло бурд. Фикр мекунам, ҳама баҳси ин тавофуқро дар Кунгураи Амрико аз тариқи расонаҳо тамошо мекунанд. Махсусан баҳс сари қатъномаи Кунгура аст, ки метавонад ин тавофуқро қабул накунад. Ин як асли системаи демократии мо аст. Баъзан барои мардум аз хориҷ нигоҳ ва дарк кардани ин чиз хеле сахт аст. Аммо аз назари мо ин як баҳси мардумсолорона ва солим аст. Дар ҳоли ҳозир ҳамин чиз дар миён аст. Агар қатънома дар ҳарду хонаи Кунгура қабул шавад раисиҷумҳур Обама гуфтаст, онро рад (вето)хоҳад кард. Суол ин ҷост, ки оё дар ҳар ду хонаи Кунгура раъйи кофӣ вуҷуд дорад, ки он веторо лағв кунад. Таҳлилгарони сиёсӣ дар мавриди будани раъйи кофӣ барои қабули қатънома ва нигоҳ доштани он назарҳои гуногун доранд. Шахсан ман аз мавзеи раисиҷумҳур Обама ҳимоят мекунам, ки ӯ муваффақ хоҳад шуд ва Кунгура ин тавофуқро нахоҳад рад кард. Агар ин чиз сурат гирад ба манфиати амнияти байналмилалӣ ва митақа хоҳад буд.

Озодагон: Хеле ҷолиб аст, ки дар Амрико нафароне дар сатҳи боло бо ин тасмими раисиҷумҳур Обама мувофиқ нестанд. Ва шояд дар оянда яке аз онҳо раисиҷумҳур шавад. Ба монанди Ҷеб Буш. Он замон ба ин тавофуқ чӣ рух медиҳад?

Даниэл Розенблум: Ман мехоҳам бигӯям, ки ин саволи хеле фарзӣ аст ва одатан ба ин гуна саволҳо ҷавоб намедиҳам ва ба ҳамин минвол дар бораи оянда намеандешам. Рӯи ду чиз таъкид мекунам. Аввал ин ки бисёр чизҳое, ки дар замони муборизаи интихоботӣ гуфта мешаванд, муболиға ҳастанд. Барои он ки номзадҳо мехоҳанд таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кунанд. Чизи дигар ин аст, ки ман дар замони се раисиҷумҳур -- Клинтон, Буш ва Обама кор кардаам ва шоҳиди мавридҳои зиёде будаам. Вақте ки шахс ба дафтари раёсатиҷумҳур меояду масъулиятро бар дӯш мегирад ва масъалаҳоро меомӯзад, дарк мекунад, ки хеле чизҳоро интизор набудааст. Аммо, ман наметавонам дар бораи он чӣ ки мумкин аст дар ҳукумати оянда иттифоқ уфтад ҳадс бизанам.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Амрико чӣ дахолат дорад! магар Амрико худаш плурализми сиёсӣ дорад? на ки надорад. сад солаҳост, ки ҳамагӣ дар ин кишвар ва кишварҳои аврупоӣ ду ҳизб фаъолият дорад; ҳизби демукратхоҳо ва ҷумҳурихоҳ ва ё ростгароҳо ва ё чапгароҳо...
Посух додан
  • Tojik

  • 7 сентябр 2015 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Dar Amriko karib 40 hizb fa'oliyat dorad. Xohish mekunam, yak marotiba ba sarchachmaho nazar afkaned (az jumla Wikipedia)..Salomat boshed.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хоби гарон хез, Муҳаммаф...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Америкоихову Русхо дар хар замону дар хар макон мавкеи сиёсии худро факат барои фоидаи худ тархрези менамоянд. ТОЧИКИСТОНИЁН ба умеди Амрикову Русия нашшаведу бахри ободии ВАТАН камари химмат бандед. ТОЧИКИСТОНИ азизамонро мисли Афгонистон бари онхо "ПОЛИГОН" накунем !!!!! Худоё! амониву ободи ато намо ,ОМИН ё РАББУЛЪОЛАМИН !!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кани саволи асоси? ДИИШро амрико сохтаги ку!
Посух додан
  • Шохинчон

  • 7 сентябр 2015 19:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН барои чи коментро чоп намекуни
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номи Худованди Меҳрубон
Салом бародарони азиз он чи мутолеаи доштам дар ин чанд рузи охир китобе ба дастам расид ба номи «Омрико аз дидгоҳи Раҳбари Ҷумҳурии Исломи Эрон Саидалии Хоманаӣ». Ин китоб хелеи китоби хубе аст дар мавзӯи Омрико шиносӣ. Он ҷо хуб баён кардааст, ки ин созмонҳое, ки дар кишварҳои мухталфи ҷаҳон ба номи озодии башар, Ҳуқуқи башар ва.. ин унвонҳо хеле зиёд ҳастанд ин ҳама созмонҳои ҷое, ки манофеи омрико набошад он ҷо ҳозир нестанд ва дифоъе аз ҳуқуқи башар намекунанд, инҳо ҳамеша ба нафъи омрико кор мекунанд ва зидди башарият ва Ислом ҳастанд. Дар яке аз параграфи ин китоб Раҳбар эрон аз точикистон ёд мекунад мегӯяд дар замони чанги Мусулмонон дар Тоҷикистон бо ин ин ки Омрико мухолифи Камунизм ҳаст барои саркуби Ислом Комунистҳоро пуштибонӣ кард то ин ки Исломро дар тоҷикистон саркуб кунанд.
Озодагон Пахш кунед.

Посух додан
  • Зокиров

  • 8 сентябр 2015 15:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУАММАР КАДДАФИ ДАР КИТОБИ САБЗ КАЙД МЕНАМОЯД,КИ ТО ОН ДАМЕ КИ БИНОИ СММ ДАР АМРИКО ЧОЙГИР АСТ СММ НИЗ БА МАНФИАТИ ИМА КОР МЕНАМОЯД!озодагон илтимос чоп кун
Посух додан
  • murg

  • 8 сентябр 2015 17:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ofafin!!!!!!!!!!!!!! zinda bod democrosi! istefo diktatorho!
Посух додан
  • Бародар

  • 9 сентябр 2015 12:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Даниэл ба Шумо ХНИТ лозим бошад мо рози хамааш (кароргохи баста шуда)-ро хам гирифта ба наздикии Касри Сафеди худ бурда монед. Ба мо хизбе, ки аз амалаш гуфторхояш зиёд мебошад лозим нест. Ба амрико баред мумкин аст, ки чанг байни сафедпустон ва сиёхпустон хотима ёбад. Зеро ХНИТ аз ухдаи бастани созишнома мебарояд.
Посух додан
  • Yaman

  • 23 сентябр 2015 20:19
  • Гуруҳ: Посетители
  • Қайд: 2.08.2015
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 68
  • Матлаб: 0
и хами Дииша хами Розинтлбмо сохтагиян
Посух додан
  • ДОНИШЧУ

  • 24 сентябр 2015 09:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АМРИКО ДАР 237 СОЛИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИАШ ХУКУКИ СИЁХПУСТОНРО ХОЛО ХАМ МАХДУД МЕСОЗАДУ БОЗ АЗ ПЛЮРЕАЛИЗМИ ДИГАРОН ГАП МЕЗАНАД. КАЛИ САРИ ХУДАТРО ТАБОБАТ КУН! ЧАНОБИ РОЗНБЛУМ.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!