Бахшҳо

Даргузашти Соҳибов-қудо ва хеши Эмомалӣ Раҳмон

Маҳмадулло Соҳибов аз хешовандони наздик ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбеи 19 сентябр бар асари бемории дил аз дунё даргузаштааст. Тибқи иттилои “Tojnews”, маросими видоъ бо Маҳмадулло Соҳибов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Маҳмадулло Соҳибов аз чеҳраҳои пурнуфузи Тоҷикистон буда, бародари ӯ -- Муҳаммадзоир Соҳибов, домоди калонии президент ва фарзандаш Шамсулло Соҳибов – домоди сеюми раисиҷумҳур мебошад.

Соҳибовҳо дар баробари тиҷорат инчунин соҳиби мақомҳои давлатӣ мебошанд. Аз ҷумла моҳи май Нарзулло Соҳибов, бародари марҳум Маҳмадулло директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Зайнулло Соҳибов, писари марҳум бошад, дар моҳҳои охири соли 2013 раҳбари яке аз бузургтарин ширкатҳои саноатии кишвар “Сементи тоҷик” таъйин гардид. Муҳаммадзоир Соҳибов, ки ҳудуди се сол дар давоми солҳои 2008-2011 раиси Биржаи молу ашёи хом буд ва аз ин вазифа барканор шуд.

Шамсулло Соҳибов, ки домоди сеюми Президент аст, намоядаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад. Исми Шамсулло Соҳибов замоне расонаӣ шуд, ки Умаралӣ Қувватов, собиқ раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро моҳи декабри соли 2012 боздошт карданд. Он замон Қувватов мегуфт, ки соҳибмулки аслии ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ӯ буд, аммо наздикони Президент, аз ҷумла Шамсулло Соҳибов ин ширкатҳоро аз ӯ рабуданд.
Мӯҳр
парвардигор,аллохи мехрабон чоша дар асфала_софилин мукарар кунад.омин...

касе чизе наменависад аз тарс

Модари точик
Хонаи охираташ равшан бошаду рухаш шод...вале шарт нест мархумро хамчун хеши наздики Президент муаррифи кунед, зеро хар бандаи Худо миранда хаст ва мурдани хар одам бояд аз сиёсат чудо бошад..............(фикри шахсии ман, агар норози бошед, ихтиёратон)

кадрдон
Худорахматаш кунад ва хонаи охираташ обод бошад,бисёр инсони хуб буд,саховатманду одамписанд буд,хеши президент хастам гуфта вохима ва катаги намекард.Мардуми мо на хамааш дорои фархангу маданият хастанд харчи ки хоханд менависанд...Акои Махмадулло солхои зиёд буд,ки бемори мекашид ва худованд рузашро буд кард.Ба хамаи наздикону пайвандонаш сабри чамил аз даргохи худованд талаб дорам...Илохо чояш чаннат бошад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)