Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба “синни пайғомбарӣ” расид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5 октябр 63-сола шуд, ки миёни мардум бештар бо номи “синни пайғомбарӣ” маъруф аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Қаҳрамони Тоҷикистон, (то 21 марти соли 2007 Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин шӯро интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентӣ баранда шуд ва дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013 курсияшро ҳифз кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рРаиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд" мебошад.

Оиладор ва падари нуҳ фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар аст. Писари калонаш Рустам аз ҷавонтарин мансабдор ва генералҳои тоҷик аст. Ӯ дар синни 26 раиси Хадамоти гумрук таъин шуда, феълан раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасодро ба уҳда дорад. Духтараш Озода Эмомалӣ Раҳмон бошад, ҳоло ба ҳайси муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
Мӯҳр
Мухлис
Ба синни НАФАКАЧОН

Гулом
Чаноби Оли 63 солаги яне солгарди Пайгамбариро ба Шумо сидкан табрик мекунем. Илохо Сад сола шавед ва соябони мардуми Точикистон бошед.

Зодруз ба фарзандори чи дахл дорад?

вaтaндор
зодруз муборaк худо тaвфикaтро зиод к.унaд вa дaр корхоинекaт бaрaкaт дихaд омин

Зодруз муборак чаноби оли.Худованд доимо нигахбонат бошад ва ба шумо мухаббате Худованд ба кулли пайгамбаронаш дорад хохонам.

Чамшед8808
Зодруз муборак Чаноби Олй. Ба Шумо пеш аз хама саломатй умри дарози пурбаракат ва дар корхои ояндаатон муваффакиятхои нав ба нав орзумандем. Хама вахт саломату сарбаланд бошед.Чашми душманатон кур гардад.

Шодгӯй
Зодрӯз муборак, Ҷаноби олӣ!

Зодруз муборак,мухтарам чаноби оли Эмомали Рахмон...кош имконият мешуд аз наздик муборакбод мегуфтемат.ба хар хол ба шумо умри дарозу сихатманди орзумандам,Чаноби Оли.

Шаҳрванд
Шуморо Ҷаноби Олӣ сидқан табрик намуда, ба Шумо тани сиҳат, дили беғам, хотири ҷамъ,хонаободӣ ва бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳама вақт таҳти Сарварии Шумо тинҷу орому обод ва осмони софу беғубор дошта бошад. Эмомалӣ Раҳмон Шумо одами Худодод , Худотарс ва Худопараст будед, ҳастед ва иншооллоҳ мемонед, барои ҳамин ҳам тири душманони Шумо ҳама вақт хок мехурад. Халқ бо Шумо ва Шумо бо халқ астед.

Зани точик
Эмомали Рахмон ягона Президенте мебошад, ки дар муддати кутохтарин чангри шахрвандиро дар кишвараш хотима бахшид ва то охирин гурезахоро ба хонахояшон баргардонид. Барои сулху оромии давлати точикон ва аз байн рафтани миллати точикон тамоми кушишхои хешро ба харч дод. Имруз худованд уро ба синни Пайёмбари мушарраф гардонид ва модарони точик дуо мекунанд, ки бигзор хамеша соябони сари халки точик бошад!!!

Дарвоз
Зодруз муборак Чаноби Оли садсола шавед хамеша бо мо бошед...

ZODRUZ MUBORAK JANOBI PREZIDENT!!!Bardamu solim boshed!

эмом
сад сола шавию бад озон пиршави чонобиоли...!!!

Р.КАРИМ
Саломату сарбаланду комёб боши мухтарам Президент Чаноби Оли Эмомали Рахмон! Шумо аз бехтарин рохбарони давлати руи чахон хастед,киёс он аст,ки дар вучуду калби Шумо мехрубони,гамхори ва дилсузи нисбати халку миллататон хело зиёд ба чашм мерасад.Ин гуфтахо дар хакикат агар хонанда таърифу тавсиф кабулаш дошта бошад бигзор бошад чунки Президенти ман (мо) ба ин меарзад ва хатто,ки аз он зиёд.Шумо ЭМОМАЛИ РАХМОН МЕХРДАВЛАТЕД! Агар он нафароне,ки Шуморо ба чашми кам мебинанд хакко ба номи Худо ношукранд...зеро як оромиву осоиштагии ин кишвари аламзада бехтарин ганчу неъмати бебахост!Охир хамаи ин ба осони ба даст наомадааст ку? Пас чаро ношукр бояд шуд...Лоики бузург бехуда нагуфтааст....НОШУКРИИ МО БАР НАМАКИ УМР ЗИЁД АСТ,,,,,,,,ТО ЧОН НАБАРОРЕМ НАДОНЕМ,КИ ЧОН ЧИСТ? Зодрузи саиду фирузатон ПАЁМБАРУМРАТОН муборак бошад!Даст ба дуо бурда аз Худованд талаб месозам сихату саломат ва дар панохи Худованд бошед.Илохо ба хамин куввату азматон Худованд куввати зиёдтар бахшад ва то 100-солагиатон рохбару пешвои ин миллату халки точик бошед...Дар ин рузи мавлуди Шумо ба рухи модари бузургворатон сачда,ки чунин фарзанди гамхору пиштибони миллатро ба дунё барои бахти баланди точик овардааст...ин руз барои хар як фарди точик бояд рузи фируз бошад,бисёр хуб мешуд ин рузро тамоми халки точик аз вафодори ва содик будан ба Президенти худ сар карда аз богча то тамоми дигар сатххо чашн мегирифтанд.Шахсан 15-сол мешавад ин рузро ман бо ахли хонадону наздиконам чашн мегирам ва боиси ифтихор мешуморам...Аз камбинон хафа намешавам чи андешае нисбати фикри ман менависанд зеро онхо камбину ношукранд..........Саломату Сарбаланду Комёб боши Президенти Азизи мо!!

мухамад
Муборак бошад!!!! Сад сола шавед бад оз он пир шавед!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)