Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 01:43

Хабари ба Тоҷикистон баргаштани бародари фирории Лангарӣ Лангариев

6 октябр 2015, 10:26

Бахтиёр Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ баъди 7 соли бедарак буданаш, дигарбора ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар ин бора "TojNews” бо такя ба манбаи худ дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, навиштааст, Бахтиёр ҳоло интизори “таъинот” мебошад. Наздикони Лангариевҳо низ баргаштани Бахтиёрро рад накарда, аммо нахостаанд дар ин мавзӯъ суҳбат кунанд.

Полковник Бахтиёр Лангариев, писари Салмон Лангариев, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз хонаводаҳои маъруф ва пешсафи Фронти халқӣ буданд, баъди ҳодисаи моҳи май дар шаҳри Кӯлоб ва боздошти бародари хурдиаш Суҳроб Лангариев бедарак гардид. 27 майи соли 2008 неруҳои мақомоти давлатӣ манзили Суҳроб Лангариеви 29-соларо муҳосира намуда, ӯро дар қочоқи маводи мухаддир ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд. Он замон гуфта мешуд, Суҳроб аз соли 2002 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” дар ҷустҷӯ қарор дошт.

Дар пайи даргирӣ миёни мақомот ва Суҳроб Лангариев, ки 15 соат идома ёфт, 4 тан кушта, 9 нафар захмӣ шуданд. Суҳроб Лангариев, Аъзам Лангариеви 24-сола, писари Лангарӣ Лангариев ва Нурмаҳмад Сафарови 22-сола, писари Сангак Сафаров, додарарӯси Сӯҳроб боздошт шуданд. Дар моҳи апрели соли 2009 Суди олӣ Суҳроб Лангариев ва писари Сангак Сафаровро ба ҳабси якумра, Аъзам Лангариевро барои 21 сол равонаи зиндон кард.

Аз он замон инҷониб полковник Бахтиёр Лангариев, ки дар вазифаи сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили шаҳри Душанбе кор мекард, бадарак шуд. Бобои Салмон (Салмон Лангариев) падари ин хонадон ба расонаҳо гуфта буд, ки писаронаш Бахтиёр ва Файзалӣ дар ин қазияҳо ширкат надоштанд, ҳатто наздикӣ ҳам накарданд. Расонаҳои кишвар бо такя ба манобеашон хабар доданд, ки Бахтиёр Лангариев ба ҷурме муттаҳам намешавад ва дар пайгард низ қарор надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • .

  • 6 октябр 2015 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро хам бо рохи фиреб ба дом меандозанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Авлоди Лангариевхо сидкан ба миллату ватан содиканд. То имруз яке аз ин хонаводахо касру кушк ва сарвату дорои надоранд, мисли дигарон дар сексия зиндаги мекунанд. Онхо сазовори хама гуна бовариву эхтиром хастанд.
Посух додан
  • блек

  • 6 октябр 2015 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз баргаштани бахтиёр лангариев ман хурсанд шудам ватан хизматхои шуморо фаромуш намекунад камандир
Посух додан
  • Хакикат

  • 6 октябр 2015 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке Худат хизмат кардаед дар Ватани хеш, баьдан хамин собик Кумондонат Бахтиер? Зоти Пок медонад ки ва чи Хизмате кардааст!
Посух додан
  • Беном

  • 6 октябр 2015 20:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баргардондани Бахтиер дар фикри ягон кас набуд бади хиёнати гулмурод халимов газетаи /ссср/ навиштабуд бахтиёри лангарира баргардонед .ба ватану милат хизмат кунад яг чахон ташакур ба хукумати Точикистон браво ./ссср/ шумо метавонед
Посух додан
  • аюб

  • 7 октябр 2015 02:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
блек, сафедак якбор видеои лангари лангариро тамошо кн ай забони хдаш фахм чи кадар одама куштаан хуни мардуми бегунох якруз не якруз мегирад ма ки бародарша намедонам кию чи бдан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дунёра фахмида намещавад. Агар дузду горатгару кассобу одамкущу рэкэт бощи, мухтарами!! Окилу донову донищманду бофаросат кору бор намеёбад, мачбур хичрат мекунад ба хорич!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мард хакикатан ватандуст ва одами бетарс буд ва имруз боз ба хама ин хислатхояшро нишон дод. Точикистони азизамон бо хамин хел мардхо аз харгуна хатархои хозиразамон дар бехатари хохад монд.Баракалло, аки Бахтиёр!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!