Бахшҳо

Убайдуллоев: Системаи овоздиҳӣ вайрон шудаст, даст бардоред...

Аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз, 12 ноябр дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон мавқеяшонро нисбати 29 масъалаи баррасишаванда тариқи дастбардорӣ муайян карданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ дар оғози ҷаласа изҳор дошт, ки системаи электронии овоздиҳӣ вайрон шудаасту пешниҳод намуд, ки овоздиҳӣ ошкоро ба таври дастбардорӣ сурат бигирад. Аъзои Маҷлис пешниҳодро қабул карда, 29 масъалаи баррасишавандаро тариқи дастбардорӣ тасвиб намуданд. Дар ҳамаи масъалаҳои қабулшуда, ягон мухолиф ё бетараф набуд.

Дар охири ҷаласа Убайдуллоев барои корношоям шудани системаи электронии овоздиҳӣ аз аъзои Маҷлиси Миллӣ узр хоста, афзуд, ки ин мушкил ба хотири сарфаи маблағи буҷети давлатӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ афзуд, ки системаи электронии овоздиҳӣ дар палатаи болоии парлумон 16 сол боз фаъол аст ва фарсуда шудааст. Убайдуллоев изҳор дошт, ки ба дастгоҳ супориш додааст, то ҷаласаи оянда низоми нави овоздиҳиро барои аъзои Маҷлиси Миллӣ фароҳам кунанд.

Тариқи дастбардорӣ имрӯз аъзои Маҷлиси Миллӣ тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Тоҷикистон ва қонунҳо дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ, дар бораи адвокатҳо ва фаъолияти адвокатӣ, тухмипарварӣ, бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, дар бораи боҷи давлатӣ ва ғайраро қабул намуданд.
Мӯҳр
Саидчон аз Ёкутистон
Салом аллайкум озодагон! Бовар кунед ай хандара суст шидам. Худатон навиштаед, ки ягон мухолиф ва бетараф набуд....оё барои чи даркор будааст хамон дастгохашон? Бигзор чаноби Убайдуллоев худашон конунхоро мувофики дили худ кабул кардан гирад, бе ин хам парлумони мо оддитарин хакро надоранд. ....

Ана ин давлатро мегуян давлати Демократи . Рост мегуфтааст чаноби Э.Рахмон

Dev
Parlumon aj hudmonaj, imomhatibo aj hudmonaj, advokatho aj hudmonaj...na tanho dast agar lozim shavad mebardorand wink

Сиёвуш
Худо нигахдорад-окибат ба хайр шавад!

Довар
Низоми овоздихи аслан лозим нест. Бе ин хам натичаи овозхо маълум аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)