Бахшҳо

Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи Э.Раҳмон-пешвои миллат

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат таҳия кардаанд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, имрӯз, 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯро, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат“ баррасӣ гардид: “Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия шудааст, барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардид”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст. Ин идея аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) ва баъдан дар торнигори сайти Ҳизби ҳокими халқи демократӣ нашр шуда буд.

Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтаанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.

Академик Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар матлаби худ пешниҳод карда буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ пешвои миллат номида шавад. Онҳо бо арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Дар шумораи 9.04.2015-и ҳафтаномаи Тоҷикистон як гуруҳ олимон Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назариев, докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ матлабе бо номи “ Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст” нашр намуда, пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Вале муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон ин идеяро як “пешниҳоди бемавқеъ” дониста, гуфтаанд, ки одатан ин гуна зиёиён дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа ва бархурдҳои идеологӣ бетараф ҳастанд ва ба хотири манфиатҳои худ мавқеашонро зуд ба осонӣ метавонанд иваз намоянд.

Муаллифони матлаби мухолифат ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази оянданигарии Академияи илмҳо гуфтаанд, ки зиёиён ба ҷойи чунин пешниҳодҳои бемаврид, “бояд дар андешаи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва барои Консепсияи рушди миллиро то соли 2050 (Ин консепсия имсол зимни вохӯрии Президент бо зиёиён пешниҳод гардид) таҳия, пешниҳод ва расонаӣ намоянд, то ки ҳукумат ба мардум наздик шавад ва мардум ба ҳукумат эътимод пайдо кунад”.
Мӯҳр
Бе ягон зиддият кабул мешавад. Холо бинедда . Хай шояд як ду нафар барои нишон додан мухолифат кунанду хамунашам гумонбаа. Шахсан ман зид.

Зарафшон
Фикри оличаноб ман тарафдор як пешниход сурати пешвой милат мухтарам чаноби олиро дар пули хазорсомона монед

Бунёдчон
Лоихаи конун "Дар бораи паст кардани сатхи мухочират" кай пешниход мешуда бошад???

Шумо як конуне пешниход кунед ки ба фоидаи халк бошад.ШУМО як конуне бароред ки мардумро бо кор таъмин кунад адозро паст кунад.Ин халки мо ах аз чоплуси намемонад.

Пешвои миллати хору зори точик? Ба фикрам айб аст.Мо дар асри 21 зиндаги мекунем ва набояд чахонро бо чашмони Телевизиони Точикистон бинем.Анвар,

Ин конун факру камбизоатиро кам мекардабошад.Аз хондани ин конун хандаи одам меояд чахон ба пешрави харакат кадаистодааст аммо Точикистони мо ба кафо харакат кардаистодааст.Ба аклу шуури ин депутатхо хандаам меояд.Ин конуне ки шумо пешниход кардаед шиками мардуми кабизатро сер мекарда бошад мухочиратро кам мекарда бошад.ВАЙ ДОД АЗ ДАСТИ ИН ДЕПУТАНХОИ .ОЗОДАГОН ОЗОД БОШЕД ЧОП КУНЕД.

Точик
Ин депутатхлои аз бекори намедонан чи кор кунанд миллат аз байн рафта истодааст, инхо рохи халли мушкилиро монда, аз кафои кори бекора банд. Нарху наво баланд, сатхи зиндагии мардум бехад паст, пул нест, кор нест ва дар Россия бошад хар руз точик шикор мекунанд ин милесахои ва боз бар хамми ин пули кор кардаи мухочиронро намедихан фанду фиреб карда, . Ин миллати точик хор шудааст сохиб надорад. Ними мардуми бегуноха бурда говсуд карда ин бошанд боз пешвои миллат пешниход мекарданд.

Эй пешвои миллат. О халки точик дар муҳоҷират хооор шуда рафтандАнвар,


Bonkir
Зарафшон,
Puli 1000 somonara ki barovardi majburi ki puli 10000 somanaram baroren in manoi onro dora ki qurbi somoni ba monandi sumi uzbekon meshavad!!!

Миллат дуст
..баъдш як чизи дигар ки наход ба пешниходи дунафар пешвои миллат интихоб шавад и 8 милон ахоли магар одам нестанд.ман зид дам хамчун шарван ин аммал моддаи 1 конунро зери суол мебарад

Мухочир
Медонум ин конун бепурсиш кабул мешавад аммо ман хам чун як шахрванд Точикистон зид хастум!

Хуршедҷон
салом миллат
Миллат ба пешво не ба ҷоикор ва сатҳи баланди зиндаги ва адолат пешрафт ниёзи асоси доранд. ин корҳоро касоне мекунанд ки ё праблема надоранд ва камтар праблема доранд. лутфан як фикри дигаре куненд,

навруз
Дигар ягон проблема намонд!!!!!!! Фаркаш чи -чи мегуем президент е пешвои миллат ??????мухимаш фикри халки оддиро мекарда бошанд??????????аз азоби мухчирон бохабар бошанд?????? барои Халли проблемахои мухочирон ягон чора меандешида бошанд?????Ба чои ин конунхои хамун "депутат"" хо пешниход мекарданд ки тезтар ба итиходи гумруки аьзо шавем мухочирон бо ахли оилаашон хурсанд мешуданд. Ин исбот мекард ки "депутатхо" дар фикри интихобкунандахо мебошанд.лекин афсусссссссс.....................!!.....!.............!.!.!

салом.ба халки бузурги точик.Озодагон хохиш мекунам базе хакикате ки ман мегуям натарсида озодона чоп кунед илтимос..хамон инсоне ки гуфт дар хазор сомона сурати чаноби олира монад он одам худ коргари давлат аст ки пешаки байни халк овоза мекунад вакте сурати чаноба хазор сомона мемонанд ин барои халк чизи нав намешад ва халк коре хам анчом намедихад.бинед пеш аз баста шудани ХНИТ алакай баъзехо мегуфт ин хизби терористи бигзор ба фаъолияташро суд ман кунад касонеки чунин мегуфт онхо халки оди нест балки макомоти дахлдор( ки шабу руз фикри чомеа не балки кисаи худашонро пур мекарданд ки натича онхо тавонистанд пешаки халкро таёр кунонанд ки дар натича ягон вокунише нашуд зеро халк алакай бохабар буд.агар якбора бе паника ХНИТ махкам мекард дар точикистон нохуши руй медод.хулоса ман гуфтаниям вакте инхо гуфтан дар хазор сомона сурати чаноби олира монанд бинед рафта рафта бади якчанд мудат мемонанд.Чаноби Оли барои пешвои милат шуданаш бояд халкро бо кору барк тамин кунад он вакт ман хамчун шахрванд тарафдорам пешвои милат шавад.

Миллат дуст,
Миллатдӯст, шумо кадом қонунро дар назар доред? Дар 25 сол қонунҳои моро ин қадар аз наву дигару иловаҳо кардаанд, ки муаллифи аввалааш чӣ гуна будани онро дар ёд надорад.
Дар ҳақиқат ин ба ном "намояндагон"-и халқ чӣ кор карданашонро намедонанд ва аз мардум фарсахҳо дур ҳастанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)