Бахшҳо
24 ноя 2015 12:07Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Тағйирот дар ВАО-и давлатӣ: Аз мансаби Исмоилзода то 2 телевизиони нав

Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон, раиси телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон ва собиқ раҳбари Шӯрои ВАО, имрӯз, 24 ноябр бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” таъин гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Академияи васоити ахбори умум моҳҳои наздик ба кор оғоз намуда, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, бозомӯзии кормандон дар Академияи васоити ахбори умум, асосан аз рӯи ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуданд.

Дар баробари ин манбаъ афзуд, ки аз соли 2016 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ-“ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард: “Файзуллозода Хуршед Мирзо - директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набизода Набӣ, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таъин гардид”.

Раисиҷумҳур инчунин Одиназода Шоҳона Сулаймонро - сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин карда, ба курсии директори муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазоро шинондааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)