Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 11:54

Шаш соли зиндони ду бародар барои пайравӣ аз “Салафия”

1 декабр 2015, 11:08

Додгоҳи ноҳияи Исмоили сомонии шаҳри Душанбе ду бародарро дар шомил шудан ба равияи "Салафия" муҷрим шинохта, онҳоро 3 солӣ равонаи зиндон намудааст.

Тибқи иттилои додгоҳ, “шаҳрванд А.А. бо "Искандар" ном шахс шиносоӣ пайдо карда, бо даъват ва ақидаҳои динии охирин розӣ шуда, таълимоти ғайриқонунии динии равияи «Салафия»-ро омўхта, ба ин гурӯҳ шомил шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда пас аз пайрави равияи динии "Салафия" шуданаш бародари худ А.Х.-ро, ки якҷоя бо ӯ дар шаҳри Душанбе истиқомат мекардаанд, барои шомил шудан ба равияи мазкур даъват намудааст. Ба иттилои додгоҳи Исмоили Сомонӣ, бародараш А.Х. ба даъвати ӯ розӣ шудаааст: “Якҷоя адабиётҳои динӣ дастрас намуда, таълимоти мазҳаби сунатии дини Ислом-Ҳанафияро, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд инкор намуда, таълимоти динии «Салафия»-ро азхуд намуда, намуди зоҳириашро ба монанди риши дароз ва пўшидани шими кўтоҳ, дигаргун карда дар масҷидхои гуногуни шаҳри Душанбе, якҷоя бо бародараш намозҳояшонро аз рўи ақидаи равияи ифротгароӣ «Салафия» бо тарзу услуби хоси худ ба монанди нахондани намози сунат бо ҷомеа дар масҷид, бардоштани дастон баробари китф, гузоштани дастон дар қафаси сина, кушода мондани пойҳо ҳангоми хондани намоз адо менамудаанд”.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия аз манзили истиқоматии А.А.С. ва А.Х., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон 28 адад китобҳои динии бо забони тоҷикӣ ва русӣ чопшуда дарёфт гардидааст: “Дар китобҳое, ки бо забони русӣ чоп шудаанд;- "Три осоновқ и их доказательства" муаллифаш Муҳаммад ибн Абдулҳ-Уаххаб алҳ-Мушаррафй ат-Тамими ва "Исламская акида по священному Корану и достоверной сунне" муаллифаш Муҳаммад ибн Джамил Зину фарогири ақидаҳои ифротгароии мутаалиқ ба равияи "Салафия" буда, чоп, фурўш ва паҳн намудани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”.

Додгоҳи Исмоили Сомононӣ А.А. ва А.Х.-ро бо моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба муҳлати 3 сол, дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум сохтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Акрам

  • 2 декабр 2015 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо забони русӣ!!!
ана, ҳатто китобҳои динӣ ба русӣ мешаванд, ҳомиени забони мо бошад даҳон кафқ кунонда нисбати "поймоли" забони модарӣ доду вой мебардоранд.

ҳамзамон "осоновқ" чӣ маъно дорад, нофаҳмо аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!