Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 104 Душанбе: Сӯхтори маргбор дар бинои баландошёна » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 28 сентябр 2020, 05:59

Душанбе: Сӯхтори маргбор дар бинои баландошёна

29 декабр 2015, 11:25

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон аз сӯхтори маргбор дар яке аз биноҳои баландошёнаи маркази шаҳри Душанбе хабар дод, ки субҳи имрӯз рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, соати 07:05-и 29 декабр, дар ҳуҷраи №57-и ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25 сӯхтор ба амал омадааст: “Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонҳо муайян карда шуд, дар дохили хонаи оташгирифта соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 мондаанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш бароварда шуданд. Аммо соҳибхоназан Раҳимова Суфия дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ба иттилои оташнишонҳо, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, пеш аз паҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зист, дар соати 07:37 хомӯш карда шуд. Мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд: “Феълан зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад”.


Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • камол

  • 29 декабр 2015 15:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо чи хел рузноманигоред ки наметавонед рафта як акс аз чои ходиса гиреду мавзуъро сахехтар фахмонед. акси кухнаро мондаву и гуфт фалон гуфт... рузноманигори ин тавр намешад ку. ходиса дар таги биниатон, дар Бадахшон не ку.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"амалиёти махсуси оташнишони" -ро мо хамсоягон надидем, 3 мошини сухторхомушкуни хатто ягон амалиёт надоштанд, оташнишонхо бошанд дар давоми 10-15 дакика дари хонаро кушода натавонистанд, зеро дар даст ягон олоти лозимро надоштанд.... намояндагони холати таъчили бошад баъд аз 35/40 дакика баъд аз ба онхо занг задан пайдо шуданд.......Рахимова Суфияро начот додан мумкин буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахимова Суфияро начот додан мумкин буд. Оташнишонхо сари вакт бо 3 мошини оташхомушкини омаданд, аммо норбон ба ошенаи 10 боло нашуд, дари хонаи Суфияро бо душвори кушода тавонистан, олоти махсуси дар инхолат истифодабари надоштанд. Кудаконро Рахматшо Тагоев посбони хона начот дод. Барои мо хамсоягон танхо Рахматшо кахрамони нишон дод - хама шохид хастанд.
Намояндагони ёрии таъчили хеле дер пайдо шуданд. Хамсояхо шохиди он хастанд, ки оташнишонхо ба кормандони ерии таъчили занг заданд, вале аз он тарафи гуша бо овози баланд гуфтанд, ки "бензин барои мошин нест"

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!