Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 01:43

Ҳалокати зани тоҷик аз “зукоми хук” ва талоши Вазорат алайҳи вируси марговар

22 январ 2016, 11:34

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи як зани тоҷик, ки бино ба гузоришҳо аз вируси Н1N1 ё “зукоми хук” дар Маскав ба ҳалокат расидааст, аз расонаҳо иттилоъ ёфтаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 22 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо танҳо фаҳмидем, ки ин зан 1,5 сол будааст, ки дар Русия қарор доштааст. Дигар иттилое надорем”.

Расонаҳои Русия рӯзи гузашта (21 январ) аз ҳалокати Соҳиба Мустафоқулова, як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин расонаҳо итн зан шаби 20 ба 21 январ дар бахши реаниматсияи бемористони рақами 31-уми шаҳри Маскав бар асари вируси Н1N1 даргузаштааст.

Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси Н1N1 ё “зукоми хук” дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи “Термо-Сканер” насб шудааст: “Ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳ шаҳрвандон аз назорати ҳамин дастгоҳ мегузаранд. Ҳамчунин ҳангоми рухсат шудани шаҳрванд ба тайёра мутахассиси тиб ҳолати онро месанҷад. Дар ҳолати муайян кардани беморӣ ба беморхона бурда мешаванд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонандаи Озодагон! Ман апаи Сохибаро(рухашон шод бод), ки дар мухочират курбони ин бемори гаштаанд, мешиносам. Шодрввон Сохибаапа(Худованд рахматашон кунад) бонуи хунарманди водии Зарафшон буданд, ки барои хонахои мардуми шахри Панчакент пардвхои зебо медухтанд. Мутассифона вазъи ногувори оилави Сохибаапаро(чояшон Чаннат шавад) ба чохи беохири мухочират сарнишеб кард... Дируз фарзандону наздиконашон ба сахти Сохибаапаи нокомро ба хок супориданд...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!