Бахшҳо

Э.Раҳмон масҷиду интернетро ҷои ифротишавии ҷавонон хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат, аз 1000 ҷангҷӯи тоҷик дар “Давлати исломӣ”, хатари исломи сиёсӣ, 1470 масҷиди ғайриқонунӣ, роҳи нигоҳдории қурби сомонӣ, дарёфти бозори нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ, заминфурӯшӣ ва нигоҳдории нарх дар бозорҳо суҳбат кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури раисони шаҳру навоҳии кишвар ҳушдор додааст, ки солҳои охир раванди сиёсишавии ислом ва дар ин замина авҷ гирифтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ва амалҳои тахрибкорӣ боиси нооромии минтақаҳои гуногуни сайёра гардидааст: “Кишвари мо низ бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиаш зери таҳдиди ин хатарҳо қарор дорад. Тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурўҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд”.

Президенти Тоҷикистон идома додааст, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат, дар маҷмўъ, қариб 5400 масҷид, аз ҷумла 3 930 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият мекунад: “Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3 836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди умумии масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд. Маҳз бо сабаби таъсири омили зикршуда, фаъолияти нокифояи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни таъсиррасонии мафкуравии пайравони гурўҳҳои ифротӣ бештар дар байни ҷавонон рў ба афзоиш ниҳодааст”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раванди ифротгароӣ бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кўлоб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Бохтар бамаротиб зиёд гардидааст: “Тибқи маълумот, айни замон беш аз ҳазор нафар сокинони кишвар ба сафи Давлати ба ном исломӣ пайваста, дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Ҳамзамон бо ин, дар маҷмўъ 146 оила ба Сурия ва Ироқ кўч баста, 21 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба сафи созмони террористии Давлати исломӣ шомил шудаанд”.

Ба гуфтаи президент омили асосии гаравиши ҷавонону наврасон ба сафи равияҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, пеш аз ҳама, бемасъулиятии падару модарон нисбат ба тақдири фарзандони худ, мавҷуд набудани шароити ташкилӣ барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани корҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳудуди маҳалла, ҷамоат, шаҳрак, ноҳия ва шаҳру вилоят мавҷуд будани мушкилоту норасоиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ алоқаманд мебошанд: “Ҳамзамон бо ин, тибқи маълумот солҳои охир шумораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон афзоиш ёфта истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор ба занон ва оила, Иттифоқи нависандагонро вазифадор кардааст, ки барои тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ бо роҳи ба маҳалҳо сафарбар намудани мутахассисон, дар муассисаҳои таълимӣ пурзўр намудани дарсҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои ватандўстӣ ва ташвиқи арзишҳои дунявӣ, таҳияи барномаҳо ва филмҳои талқинкунандаи андешаҳои меҳанпарастӣ, шеъру мақолаҳо, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ, супориш додааст, ки ҳукумат барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҷўӣ намояд: “Бо дарназардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2016 ва ҷамъбасти натиҷаҳои соли молиявии 2015 зарур аст, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, такмили низоми андозбандӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани он дар тамоми манотиқи кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшуда тақвият дода шаванд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари таъкид ба дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ илова намудааст, ки “аз ҷониби дигар, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидор, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз истифодаи барномаву технологияҳои муосири баҳисобгирӣ ва мубодилаи иттилоот вобаста буда, чунин иқдом ба коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат буҷет ва нақшаи даромади андозҳо таъмин нагардида, боиси сари вақт пардохт нашудани маошу нафақа гардида истодааст: “Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин карда, аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа қатъиян худдорӣ намоянд”.

Раиси ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллиро муваззаф кардааст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъори хориҷӣ, коҳиш додани таъсири фишори қурб ба пули миллӣ, истифодаи асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ дар муомилоти дуҷониба, зиёд кардан ва самаранок истифода намудани захираҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешад: “Зарур аст, ки бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ якҷо бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати дар соли 2016 дар доираи то 7 фоизи солона нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз он интиқод намудааст, ки бо вуҷуди таъсиси корхонаҳои нав ҳоло ҳам бозори истеъмолӣ пойбанди молҳои воридотӣ мебошад: “Дар баробари ин, фаъолияти баъзе корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун 290 коргоҳу корхона фаъолият накардааст”.

Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳалталаб дар соҳаи энергетикаро низ зиёд хондааст: “Масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои кам намудани талафоти нерўи барқ, зиёд кардани ҷамъоварии маблағҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла низоми автоматии ҳисоб ва назорати нерўи барқ чораҳои қатъиро амалӣ намоянд”.

Дар мавриди замин Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки аз маълумот бармеояд, то ҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин, бахусус ҳангоми тақсимот ва истифодаи он ба мушоҳида мерасад: “Аз ин рў, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, монеа ва қонуншиканиҳоро дар ин самт сари вақт бартараф намоянд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова кардааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз коҳиш ёфтааст: “Агар сабаби то андозае коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз як тараф пастравии сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии мо бошад, мавҷуд набудани созишнома ва шартномаҳои байнидавлатӣ бо дигари давлатҳои хориҷӣ, ки дар вазъияти имрўза ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ зарурат доранд, ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави корӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд”.

Президенти Тоҷикистон инчунин иттилоъ додааст, ки феълан 38 фоизи кормандони соҳаи фарҳанги кишвар бо таҳсилоти миёна фаъолият доранд, ки ин ҳолат ба таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳа таъсири манфӣ мерасонад: “Аз ин рў, Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин камбудиҳои мазкурро баратараф намуда, ҷиҳати беҳтар шудани нигоҳдории муассисаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти доимии онҳо бахусус дар минтақаҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд”.

Ба гуфтаи президент масъалаи фарогирии аҳолии мамлакат бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ҳанўз ҷавобгўи талабот нест. Ӯ масъулини Кумитаи телевизионро муваззаф кардааст, ки барои таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои радио ва телевизион тадбирҳои иловагӣ андешанду ҳар се моҳ ба Ҳукумат гузориш манзур намоянд: “ Ҳоло ҳам такрори зиёди барномаҳо ва сатҳи пасти касбияти рўзноманигорони телевизион ва радио ба назар мерасад”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки соли 2016 барои кулли мардуми Тоҷикистон бояд соли созандагиву ободонӣ, пешрафт ва комёбиҳои беназир гардад, зеро имсол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 — сола мешавад.
Мӯҳр
Ifroti
Дар асл ифроти шудани чавонони точик ин бекори ва аз сари модарону хохарон гирфтани хичоби исломи ба зури тарошидани ришхояшон мебошад.Ин гуна муносибати хукумати Точикистонро тахаммул карда намешавад . Дар мавриди либоси бегона лак лаки зиёде мекунанду лек зердастонашон бо либосхои барахна мини юпкаю ва дигар либосхои Аврупои мегарданд;

толиб
Сабаби хамаи норасоихои мардум(чавонон) бекори.
Ба мардум чои кор таъмин кунед!

мунзир
Баном Худо
Аввалин иморате ки Расули Худо(сав) сохтанд ин МАСҶИД буд.

салом.
Раиси ҷумҳури муҳтарам Худо ба шумо фазлу неъматҳои бениҳоят зиёде ато кардааст, мо ки аз шумориши он нотавонем моро ҳеҷ тоҷикеро ба андозаи шумо неъмат надодааст. Охирон бор ки рафтен бо аҳлу оилаатон ба Хонаи Худо ва ҳатто ворид шудед, муборактон бошад. Аммо ин сухани Шумо бар зидди соҳиби он Хона аст, масҷид ҳеҷгоҳ маҳали фасод ва ифротишави набудааст ва нест. Масҷид хонаи Худо дар рӯи замин аст, ба фармудаи Расули Худо (сав), барои ин ҳарфатон фикри дигаре кунед.
Шумо дар созмони миллал аз Ислом дифоъ кардед гуфтед ислом дини тероризм нест мо, ва тамоми мусулмононро шод ва хурсад кардед. Бовар дорам ки Худо ва Расулашро ҳам шод кардед. Аммо имрӯз на! ин суханатон дигар буд.
Масҷи хонаи Худо аст. Масҷид маҳали пок ва маҳали нозилшудани баракаоти осмони аст. маҳали ибодат ва саҷда бар Холиқи Ягона буд ва ҳаст ва хоҳад монд. Аммо касоне ҳастанд ки аз масҷид ва ислом ва ҳатто Қуръони карим сӯи истифода карда ба манфиати худ судҷуи мекунанд. ин омилҳо ва одамҳо ёфта ва ҷазо дода шавад. Одамҳои судҷу ва мунофиқ, ва шайтонсифат, ки барои манфиати худ ҳатто аз Худо ва Расулаш ҳам шарм намедоранд.
Эҳтиром ба масҷид воҷиб аст, ободкарданаш кори муъминон аст, ҳатто ояти қурони карим дорад, ки масҷидҳоро обод кунед, ва касоне, ки масҷидҳоро хароб мекунанд ё монеъи мардум мешаванд хор шудан дар дунё ва дар охират азоби дарднок ваъда додашудааст. "ومن أظلم ممن منع مساجد الله أن يذكر فيها اسمه وسعى في خرابها أولئك ما كان لهم أن يدخلوها إلا خائفين لهم في الدنيا خزي ولهم في الآخرة عذاب عظيم "
Аввалин иморате ки Расули Худо сохтан ин МАСҶИД буд.

Ба номи Рабби Ҷалил
Танҳо мехоҳам ин оятро бихонен "ومن أظلم ممن منع مساجد الله أن يذكر فيها اسمه وسعى في خرابها أولئك ما كان لهم أن يدخلوها إلا خائفين لهم في الدنيا خزي ولهم في الآخرة عذاب عظيم ". (сураи муборакаи Бақара ояти 114).
Ҷаноби оли Шумо худ тарҷумаи Қуръони Карим кардаед! ман чаро ҳарф бизанам. Шумо ба дохили Хонаи соҳиби Масҷид рафтаед, ман чи бигуям! Соҳиби масҷид соҳи би Қаъба аст, на касе дигар.

Бехтарин чой дар руи замин ин Масчид аст. Вале мутаассифон имрузхо баъзе ашхосоне хастанд, ки зери никоби ислом ин дини поку беолоишро бадном карда барои нафси хароми худашонро конеъ кардан баъзе ашхосро дар ин макони мукаддас ба доми худ меафтонанд ва онхоро барзиди худ мешуронанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)