Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 15:18

“Пул бегона нашавад”

26 январ 2016, 16:58

Вазорати маориф бо супориши кӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ”-ро вайрон мекунад?


Дар соли 2015 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри китобҳои дарсӣ 20,6 миллион сомонӣ харҷ кардааст. Албатта, китобҳои дарсӣ тариқи тендер нашр мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” маҳз ба хотири “таъмини сарфакорӣ ва самарабахшии хариди давлатӣ”, “тавсиаи доираи иштирок ва рушди рақобат байни молрасонҳо (пудратчиён) дар соҳаи хариди давлатӣ” қабул шудааст. Вазорати маориф ба кадоме аз ин ҳадафҳо аввлавият медиҳад ва нашри китобҳо (амалан пул)-ро дар ихтиёри кӣ мегузорад, таҳқиқоти журналистӣ ифшо кард.

“Шарқи озод” - шоҳи чопхонаҳои Тоҷикистон?

Баргузории 2 тендери Вазорати маориф оид ба чопи китобҳои дарсӣ; яке дар санаи 6 августи соли 2015 (ки эълонаш 30 июл дар нашрияи ӯзбекзабони “Халқ овозӣ” чоп шудааст), дувумӣ дар санаи 14 ноябр (эълон дар бораи тендер дар нашрияи “Садои мардум” 5 ноябр нашр гардидаст), ин гумонро ба вуҷуд овардааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри Дастгоҳи президенти ҶТ “Шарқи озод” шоҳи чопхонаҳои кишвар аст. Зеро:
6 август “Шарқи озод” ғолиби мутлақи тендери Вазорати маориф гардида, чопи китобҳои “Маърифати оиладорӣ” барои синфҳои 10, “География” барои синфҳои 10, “Асосҳои иқтисодиёт” барои синфҳои 11, “Табиатшиносӣ” барои синфҳои 4 ва “Таърихи дин” барои синфҳои 9-ро соҳиб шуд.
14 ноябр бошад, Вазорат барои нашри китобҳои дарсии “Технология” барои синфҳои 5, “Технология” барои синфҳои 6 ва “Химия” барои синфҳои 8 тендери нав баргузор кард. Чӣ мегӯед, ки ин бор ҳам “Шарқи озод” ғолиби мутлақи тендер эълон шуд. Дар нигоҳи аввал ҳич мушкиле дар ин кор мушоҳида намешавад. Қонун риоя шудааст, ҳама кор рӯ ба роҳ. Вале заррабин (микроскоп)-и таҳқиқоти журналистӣ печу хами тендерҳои вазорат ва ғолибияти “Шарқи озод”-ро комилтар ба намоиш мегузорад…

“Пул бегона нашавад”Тавре дар болотар ишора рафт, рушди рақобат миёни молрасонҳо аз ҳадафҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ...” аст. Ниҳодҳои давлатӣ ҳар харҷе, ки мекунанд, бояд дар асоси қонуни мазкур тендер баргузор намоянд ва ширкатҳои ҳам давлатӣ ва ҳам хусусиро барои харидани мол ва хизматрасонӣ даъват намоянд, то ин ки маблағи буҷавӣ сарфакорона ва самаранок истифода шавад. Аммо мушоҳидаи тендерҳои Вазорати маориф барои нашри китобҳои дарсӣ собит мекунад, ки ин ниҳод ба “рақобат миёни молрасонҳо” таваҷҷуҳ надорад.

Ба ин рафтори вазорати маориф таваҷҷуҳ намоед:
6 августи соли ҷорӣ КТН “Шарқи озод” ғолиби тендери вазорат эълон шуд. “Шарқи озод” мебоист китобҳои дарсии “Маърифати оиладорӣ”, “География”, “Асосҳои иқтисодиёт”, “Табиатшиносӣ” ва “Таърихи дин”-ро чоп мекард. Вале як ҳафта баъд “Шарқи озод” аз нашри 4 китоби дарсӣ даст кашид ва танҳо чопи “Таърихи дин”-ро бар уҳда гирифт. Тибқи қонуни хариди давлатии мол ва санадҳои меъёрии хариди давлатӣ, корхона барои иҷро накардани шартнома ё даст кашидан аз бастани қарордод баъди баргузории тендер мебоист ҷарима мешуд. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, “агар ташкилоти молрасон дар озмун ғолиб омада аз бастани қарордод даст кашад, кафолати дархости тендериро, ки тибқи банди 2 моддаи 39 қонун дар бораи Хариди давлатӣ то 3% муқаррар гардидааст, аз даст медиҳад”.

“Пул бегона нашавад”Вазорати маориф мегӯяд, “Шарқи озод” аз бастани қарордод бо вазорат барои нашри китобҳои дарсии “Маърифати оиладорӣ”, “География”, “Асосҳои иқтисодиёт” ва “Табиатшиносӣ” даст накашидааст. Балки “бинобар сабаби тағйирот дар хусусияти техникии китобҳои дарсӣ озмун аз сари нав бо иштироки номаҳдуд доир карда шудааст”. Вале дар суҳбат бо мо директори КТН “Шарқи озод” Ёқуб Исмолов гуфт, чопхона имкони дар як вақт ба роҳ мондани чопи 2-3 китобро надорад. “Чун имкониятҳои нашриёт маҳдуд ҳастанд, бино бар ҳамин мутахассисони “Шарқи озод” ба хулоса расидаанд, ки танҳо як китобро ба уҳда гиранд. Дигаронашро баргардонанд”, - шарҳ дода буд Ёқуб Исмоилов.

Моддаи 39. Таъмини кафолати дархости тендерӣ
2. Андозаи таъмини кафолати дархости тендерӣ бо фоиз аз тарафи ташкилоти харидор дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқаррар мегардад, вале набояд аз арзиши мол, кор ё хизматрасоние, ки молрасонҳо (пудратчиён) дар дархостҳои тендерии худ пешниҳод намудаанд, аз се фоиз зиёд бошад.
5. Молрасон (пудратчӣ) ҳуқуқи худро барои баргардонидани кафолатномаи дархости тендерӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин аз даст
медиҳад:
- рад кардани имзои қарордоди харид тибқи шартҳое, ки дар дархостҳои тендерӣ пешбинӣ шудааст;

“Шарқи озод” на танҳо барои даст кашиданаш аз нашри китобҳо ҷарима нашуд, балки дар санаи 14 ноябр дубора ғолиби мутлақи тендери Вазорати маориф эълон гардид. Ин бор 3 китоби дарсӣ барои чоп пешниҳод шудааст.
Дар ҳоле, ки бори аввал “Шарқи озод” ба далели надоштани имконият ва шароит аз чопи 4 китоби дарсӣ даст кашида буд, чӣ гуна Вазорати маориф бори дувум чопи 3 китобро ба ихтиёри “Шарқи озод” гузошт?
Як корманди собиқи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф, ки нахост номаш дар матлаб зикр шавад, гуфт, аз “боло” ба вазорат супориш мешавад, ки тендерро ба чопхонаҳои давлатӣ бидиҳед. Вале вай шарҳ надод, ки “боло” куҷо ва ё кист.
Бо чанде аз ширкатҳои табъу нашр барои кушодани муаммои тендерҳои Вазорати маориф суҳбат доштем. (Дар зимн бояд қайд кард, ки ширкатҳои табъу нашр ба хотири “бад” нашудани равобиташон бо Вазорати маориф аз суҳбати ошкоро парҳез мекунанд). Директори яке аз чопхонаҳои шахсӣ гуфт, ҳамаи ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти чоп: коғаз, ранг, ширеш ва ғайраро аз хориҷӣ кишвар ворид мекунанд. Биноан, нархгузории ҳамаи ширкатҳо тақрибан як хел аст.
“Пул бегона нашавад”“Мо ҳам дар тендерҳои вазорат ширкат мекунем. Бахусус дар тендери охирин, ки 14 ноябр баргузор шуд, ширкат доштем. Нархгузориҳои ширкатҳо аз ҳамдигар хеле кам фарқ мекунанд. Аммо ман намефаҳмам, ки чаро ҳар дафъа “Шарқи озод” тендерро мебурад. Ман фикр мекунам, ки Вазорати маориф намехоҳад пулро бегона кунад”, - гуфт ин директори ширкати чопии хусусӣ.

Хуршед Зубайдуллоев (ном тағйир дода шудааст), корманди як ширкати хусусие, ки дар маҷмуъ бо тендер сару кор дорад, мегӯяд, муносибати муассисаҳои давлатӣ бо ширкатҳои хусусӣ комилан дигар аст. “Мо чандин маротиба шоҳид будем, ки агар ширкати мо аз иҷрои тендер даст кашад, ҷарима мешавад. Дар ҳолати иҷрои як тендер ба ширкатҳои хусусӣ муассисаҳои давлатӣ тендери дувумро намедиҳанд. Меъёрҳои байналмилалӣ низ ҳаминро талаб мекунанд”, - гуфт ин нафари огоҳ.

“Таърихи дин” ҳам таърихи худро дорад

Яке аз фанҳои дарсие, ки аз тобистони имсол ба ин сӯ борҳо дар матбуот дар борааш навиштанд, “Таърихи дин” аст. Вазири маориф Нуриддин Саид 6 июли соли ҷорӣ зимни як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки дар мактабҳо фанни “Таърихи дин” ҷорӣ мешавад. Вазир ваъда карда буд, ки китоби дарсӣ то моҳи сентябри имсол нашр ва ба ҳамаи мактабҳо тақсим мегардад. Вале ин китоб дар бархе мактабҳо танҳои дар моҳи декабр дастрас шуд. Яъне, хонандагон ним соли хонишро бе китоби дарсӣ пушти сар карданд. Ин китобро “Шарқи озод” нашр кард. Чопхона барои дер нашр шудани китоб муқассир нест. Мутахассисони Вазорати маориф мегӯянд, чопи ин теъдод китоб аз 8 то 10 моҳро дар бар мегирад, дар ҳоле ки чопхона дар 4 моҳ чопи онро бар уҳда гирифт.
...Барои 167 ҳазор хонандаи синфи 9 дар Тоҷикистон 180 ҳазор нусха китоби “Таърихи дин” нашр шуд. 13 ҳазор нусхаи иловагӣ барои эҳтиёт аст, ки эҳтимол соли оянда шумори хонандагони синфи 9 аз 167 ҳазор то ба 180 ҳазор афзоиш ёбад.
...Ҷамъбаст ва ғолиби тендер барои чопи китоби мазкур замоне эълон гардид, ки ҳанӯз муаллифони “Таърихи дин” - Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Шерзод Абдуллозода ва Ғаффор Мирзоев шакли ниҳоии китобро ба Вазорат насупорида буданд. Тендер 6 август доир шуд - матни китоб 13 август ба вазорат расид. Дар ин бора дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии вазорат ҳуҷҷатҳои маҳфузанд.

Аҳрориддин Бобиев, мудири шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф гуфт, қабл аз он ки тендер эълон шавад, китоб бояд аз марҳилаҳои зер бигзарад (ва ба гуфтаи вай, “Таърихи дин” ҳам ҳамаи ин марҳилаҳоро гузаштааст): муаллиф матнро комилан менависанд; ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии назди Вазорати маориф мефиристанд; Марказ матнро ба кафедраҳои донишгоҳҳо ва олимони соҳа мефиристад; олимон мехонанд, тақриз менависанд; агар тақризҳо мусбат бошанд, баъдан китоб ба Шӯрои миллии таҳсилоти назди вазорат фиристода мешавад (дар сурати манфӣ будани тақризҳо, матн дубора барои такмил ба муаллиф баргардонида мешавад), дар Шӯро академикҳо, проффесорони соҳа аъзо ҳастанд; Шӯро тақризнависонро даъват мекунад, баъд аз машварати якҷоя (шӯрои таҳсилот агар китобро қобили чоп донад); пешниҳод мекунад ба Ҷаласаи мушовараи вазорат; мушовара барои чоп тавсия мекунад; китоб ба КВД “Маориф” барои банду баст фиристода мешавад; баъдан Маркази нашри китобҳо барои баргузории тендер эълон медиҳад ва рӯзи тендерро муайян мекунад.
Аммо чи тавр мешавад ба ҳамаи ин бовар кард, вақте ки тендер 6 август ҷамъбаст гардидаву матни китоб танҳо 13 август омода шудааст?

“Пул бегона нашавад”Аз Комил Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф пурсидем, ки оё беҳтар набуд фанни “Таърихи дин”-ро аз соли оянда ҷорӣ намоянд? То китоб бидуни шитоб таҳияву нашр ва ба мактабҳо тақсим шавад.
“Не, имкон надорад. Чунки барномаи таълимӣ барои солҳои 2015-2020 тасдиқ шудааст. Таърихи дин ҳам ба ин барнома шомил аст. Мо ҳақ надорем барномаро тағйир диҳем”, - гуфт ҷаноби Исоев.

Ин маънои онро дорад, ки фанҳои “Маърифати оиладорӣ”, “География”, “Асосҳои иқтисодиёт”, “Табиатшиносӣ” низ тибқи барномаи таълимӣ аз соли хониши 2015-2016 ба роҳ монда шудаанд. Аммо сарнавишти ҳамаи ин фанҳо монанд ба сарнавишти “Таърихи дин” аст; дарс ҳаст - китоб нест...
...Барои шаффофияти баргузории тендерҳои давлатӣ Бонки ҷаҳонӣ дар доираи як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон $200 ҳазор ҷудо карда буд. Ин маблағ барои беҳтар кардани натиҷаҳои хариди давлатӣ, ба мақомоти назоратӣ, мисли Палатаи ҳисоб, Прокуратура омӯзонидани назокатҳои хариди давлатӣ бо мақсади роҳандозии харидҳо ва назоратҳои шаффоф, омӯзиш додани ҷомеаи тиҷоратӣ барои ба вуҷуд овардани рақобат дар бахши харидӣ давлатӣ ва ғайра дар солҳои 2013-2014 ҷудо шудааст. Аммо таҷрибаи тендерҳои вазорат нишон медиҳад, ки ҳанӯз тендерҳоро бо усули худиву бегона тақсим мекунанд.

Муаллиф: Ёқуби Саид,
Мавзуна Абдуллоева


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!