Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 11:36

Ҳузури 24 зан ва 27 духтари ноболиғ аз Суғд дар ҷангҳои Сурия

29 январ 2016, 12:27

Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, феълан 271 сокини ин вилоят барои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ дар кофтукоби расмӣ қарор доранд.

Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия алайҳи 192 сокини вилоят бо моддаи 401, иловаи 1-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва 10 парвандаи ҷиноӣ бо хулосаи айбдорӣ ба суд ирсол шуданд: “Алайҳи 134 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз гардиданд. Илова бар ин, 103 нафар дар кофтукоби фаврӣ қарор доранд”.

Ҷаноби Назарзода инчунин изҳор дошт, ки дар умум тибқи маълумоти фаврӣ, 285 сокини вилоят, аз ҷумла бо ҳамроҳии 24 ҳамсару 43 фарзанди ноболиғи худ – 16 писар ва 27 духтар, дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия ширкат дошта, 36 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Сардори Раёсати умури дохилии вилоят дар идома қайд кард, ки зимни гузаронидани корҳои тарғиботӣ 7 нафар аз сокинони вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Чкалов, Исфара – 2-нафарӣ ва Спитамен – 1 нафар, бо ҳамроҳии 2 ҳамсару 3 фарзанди ноболиғашон бо хоҳиши худ аз давлати Сурия баргаштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!