Бахшҳо

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: Ҳиҷобро барои Худо пӯшидаам, на барои худнамоӣ

Якуми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб шинохта шудааст. Имсол барои чорумин маротиба аз ин рӯз ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб Назмахон, як бангладешитабори муқими Амрикост. Ин сокини шаҳри Ню-Йорк соли 2013 аз занону духтарон новобаста аз динашон даъват кард, якуми феврал ҳиҷоб пӯшанд. Ҳадафи ин даъват поён додан ба исломбадбинӣ арзёбӣ шуд. Назмахон, ки дар 11-солагӣ ба Амрико омадааст, чӣ будани табъизро хуб медонад. Ӯро дар мактаб барои ҳиҷоб доштанаш ҳамсабақон “Бэтмен”-у ниндзя мегуфтанд. Бо гузашти солҳо ӯ интернет-мағозаи либосҳои исломиро роҳандозӣ мекунад. Баъди ин аз занону духтарон ҳазорҳо мактуб унвонии вай мерасанд ва аз табъиз шудан мегӯянд. Ҳамин чиз сабаби даъват барои ҷашнгирӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб мешавад.

Дар Тоҷикистон бархе аз мақомҳо сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст. Чандин маврид аз бастани дари дуконҳое, ки ба фурӯши чунин либосҳо машғуланд гузориш расидааст. Баҳром Шарифзода, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ахиран дар нишасти хабарие гуфт, “РКД дар вилояти Хатлон бо ҳокимияти маҳаллӣ, маҳҳаллаҳо, ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи вилоят ҳамкории зич дошта, бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум кори хешро пеш мебарем. Соли гузашта маҳз бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 1773 зан аз пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона даст кашиданд”.

Чанд тан аз бонувони ҳиҷобпӯш дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, онҳо танҳо барои эътиқод онро мепӯшанд. Сокина, яке аз онҳост, ки мегӯяд, “ҳиҷобро барои Худо ба сар кардам, на барои худнамоӣ. Он фарзи илоҳист ва ҳеч вақт намехоҳам онро бигирам”. Адиба, ки дар яке аз сехҳои қаннодии пойтахт фаъолият дорад, мегӯяд, то ҳол доштани ҳиҷоб барояш мушкиле пеш наовардааст: “Шукри Худо панҷ вақт намозамро мехонам, ҳиҷобро ҳам барои ризогии Худо мебандам. Боре аз ҷониби ягон нафар мавриди бозпурсӣ ҳам қарор нагирифтаам”. Аммо Фархунда, як сокини дигари Душанбе гуфт, чанд бор аз ҷониби раҳбари корхонае, ки фаъолият дорад, пешниҳоди бадар кардани ҳиҷобро гирифтааст: “Ҳар вақте аз роҳбарият ба ман мегӯянд, ки рӯймоламро гирам, дар ҷавоб ба онҳо мегӯям ҳамон вақт ба гуфтаи шумо мекунам, ки дар девор навиштаҷоти “пӯшидани ҳиҷоб манъ аст”-ро овезон кунед. Ё агар аз тарафи корхона ба ҷое ҳам раваму ба ман гӯянд, бо ин либос даромада наметавонам, ба онҳо низ ҳамин суханро мегӯям”.
Мӯҳр
Хичобат ба Худо чи даркор? Ачаб мардуми чохиле?!

касе накшуду накшояд ба хикмат ин муаморо. аз салимбой Хафа нашен балки тавба кунед

Салимбой! Чохил худи ту хасти, ки пушидани хичобро Худо барои занон фарз кардааст!

САЛИМБОЙ МЕГУИ, КИ ХИЧОБ БА ХУДО ЧИ КОР ДОРАД? ОХИР ИН ФАРМОНИ ХУДОВАНД АСТ. АГАР МУСАЛМОН БОШИ КУРЪОН С6АИ АХЗОБ ОЯТИ З10 СУРАИ НУР 56 РО БИН. БАЪД МЕФАХМИ КИ ЧОХИЛ КИСТ.

бухохи мусалман шави айсари нав калима гардон

Сорбони Ошик.
Хичоб фаранчипуши нест.Сатрпуши, яьне либосхои маькулу фораму шинам пушидан ба духтарону занхои точки,сад андар сад боиси эхтиром аст.Агар шахсони боломакоми чумхури,аз Рамси чамоат сар карда, то раиси нохияву вазиру генералу прокурору шоиру нависанда,гарчанде худобезору атеист хам,ки бошанд,харгиз намехоханд,ки духтарони онхо,нимбарахнаву нимурен ба сахна бароянду пеши чамьият пайдо шаванд.Чаро рост гуфтанро икрор намешавед.Хатто занхову духтарони гурчиву армани, йезидхои офтобпарасту ассирийгихову яхудони тоти,ки мусалмон нестанд,либосхои ба сатр монанд бударо мепушанд.Кимми зинди мардуми осетиетабор динашон масехист,Левин занхову духтарони онхо дар назар сатрпушанд.Миллатхои арманиву курдхои йезидиву алеви,хуздихои чодарнишину ассиригихои мамалакатхои Шарки Наздик,хам либоспушихои занхояшон наздик ба сатрпушии занхои мусулмон аст..Хичоб як тарзи муди либоспушии занхои араб аст.Барои занхову духтарони милости МО,хубтарину хушруйтарин тарзи либоспушии Одди хамон атласхои рангу ба ранги даврони шурави буд.Чандин намуди матоьхои зебову чашмрас истехсолу фурухта мешуданд.Духтарони атласпуш мисли парихо буданд.Дар сахрохои пахтазор,аллахусусус дар чануби Точикистон,дехкондухтарони каланд ба даст,дар либосхои оддии Читу суфи рангаву сатин бехтарин фариштахои давр буданд.Дар чое бо куртаи зардрангаи чакангул,дар чое бо куртки зебои осмонии гулдор...рухсорахояшон аз зарбаи гармии офтоб бо докахои сафед пушидаги....зинда бошед духтарону занхои миллатам!

Карим
Ба номи Худо
Оффарин Адиба ва Фархунда, Сад офарин

Мусалмон
Хичоб ин фарз аст яне фармони аллохи бузург аст ей Салимбой

Идигул
инҳоям ҳамон
бо флэшмоб ташкил кунанд
чунин намоиш маҳз худнамоӣ аст

Ачоиб а? Дируз 1 феврал дар Точикистон хам ИДИ ХИЧОБРО чашн гирифтанд. Хатто занону духтарон дар кучаи марказии шахри Душанбе баромада бо шиорхои гуногун ба мисли "Хичоби ман шарми ман аст", "Хичоб-Имон", "Хичоб-либоси мусалмони, на муди бегона" ва гайрахо рахпаймои намуданд, ки теъдоди онхо хеле хам зиед буд. Пас чаро шукр ас Истиклолияту Демократия накунем?

Axaxaxaxaxaxa Хичоб барои Худо.......... ба У азхичобат чи суде

aslon
Nohid
albatta hijob dar tamomi dinho farz ast va inro musulmonho khub medonand

Борхо аз олимони гузаштаи ислом ба мисли Эшони Абдурахмончон, Домуло Шарифи Хисори, эъшони Аълома худо чояшонро чанат кунад,шунида будам! Харкас фарзи Худоро инкор мекунад, пас кофир мешавад.

салом ба ҳама
оғози сухани баъзе аз дустон дуруст аст ки гуфтанд ҳиҷоб ба Худои Таоло чи фоида дорад.
ҳамаи фармудаҳои Худо дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбари Акрам(с) ба фоидаи мо инсонҳо аст. Худи гуянда хеҷ фоидае намебарад агар амал кардем мо фоида мекунем агар аҳли амал набудем мо зарар мекунем на гуяндаи ин суханҳо.

Ҳиҷоб либоси ба фарҳанги мо бегона нест ҳиҷоб ин фарзи Худовандаст ва ҳар зани мусалмон онро бояд иҷро кунад.Магар пеш аз Ислом занони араб ҳиҷоб мебастанд албатта не аз ин бар меояд,ки ҳиҷоб на либоси араби ва на аҷами аст,ин танҳо фарзи Худованд аст,ки занони мусалмон онро итоат кунанд.Бастани ҳиҷоб аз маданияти болои инсон дарак медиҳад зеро инсон дар авалли пайдоиш лухт буд ва оҳиста оҳиста шуураш тараққи намуд ва узвҳои худро пинҳон кард.Дар зимн ба маданияти мардуми форсзабон лухтгарди нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)