Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:46

Вакил мусодираи манзилҳои наздикони Зайд Саидовро ғайриқонуниву бағоят бераҳмона хонд

1 феврал 2016, 16:37

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ бо ирсоли як нома унвонии раисиҷумҳур, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Додситони кулл, раиси Додгоҳи олӣ ва вазири адлияи Тоҷикистон гуфтааст, тарзу усулҳои ҷазодиҳии нафари таҳти ҳимояти ӯву наздиконаш ба қонуну қонуният рабт надоранд.

Ин вакили мудофеъ бо ишора ба мусодираи хона ва амволи хешу табори Зайд Саидов таъкид карда “ин амал тарзе сурат мегирад, ки ҳама гуна истисноро, яъне ҳамон чизеро, ки қонун мусодираашро мамнӯъ донистааст, метавонад сарфи назар бикунад. Амал на танҳо ғайриқонунист, балки бағоят бераҳмона низ ҷараён дорад, зеро хатари дар сармои зимистон дар кӯча мондани беш аз 50 нафареро, ки миёнашон маризу оҷизу тифлу солхурда кам нест, ногузир тавлид мекунад”.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, дар тафтишоти Зайд Саидов ба қонун беэътиноӣ шуда, сар ҳар қадам “татбиқи қонунҳои нораво мушоҳида мешуд”.

Номаи оқои Табаров дар ҳолест, ки қаблан Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик гуфт, мақомот манзилҳои марбут ба бародарони падарашро, мусодира карданианд. Ба ин тартиб вакили мудофеи Зайд Саидов дар номааш гуфтааст, амволеро, ки алҳол мақомот мусодира карданианд ягон рабт ба Зайд Саидов надошта, он солҳои 90-и қарни гузаштаву аввали солҳои 2000 ба даст оварда шудааст.

Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва тоҷири муваффақ соли 2013 пас аз эъломи таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҷурми чандҳамсарӣ, таҷовуз ба номус, ришвагирӣ ва сӯистифода аз мақом барои 26 сол равонаи зиндон шуд. Моҳи июли соли гузашта бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ 3 соли дигар бар муҳлати Зайд Саидов афзуда шуд. Додгоҳи олӣ ичунин 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарару мусодираи молу мулкро ҳам талаб карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!