Бахшҳо

Ташаббускори Пешвои Миллат мақоми нав гирифт

Маҷлиси Намояндагон имрӯз, 15 феврал узвияти Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон ва Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод. Қабули Салимӣ ба узвияти КМИР дар ҳолест, ки ӯ нахустин шуда, моҳи апрели соли гузашта пешниҳод кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони Пешвои Миллат дода шавад. Раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд.

Дар баробари аъзои нав, қаблан Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои таъини Бахтиёр Худоёрзода ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ намуд.

Таъини раёсат ва аъзои нави КМИР дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 22 май раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйирот ба Сарқонун дар назар аст.

Маҷлиси намояндагон моҳи октябри соли гузашта Вера Наимова, Ҷалолиддин Маҳмудов ва Акбаралӣ Сатторовро аз узвияти КМИР бозхонд кард. Далели бозхонди Маҳмудов ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҳисор арзёбӣ шуд, ки Маҳмудовро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ 5 сол равонаи зиндон намуд. Акбаралӣ Сатторов, собиқ раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви дигари КМИР рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашта буд.
Мӯҳр
Хонанда
Ин пешниходи профессор Салими дар хафтаномаи "Точикистон" бо номи Пешвои миллат ба чоп расида буд...

салими арзандааст дигарон зиед кор карда наметавонанд дар хукумат чунин одамон аз обу хаво хам зиедтар даркоранд

Araghchi
Ана дидед! Чӣ тавр хизмат кардан лозим! Ба қадри заҳматҳои шумо албатта мерасанд.
Нотарсида ҳар пешниҳоде доред, гуфтан гиред!!
Шахсан пешниҳод дорам, ки Ҷаноби Олиашонро пешвои коинот унвон диҳем.

ХУДО ЗАД! Холо вазифаталабон як корхоеро ташаббус ташаббус мекунанд, ки....Вой бар холи миллати гарибу хору зорам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)