Бахшҳо

Намоиши филм дар бораи 45 000 "сарбози бесилоҳ"-и тоҷик дар ҶБВ (АКСУ ВИДЕО)

28 феврал дар шаҳри Маскави Русия филми “Сарбозони бесилоҳ”, ки дар бораи корнамоии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 нақл мекунад, намоиш дода мешавад.

Ин филм аз рӯи кори илмии Сайёд Муҳаммедов, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҳаёти сангини 45 ҳазор тоҷике нақл мекунад, ки дар ақбигоҳ хизмат кардаанд.

Сайёд Муҳаммедов 22 феврал ба “Озодагон” гуфт, дар филм намоиш дода мешавад, ки чӣ тавр шаҳрвандони Тоҷикистон дар он замон ба сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб шуда, ба хотири поин будани синну солашон на ба ҷанг, балки барои кор ба Урал фиристода мешаванд ва бо далели номусоид будани шароит ва ғизои ноошно рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронанд: “Ҳамчунин аз дастовардҳои ҳамватанони мо дар замони ҷанг ва сохмони биноҳое, ки ба меҳнати тоҷикон бунёд шудаанд, қисса мегардад. Тоҷикон он замон дар ақибгоҳ дар шаҳрҳои гуногун, аз қабили Екатерингбург, Челябинск, Нижний Тагил бо меҳнати сангин барои мардуми рус манзилҳои истиқоматӣ сохтаанд”.

ПОРАЕ АЗ ФИЛМИ "САРБОЗОНИ БЕСИЛОҲ"

Ба қавли Муҳаммедов, дар филм нишон дода мешавад, ки дар қабристони иштирокчиёни дигар миллатҳо дар Русия лавҳаи хотирот насб шудааст, аммо болои қабри тоҷиконе, ки дар ақибгоҳ фавтидаанд, чунин лавҳа мавҷуд нест. Ӯ ҳадафи таҳияи “Сарбозони бесилоҳ”-ро баланд бардоштани мақоми тоҷикон дар Русия ва инъикоси ҳаёти сангини тоҷикон дар ақибгоҳ, ки паси парда мондааст, унвон кард: “Ин филм бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия намоиш дода мешавад ва дар таҳияи он Ширкати сохтмонии “Сапеда 112”, созмони “ТоҷИнфо” ва Академияи илмҳо, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ саҳм гузоштаанд. Вуруд ба тамошо ройгон аст”.

Нахустнамоиши филми “Сарбозони бесилоҳ” моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Челябински Русия баргузор шуда буд.

Мӯҳр
Аброр
Озодагон! Агар имконият бошад шакли пурраи ин филмро баъди намоиш дар сахифаи электронии худ чой кунед бо сифати хуб!

Тоҷикпушаймон
Дар қабристони иштирокчиёни дигар миллатҳо дар Русия лавҳаи хотирот насб шудааст, аммо болои қабри тоҷиконе, ки дар ақибгоҳ фавтидаанд, чунин лавҳа мавҷуд нест.
Даааа, тлҷикҳо маълум мешавад, ки аз азал ҳамин хел хору зору будаанд, аз азал мо дар назди дигар миллатҳо қадру қимате надоштаем. Бубинед, он замон низ тоҷикро мисли бесоҳибон, бе ному нишон дафн мекардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)