Бахшҳо

Ю.Раҳмон дар бораи камбудии додситонӣ: Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро пешгирӣ накардем

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, яке аз камбудиҳои асосии ниҳоди зертобеяш дар соли 2015 саривақт ошкор ва ҷилавгирӣ накардани ошӯби Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим буд.

Юсуф Раҳмон, имрӯз, 3 март зимни ҳисоботи солонааш дар Маҷлиси Миллӣ, гуфт, пешгирӣ нагардидани ҳодисаҳои рӯзҳои 3-4 cентябри соли гузашта, ба нокифоя будани назорати риояи қонунҳо дар қувваҳои мусаллаҳ марбут мебошад: “Дар фаъолияти кормандони мақомот камбудиҳо ҷой доштанд. Нисбати кормандоне, ки ба ин камбудиҳо роҳ додаанд, чораандешӣ карда шуд”.

Додситони кул нагуфт, ки нисбати кормандони гунаҳкори мақомот чӣ чораандешӣ сурат гирифт. Ӯ изҳор дошт, ки барои ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта 199 нафар саркардагон ва иштирокчиён дастгир шуданд: “Айни ҳол 37 парвандаи ҷиноятӣ дар ҳаҷми 310 чилд нисбати ҳамаи 199 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст”.

Додситони кул гуфт, барои боздошти 39 узви дигари гуруҳ, ошкори манбаҳои маблағгузорӣ ва дарёфти силоҳи боқимондаи ин иттиҳоди ҷиноӣ чораандешиҳо идома доранд.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон камбудии асосии дигари ниҳоди зертобеяш назорати сусти иҷрои қонунгузории замин ва пурра барқарор накардани зарар дар рафти тафтиши ҷиноятҳо мебошад.
Мӯҳр
мехмон
Нисбати Хочи Халим ФСБ - и Руссия хабар намедод чи гап мешуд намаълум. Ва дар шумо кормандони касби хаст ё не ин хам номаълум. Кудакони дируза полковнику генерал. Аскари катори нашуда генерал !!!!
Мансаб дар мо мероси хаст ё аз руи ихтисос ин хам номаълум.

Оё додситони кул вазифааш факат терорист капиданасту халос? Оё дигар проблемахои марбут ба холатхои ичтимоии шахрвандон вазифаи додситони нест? Оё гайри ошуби Хочи Халим ва шахрвандони дар Сурия буда дар кишвар дигар проблемахо нест? Ё ин ки дигараш хама хал мешавад? Вакто, ки шахрванд, шикоят мебарад ва шумо дар асоси он делаи чинояти мекушоеду пас онро ба шкафхои худ партофа намак карда мемонед, оё аз болои он ва ичрои он назорат мебаред? Гайр аз супориши Хукумати маркази шумо ягон корро ба итмом намерасонед. Хато рузхои шанбе рузи кабулатон хаст ва шумо аз берун намегузоред шахрвандон ба дохил дарояду арзу додашонро кунанд. Аз оне ки шумо агар доди шахрвандро ба эътибор гирифта парванда кушоед хам, ягон бехбуди дар ин шахрванд пайдо намешавад, чунки назорат намебаред ва боз дар вакти муносиб, бо туфа парвандаро дигар мекунед. Дар замони Салимов каме хакикат буд. Парвандахо то охир каму беш хали худро меёфтанд. Дар замони хозир дар макомоти додситони бе тавачухи ва беконуни дар авчи аълост. Чаро аз ичрои парвандахои кушода пурсиш намекунед? Магр Чаноби Оли дар ин бора макомотро зери танкиди сахт нагирфта буд?

Коментарияхоро барои прокуратура чоп немекнен ха.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)