Бахшҳо

Намояндаи ВКД дар намози ҷумъа: Вазифаи фаъолони масҷидҳо хабардиҳӣ ба мақомот аст

Зикруллоҳ Саидзода, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 4 март дар намози ҷумъа аз қавли руҳониёни тоҷик гуфт, ҳар нафаре, ки ба ҷангҳои Сурияю Ироқ меравад, дигар пайрави мазҳаби Ҳанафия нест.

Саидзода пеш аз намози ҷумъа аз минбари Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баромад карда, аз ташкили гуруҳҳои фаъол таҳти роҳбарии имомхатибон хабар дод. Намояндаи Вазорати умури дохилӣ гуфт, вазифаи ин гуруҳҳои фаъол аз он иборат аст, ки дар мавриди афроди ихтилофандоз ба мақомот хабар диҳанд: “Мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамкорӣ кунанд, то нагузорем, ки ба хонаи модари тоҷик мусибат ояд”.

Саидзода аз қавли руҳониёни иштирокдори мизи мудаввар, ки 2 март зери унвони «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт, ки гузаштагони мо мансуб ба мазҳаби Имоми Аъзаманд, бинобар ин сокинони кишварро мебояд маҳз аз ҳамин мазҳаб пайравӣ кунанд, бо равияи он намоз гузошта, ҳамаи маросимҳои диниро дар доираи ин мазҳаб иҷро кунанд.

Намояндаи Вазорати умури дохилӣ аз қавли руҳониён афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои ҷангҷӯ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳо мепайванданд, минбаъд пайрави мазҳаби Ҳанафӣ нестанд: “Онҳоро пайрави Имоми Аъзам хондан дуруст нест”.

Ба гуфтаи Саидзода дар баробари мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистон мазҳаби Исмоилия низ ҳаст, ки пайравони он асосан сокинони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонанд ва аз тамоми шароитҳо бархӯрдоранд.

Тибқи изҳороти намояндаи ВКД ҷараёнҳои дигар, аз қабили салафия, ҳизби таҳрир ва ҳаракатҳои ифротии дигар нияти ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон доранд.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон 3 март изҳор дошт, ки феълан дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд: “Аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мебошанд”.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари тоҷикистониёне, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, мазҳаби ҳанафияро тарк карда, ба Салафия гаравидаанд. Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди чораандешиҳо раванди гароиши ҷавонони тоҷик ба Салафия майли афзоиш дорад: “Баъди пайвастшавӣ ба Салафия ба Сурияю Ироқ мераванд”.

Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ ва моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.
Мӯҳр
Муллоҳо ҳамаги мурдаанду Саидзода ва кормандони вкд мулло шуданд
худо медонад ҳоли ин мардум чи мешуда бошад.

Али
Ин эшони милиса фикр мекунад ки дар мазхаби ханафия джиход нест,ришу хичоб нест ,аслан салафия бо ханафия фарк дар асли дин надоранд аммо дар фуруот андак дигаргуни дорад,ки ин хеч ишколе надорад.

Зикрулло Саидзода худ эшонзодаанд ва аз дини мубини ислом хуб бохабар буда дар Академияи ВКД аз таьрихи дин ба афсарон дарс мегуянд! Касе ки як бор дар сухбати эшон нишаста бошад медонад ки аз баьзе нимчамуллохои бесавод у хазорбор муллотар аст!

Салмон
Пешниход! Ба Саидмукарам рутбаи генерал майори милиция дода шавад. Тавба. Муло милиция пайдо шудаст.

Акнун муллохо бузичаи чингилапо мешавед
Ва вазифатон хабаркаши аз хама кори паст

нодон
Ин Саидзода ахли илмаст

Омад-омади соли 1937 ро ба тамоми точикон табрик мегуем! Агар ки "хабаркашии"намояндагони дин ба макомотро расмй карданд, дигар хамсоя ба хамсоя хам айб меебад. акнун барои "обод" кардани зиндонхо замина пайдо шуд. Худоё миллати моро нигах дор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)